Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки А.А аз “асорати” кордиҳандааш дар Арабистони Саудӣ раҳо шудааст ва, қарор аст, ӯро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Дар ҷараёни суҳбат дар сафорат маълум шуд, ки А.А дар шароити бисёр вазнини корӣ фаъолият ва зиндагӣ намудааст.
Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорат рӯзи 31-уми май дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳатии А.А хуб аст ва дар сафорати Тоҷикистон дар Риёз, “барояш шароити хуби маишӣ ва истироҳатӣ фароҳам оварда шудааст.” Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, дипломатҳои тоҷик дар Арабистони Саудӣ аз рӯзи 19-уми май пайваста аз аҳволи А.А бохабар буданд ва барои ҳалли фаврии мушкилоти ӯ бо ширкати кордиҳандаи Холид Ал-Уътейбӣ “Awail Office for Services” гуфтӯгуи зиёде анҷом додаанд.
А.А ду рӯз пештар аз ин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Риёз шикоят кард, ки кордиҳандааш дар Арабистон ӯро азобу шиканҷа додааст ва баъди муроҷиати ӯ ба пулис, мақомоти интизомӣ ӯро аз хонае, ки кор мекард, озод карда бурданд. Шамсия гуфт, хонуме, ки барои ӯ кор мекард, бадрафторӣ намуда ва то ним соат ӯро ба “электрошок” мондааст.
А.А аксҳоеро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, ки доғҳои сиёҳ дар рӯй, даст ва пояшро нишон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин осори электрошок аст.
Гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ бо хидматгорон дар Арабистони Саудӣ бисёр зиёд аст ва бахусус бадрафторӣ бо хидматгорон аз Ҳинду Филлиппин ва Бангладеш, ки мардумаш ба инҷо барои кор меоянд.
Худи А.А рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан дар сафорати Тоҷикистон аст. Вай аз дипломатҳои тоҷик ва консули кишвар дар Риёз бисёр сипосгузор аст, ки ба ӯ кумак карданд. Вазорати умури хориҷӣ дар номаи худ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки шиносномаи духтарро шоми 30-юми май аз кордиҳандааш гирифт ва худи ӯро ба сафорат овард.
А.А, ки соли гузашта барои кор ба Арабистони Саудӣ рафтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски бар хилофи қарордод ба ӯ кори зиёд мефармуданд, хост, корро бас кунад, аммо соҳиби хона бо талаби баргардондани 2 ҳазор долларе, ки барои ба кор гирифтани ӯ сарф кардааст, ӯро зери азобу шиканҷа гирифт.
Дар номаи вазорат ҳам омадааст, “дар ҷараёни суҳбат дар сафорат маълум шуд, ки А.А дар шароити бисёр вазнини корӣ фаъолият ва зиндагӣ намудааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ корфармо маоши ӯро тибқи шартнома ҳар моҳ саривақт пардохт намекардааст. Дар баробари ин, муносибати дағалонаи корфармо ва аъзои оилаи ӯро доимо эҳсос мекардааст.”
Мақомоти Вазорати умури хориҷӣ гуфтанд, сафорат бо корфармо масъалаи бозпас фиристодани Шамсияро баррасӣ дорад. Онҳо гуфтанд, “бо назардошти онки будубоши муҳоҷирати меҳнатиро дар Арабистони Саудӣ низоми раводиди кафолат ба танзим медарорад, бозпас фиристодани ӯ вақтро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин, сафорат аз корфармо талаб намуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҳама санадҳои заруриро барои бозпас фиристодани шаҳрвандамон омода намуда, аз натиҷа сафоратро огоҳ намояд.”
Гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ бо хидматгорон дар Арабистони Саудӣ бисёр зиёд аст ва бахусус бадрафторӣ бо хидматгорон аз Ҳинду Филлиппин ва Бангладеш, ки мардумаш ба инҷо барои кор меоянд. Аммо бори аввал аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон, ба далели бадрафторӣ бо ӯ ба мақомоти пулиси Арабистони Саудӣ ва дипломатҳои тоҷик муроҷиат кардааст.