Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте рӯзи 12 октябр аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кард. Дар матни изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ин ду вакили дифоъ "дар мурофиаи амалан пӯшида" аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳомоти қаллобӣ, сохтакорӣ, "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ" ва экстремизм мутаносибан ба 23 ва 21 сол зиндонӣ гардиданд.
Дар изҳорот гуфта шудааст, "ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо фаъолияти касбии онҳо иртиботи зич дошта, интиқом барои расондани кумаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад"
"Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар" моҳи сентябри соли 2015 баъди иқдомаш барои ташкили кумитаи ҳифзи аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва расонаӣ кардани эҳтимоли шиканҷа шудани зерҳимояаш - муовини раиси ҲНИТ дастгир шуда буд. Баъдтар, моҳи октябри соли 2015 Нуриддин Маҳкамов, ки ҳамчун ҳимоятгари Ёров баромад менамуд, дастгир гардида, минбаъд бо ҷурмҳои монанд маҳкум шуд. Илова бар ин, ҳарду аз машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ баъди адои ҷазо ба муҳлати 5 сол маҳрум шуданд", - таъкид шудааст дар изҳорот.
Бузургмеҳр: Ман вакили дифоъ ҳастам, на тарафдори ҲНИТ
Бузургмеҳр: Ман вакили дифоъ ҳастам, на тарафдори ҲНИТ
Вакили боздоштшудаи тоҷик гуфтааст, на аз рӯи тарафдорӣ ё алоқааш ба ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ, балки аз рӯи, ба қавли ӯ, виҷдони адвокатияш аз ҳаққи намояндагони боздоштшудаи ин ҳизб дар моҳи сентябри соли гузашта ҳимоят карданӣ буд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ҳукми онҳо "бо фаъолияти қонунии касбии онҳо алоқаи зич дошта, интиқом барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад ва Идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ин амиқан нигарон аст". Идораи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, ин ҳукмҳо бо уҳдадориҳои давлат дар бораи эҳтиром ва таъмини мустақилияти адвокатҳо комилан мухолифат доранд.
Ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов рӯзи 6 октябр содир шуд. Ҳарду маҳкумшуда гуфтанд, айбҳои эълоншударо эътироф намекунанд ва дар додгоҳи таҷдиди назар барои бозбинии ҳукм мубориза хоҳанд бурд.
"Ҳуқуқи вакилон ба додгоҳи шаффоф нақз шудааст"
Дар вокуниши ҳукумати Амрико ба қарори додгоҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов рӯзи 7 октябр гуфта шуд, ин ду нафар аз ҳимояи зарурии ҳуқуқӣ бархӯрдор набуданд. Дар изҳороте зери унвони "Вокуниши ИМА ба ҳукми вакилони дифои ҲНИТ" аз ҷониби сафорати ин кишвар дар Душанбе пахш шуд, омадааст, хабари ҳукми тӯлонии зиндони ин ду ҳуқуқдонро, ки дар ҷараёни мурофиа аз ҳимояти зарурӣ бархӯрдор набуданд, бо нигаронӣ қабул мекунад.
“Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда будем, ки мурофиаро ба шеваи одилона ва шаффоф ва мутобиқ бо ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аз рӯи Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ баргузор кунад. Набуди ҳимояти зарурии ҳуқуқӣ дар нисбати Ёров, Маҳкамов ва дигар садоҳои мустақил, рушди демократии Тоҷикистонро халалдор мекунад. ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ки шароити кори бидуни таҳдид ва азият, аз ҷумла, боздошту муҷозоти вакилони дифоъро таъмин кунанд”.
Дар изҳороти муштараки се созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, ки дафъатан баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нашр шуд, ҳукми 23 ва 21 соли зиндони вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов “зарба ба озодии баён ва мустақилияти кори ҳуқуқшиносон” дар Тоҷикистон унвон шудааст. Дар изҳороти Human Rights Watch, Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мешавад, ки вакилони дифоъ бояд дафъатан озод шаванд ва мақомот бояд шароити кори мустақилонаи ҳуқуқшиносонро таъмин кунанд.
HRW: Ҳукми Ёрову Маҳкамов дар паи як саркӯби бемисли дигарандешон дар Тоҷикистон содир шудааст
Дар изҳорот омадааст, ки ҳукми Ёрову Маҳкамов дар паи як саркӯби “бемисли дигарандешон дар Тоҷикистон” содир шудааст. Аз соли 2014 дар ин кишвар чандин ҳуқуқшиноси мустақил боздошт, зиндонӣ ва ё мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ин бархӯрди мақомот ба омодагии вакилон барои машғул шудан бо парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад, омадааст дар изҳороти ин созмонҳо.
