Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: "Адвокатҳо дар Тоҷикистон таъқиб ва зиндонӣ мешаванд" САДО


Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) гуфтааст, ки вакилони дифоъ дар Тоҷикистон ҳангоми иҷрои масъулиятҳои касбии худ гоҳе “озору азият, муҳокима ва зиндонӣ мешаванд”. Гузориши махсус роҷеъ ба Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи касбии вакилони мудофеъ (26-уми май) нашр шуд.

Талаби Amnesty International аз мақомоти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00
Линки мустақим

Баъд аз қабули қонуни нав барои адвокатҳо баъзе маҳдудият ҷорӣ шуда, иддае аз онҳо аз идомаи кор маҳрум монданд. Мо дар ин замина пешниҳодҳои худро ба Вазорати адлия фиристодем ва шояд дар оянда баррасӣ кунанд.
Саидбек Нуриддинов

Мақомоти Тоҷикистон арзёбиҳои ин созмонро қабул надоранд ва онро “як матлаби ғаразнок” номиданд. Гузориши нави Афви Байналмилал дар мисоли сарнавишти се вакили дифоъ, ки ду нафарашон дар зиндон ҳастанд, шароити кори ҳуқуқшиносонро дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

“Дар Тоҷикистон вакилони мудофеъ таъқиб мешаванд”

Дар гузориши созмони Афви Байналмилал бо номи “Ҳангоми иҷрои вазифа: Озор, муҳокима ва зиндонӣ кардани вакилони дифоъ дар Тоҷикистон” омадааст, дар чанд соли охир мақомоти тоҷик таъмини амнияту субот дар кишварро болотар аз мурооти ҳуқуқи башар гузоштаанд. Гузориш баёнгари он аст, ки аксари вакилони дифоъ, ки аз ҳуқуқи мухолифони сиёсӣ ҳимоят карданд, мавриди таъқиб қарор гирифта ва зиндонӣ шуданд ё аз тарси таҳдид ба онҳо ё аҳли хонаводаашон иҷборан Тоҷикистонро тарк намудаанд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Муаллифоони гузориш мегӯянд, мурофиаи додгоҳии нафароне, ки боздошт ва муҳокима шуданд, пушти дарҳои баста сурат гирифта, худи онҳо ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Афви Байналмилал таъқиби ҳуқуқшиносонро “дорои ангезаҳои сиёсӣ” номида, гуфтааст, ки онҳо ҳангоми адои вазифаи касбии худ боздошт ва маҳкум шудаанд. Ин ҳамаро муаллифони гузориш “як навъ ҳушдор” ба дигар ҳуқуқшиносон медонанд.

Денис Кривошеев, муовини мудири Amnesty International дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ рӯзи 24-уми май гуфт, “таваҷҷӯҳи ҳукумат ба вакилони мудофеъ мутамаркиз шуда, теъдоди онҳоро коҳиш медиҳад ва мустақилияташонро зери суол мебарад”.

Муаззама Қодирова
Муаззама Қодирова

Дар гузориши созмони Афви Байналмилал аз сарнавишти вакилони маҳкумшуда ба 25 ва 21 соли зиндон – Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ва вакили мустақил Муаззама Қодирова ёд шудааст. Бино ба ин гузориш, Қодирова маҷбур шудааст дар пайи фишор даст аз ҳимояти Ёров бардошта, Тоҷикистонро тарк кунад. Ин созмон ҳукми адвокатҳоро “ноодилона” номида гуфтааст, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ки аз аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекарданд, муҷозот шуданд.

Омбудсмен: Адвокатҳо “барои ҷиноят” муҷозот шуданд

Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баҳои Афви Байналмилал дар бораи вазъи адвокатҳои кишварро “ғаразнок” хонд. Ӯ рӯзи 24-уми май гуфт, дар гузориш тобишҳои сиёсӣ зиёд ба назар мерасад.

Зариф Ализода
Зариф Ализода

Ализода афзуд, “иддаои инки баъзе адвокатҳо гӯё барои вакили мухолифин будан ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, дуруст нест. Онҳоро барои содир кардани ҷиноятҳои мушаххас, аз ҷумла, қаллобӣ, баъзе фаъолиятҳои экстремистӣ ҷавобгар донистаанд. Ба идораи мо одамоне муроҷиат карданд, ки ин адвокатҳо пули онҳоро ба таври қаллобӣ гирифтаанд. Чанд адвокати дигар низ маҳкум шуданд. Ин маънои онро надорад, ки ҳабси онҳо ба сиёсат вобаста аст”.

Вале бархе аз ҳуқуқдонҳои мустақил бардоштҳои Афви Байналмилал аз шароити кори адвокатҳо дар Тоҷикистонро дуруст ва воқеӣ арзёбӣ мекунанд. Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ду соли охир чаҳор вакили мудофеи парвандаҳои пурсарусадо боздошту зиндонӣ шудаанд.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Вай аз ҷумла, аз Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов ном бурд, ки аз ҳаққи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ва соҳибкори саршинос Зайд Саидов ҳимоят мекарданд. Дилрабо Самадова гуфт, дар мавриди дурустии иттиҳоми зидди Ёрову Қудратов ӯ ҳам шубҳа дорад, чунки мурофиаи онҳо пушти дари баста ҷараён гирифт ва талоши ҳуқуқшинсони мустақил барои ҳимояи ҳуқуқи ҳамкасбон бенатиҷа анҷомид.

Чунин маҳдудияҳои сахт дуруст нест. Ин сафи моро хеле кам кард

Сафи адвокатҳои мустақил ду баробар кам шуд

Созмони Афви Байналмилал дар гузориши худ аз рӯзи 24-уми май навишт, фишор болои адвокатҳо дар Тоҷикистон дар ду соли охир афзоиш ёфтааст. Ба иттилои ин созмон, дар пайи ислоҳи Қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" фаъолияти вакилони мудофеъ таҳти назорати Вазорати адлия гирифта шуд. Аз замони қабули санади ҳуқуқӣ то ба ҳол теъдоди вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон аз 1200 то 600 нафар коҳиш ёфтааст.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Ин нуктаро Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ҳам таъйид карда ва гуфт, ки пас аз қабули ин қонун шумори адвокатҳо ду баробар кам шудаанд. “Баъд аз қабули қонуни нав барои адвокатҳо баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд ва иддае аз онҳо аз идомаи кори адвокатӣ маҳрум монданд. Мо дар ин замина пешниҳодҳои худро ба Вазорати адлия фиристодем, шояд дар оянда баррасӣ кунанд. Зеро чунин маҳдудияҳои сахт дуруст нест. Ин сафи моро хеле кам кард”, - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG