Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи нави вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро рӯзи 12 декабр дар Боздоштгоҳи муваққати рақами аввали Душанбе (СИЗО) баррасӣ хоҳад кард. Бар асоси ин парванда, Бузургмеҳр Ёров барои “беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” муттаҳам мешавад.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри имсол вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард.
Муаззама Қодирова, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мурофиа соати даҳи рӯз оғоз шуда, масъули баррасии парванда Шодмон Ализода, додраси Додгоҳи олӣ аст.” Қодирова аз ин бештар тафсилот надод, вале Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва бародари Бузургмеҳр Ёров гуфт, “ин парванда дар пайи шикояти додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода ва муфаттиши Додситонии кулл Рустам Тақдирзода оғоз карда шудааст”.
Ба қавли ӯ, Бузургмеҳр моҳи октябри имсол, ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе, шеъри “Бародарам”-и Мӯъмин Қаноатро барои Ҷамшед Ёров, ки он замон дар боздошт буд, қироат карда ва баъдан миёни ӯву айбдоркунанда баҳс ба миён омадааст. Ҷамшед Ёров гуфт, ба Додгоҳи олӣ муроҷиат хоҳанд кард, ки мурофиа дар толори додгоҳ гузарад, то наздикону шоҳидон ва намояндаҳои воситаи ахбор имкони иштирокро дошта бошанд.
Ҳанӯз баррасии парвандаи дувуми Бузургмеҳр Ёров шурӯъ нашуда, раёсати умури дохилии пойтахт дар моҳ ноябри имсол алайҳи ин вакили зиндонӣ бар асоси шикояти ду нафар парвандаи ҷиноии дигар боз кард ва ӯро дар қаллобӣ муттаҳам намуд. Иддаое, ки наздикони Ёров рад карда ва гуфтанд, то ҳол ҳеҷ адвокат розӣ нашудааст, ҳимояти ӯро дар ин бахш бар ӯҳда гирад.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри имсол вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, ин қарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд.
Рӯзи 29 сентябри соли гузашта Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Баъдан мақомоти тафтишотӣ Ёровро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд. Ин буд, ки дар моҳҳои ахир мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307, прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ин ду вакили дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва муттаҳам шуданд. Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки вакилони мудофеи зиндониро “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд.
Дар гузориши ин ду созмон, ки бори аввал моҳи майи соли равон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳоми мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.