Вакили Ёров: Ҳукм ноодилона буд
Муаззама Қодирова - вакили дифои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов рӯзи 7 октябр аз болои ҳукми додгоҳи зерҳимояҳояш ба додгоҳи кассатсионии шаҳри Душанбе шикоят кард. Вай гуфт, ки ин шикоятро Бузургмеҳр Ёров навиштааст. Шоми 6 октябр Қодирова ҳукми додгоҳ дар нисбати ҳарду зерҳимояашро “ноодилона” хонд. Вай гуфт, ки аз болои ин ҳукм ҳатман аризаи шикоятӣ пешниҳод хоҳанд кард. Вай гуфт, то охир ҳеҷ интизор надоштанд, ки додгоҳ вакилони дифоъро ба мӯҳлатҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мекунад. Вай гуфт, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар ҷараёни мурофиаҳо ва ҳангоми ироаи сухани охирин худ ҳамаи айбҳоро бо далелҳо рад карда буданд ва аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро сафед кунанд ва аз боздошти пешакӣ озод кунанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳукми зиндони ду вакили дифоъро "зарбае ба фаъолиятҳои адвокатураи мустақил дар Тоҷикистон" унвон кард. Ин ҳуқуқдони тоҷик рӯзи ҷумъаи 7 октябр зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар вокуниш ба ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, гуфт, ки “кори хуб нашуд. Ин амали мақомот обрӯ ва эътибори адвокатҳо, бахусус адвокатҳои мустақилро коҳиш медиҳад ва омили пойин рафтани мустақилияти вакилони дифоъ мешавад”.
Шокирҷони Ҳаким афзуд, “ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудани Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, воқеан боиси нигаронӣ аст. Зеро фаъолияти адвокатӣ – ҳамчун воситаи муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон ва кафолати озодиҳои он шинохта мешавад ва амали ахир рияоти ҳуқуқи инсон дар кишварро зери суол мебарад”.
Хешовандони маҳкумшудаҳо: Чунин ҳукмро интизор набудем
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, бародараш аслан гунаҳкор набуд ва ҳеҷ гоҳ даст ба “амали экстремистӣ назадааст”, тавре ҳукми додгоҳ чунин хулоса мекунад. Вай гуфт, ки “судя чашмонашро
махсус баст ва ҳеҷ чизро надид, Бузургмеҳр борҳо исбот кард, ки ба ҳеҷ иштибоҳе роҳ надодаст, вай аз оғози қироати ҳукми додгоҳ то анҷоми он дар дасташ Қуръон дошт ва онро рӯи синааш гузошта буд, ки гунаҳкор нест. Наход амали вай ба 23 сол муҷозот баробар бошад?”
Фарзанди Нуриддин Маҳкамов гуфт, ки хонаводаи онҳо ҳеҷ интизор надоштанд, ки падарашонро ба 21 соли зиндон маҳкум мекунанд. “Мо баумед омада будем, ки падарамонро гирифта ба Хуҷанд мебарем. Аслан интизор надоштем, ки кори ингуна ранг мегирад, ин бераҳмӣ аст. Падари ман гуноҳ надорад,наход барои мақола навиштан экстремист шавӣ”.
Додгоҳ: Гуноҳи маҳкумшудаҳо дар аъмоли экстремистӣ пурра исбот шуд
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябр вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи ҳукми додгоҳ ҳарду ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳанд кард.
Қироати ҳукми додгоҳи вакилон шоми 6 октябр баргузор шуд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 19 сентябр аз додгоҳ барои ин ду муттаҳам мутаносибан 25 ва 23 соли зиндонро талаб карда буд.
Ҷараёни қироати ҳукми додгоҳии вакилони дифоъ дар шароити сахти амниятӣ, ҳузури қобили мулоҳизаи намояндагони сохторҳои қудратӣ ва бидуни ҳузури созмону ҳайатҳои дипломатии хориҷӣ сурат гирифт. Журналистони ба мурофиа роҳёфта ҳақ надоштанд аз дастгоҳҳои сабти садову видео, аксбардорӣ ва ҳатто қаламу коғаз истифода кунанд.
Додрас Асомиддин Бобохонзода зимни қироати ҳукм гуфтааст, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳама иттиҳомот нисбати муҷримон, аз ҷумла иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” исботи худро ёфтааст. Аммо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҳама иттиҳоми ворида алайҳи худро рад кардаанд. Дар поёни мурофиа вакили дифоъ ва пайвандони Бузургмеҳр Ёров гуфтаанд, ки баъди дастрас шудани ҳукми додгоҳ онро аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.
Ҷараёни қироати ҳукми додгоҳии вакилони дифоъ дар шароити сахти амниятӣ, ҳузури қобили мулоҳизаи намояндагони сохторҳои қудратӣ ва бидуни ҳузури созмону ҳайатҳои дипломатии хориҷӣ сурат гирифт. Журналистони ба мурофиа роҳёфта ҳақ надоштанд аз дастгоҳҳои сабти садову видео, аксбардорӣ ва ҳатто қаламу коғаз истифода кунанд.
Ҳам Нуриддин Маҳкамов ва ҳам Бузургмеҳр Ёров дар суханронии охирони худ дар ҳафтаҳои гузашта иттиҳомоти воридаро рад карда қазияҳои худро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд. Дар остонаи содир шудани ҳукми додгоҳ чандин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон ва вакилони дифоъ, инчунин ҳукуматҳои ИМА, Бритониё ва Human Rights Watch билофосила озод шудани вакилони дифоъро талаб карданд.
Рӯзи 29 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Мақомоти тафтишотӣ Бузургмеҳр Ёровро дар моҳи декабри соли гузашта боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд. Ин буд, ки дар моҳҳои ахир мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307, прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт.
Фаъолон: Ёрову Маҳкамов баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ боздошт шуданд
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ин ду вакили дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва муттаҳам шуданд.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар гузориши худ бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.