Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон изҳороти Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар бораи вуҷуд надоштани мафҳуми "маҳбуси сиёсӣ" дар қонунгузории ин кишварро ба чолиш кашида мегӯянд, зикр нашудани ин ибора ба маъное нест, ки дар кишвар маҳбусони сиёсӣ вуҷуд надоранд.
Созмони “Афви байналмилалӣ”, марказаш дар Лондон, рӯзи 5 август дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки ин созмон тоза дар ин авохир “нигарониаш аз иттиҳомоти зидди аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ва дасти кам ду вакилеро, ки аз аъзои ҳизби наҳзат дар парвандаҳои ҷиноии зидди онҳо намояндагӣ мекарданд, изҳор дошт, ки метавонанд ба далели узвияти онҳо дар ҳизби сиёсии мухолиф ангезаҳои сиёсӣ дошта бошанд.” “Афви байналмилалӣ” меафзояд, ки “масъалаи таъмини мурофиаҳои одилона барои ин афродро бо мақомот дар миён гузошта, ба таҳқиқи шикоятҳо дар бораи дар боздошт бо талаби эътирофи гуноҳ мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтани гумонбаронро даъват кардааст.”
Ин созмон мегӯяд, сарфи назар аз ин ки ибораи “маҳбуси сиёсӣ” дар қонунгузорӣ ҳаст ё на, мурофиаҳои охир дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки “мардумро метавонанд ба ҷиноятҳои аз ҷумла табиаташон “ғайрисиёсӣ” ҳам муҳокима кунанд, вале далели таъқиби онҳо ва эҳтимоли тақаллуби шаҳодатҳои ҷиноӣ алайҳи онҳо ё истифодаи мунтахаби ҷавобгарӣ метавонад сиёсӣ ва ҳадафмандона бошад, то ки онҳоро, барои мисол, аз истифодаи ҳаққашон ба озодии баён ва ҳуқуқи дигар манъ кунанд.”
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон рӯзи 4 август дар нишасти хабарии ин ниҳоди масъули назорати вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё дар Тоҷикистон зиндониёни сиёсӣ ҳастанд?, гуфт: "Як чизро қайд карданӣ ҳастам дар масъалаи зиндониҳои сиёсӣ, ё ки онҳо номбар мекунанд барои худашон. Мо дар қонунгузории ҷиноятиамон, яъне дар Кодекси ҷиноӣ чунин чиз – зиндонии сиёсӣ ё ҷинояти сиёсӣ – надорем. Инҳо ҷиноятҳои мушаххасанд, ки албатта, ба сохтори давлатӣ, ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, ба дигар масъалаҳои давлатдорӣ онҳо, чӣ мегӯем, сӯиқасд мекунанд. Ва ном барем, ки ин сиёсӣ аст, яъне аз нигоҳи ин ки вай, мисол, оппозисиюн аст ё ҳизбҳои дигар аст, ин бисёр як баҳои сиёсӣ аст. Ин чизи ҳуқуқӣ нест. Ин истилоҳи ҳуқуқӣ ҳам нест, ин як истилоҳи сиёсӣ аст. Мо дар ҳуқуқшиносӣ чунин чизҳо надорем. Ҳаст ҷинояти мушаххас, ҳаст кирдори мушаххас, ҳаст мақомоте, ки инро тафтиш мебаранд. Ман мефаҳмам, ки дар лексикони сиёсӣ ҳаст, аммо дар қонунгузории мо ин чизҳо нест."
Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва наздикони чанде аз маҳбусони шинохта дар бораи даҳҳо нафаре сӯҳбат мекунанд, ки дар Тоҷикистон бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт ваё маҳкум шудаанд.
Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, ё Дидбони ҳуқуқи башар дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, мақомоти Узбакистон, аз ҷумла масъули умури ҳуқуқи башараш Акмал Саидов низ айни ҳарфро мезананд, ки дар қонунҳои мо мафҳуми маҳбуси сёсӣ нест ва табъан мо маҳбуси сиёсӣ надорем. Ин дар ҳолест ки ҳомиёни ҳуқуқ шумори маҳбусони сиёсӣ дар Узбакистонро то 12 ҳазор нафар бармешумуранд.
Стив Свердлов мегӯяд: “Набудани ибораи вижаи маҳбусони сиёсӣ дар Кодекси ҷиноӣ ба маъное нест, ки дар кишвар маҳбусони сиёсӣ нестанд. Мафҳуми маҳбуси сиёсӣ ё маҳбуси виҷдон як ибораи шартист ва сарфи назар аз инки дар қорнунгузорӣ ҳаст ё на, мо дар бораи онҳое ҳарф мезанем, ки барои фаъолияти сиёсии сулҳомезашон ё барои озодии баён таҳти таъқиб қарор гирифта, бо нақзи меъёрҳои паймонҳои байналмилалӣ муҳокима ва маҳкум мешаванд. Ва мутаассифона, ба назари мо, баъди ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки ҳизби наҳзати исломӣ манъ ва террористӣ эълон шуд, як гурӯҳи бузурги афродро бо далелҳои сиёсӣ ба зиндон андохтанд.”
"САД ФОИЗ МАҲБУСИ СИЁСӢ АСТ!"
Хосият Ёрова, хоҳари вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз моҳи сентябри соли 2015 дар боздошт қарор дорад ва ҳоло мурофиаи парвандааш дар Душанбе идома дорад, рӯзи 5 август ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро маҳбуси сиёсӣ мешуморад: "Сад фоиз маҳбуси сиёсӣ аст! Ӯ дар номаҳояш аз боздошт ҳам чандин бор зикр кардааст, ки мушкили ӯ баъди азмаш барои ширкат дар интихоботи соли 2015 сар шуд. Ва мисли бародари ман дар зиндонҳои Тоҷикистон онҳое, ки бо сабабҳои яқинан сиёсӣ ҳабс шудаанд, кам нестанд.”
Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, марказаш дар Порис низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз қазияи Бузургмеҳр Ёров ёдовар шуд. Надежа Атаева ба ин далел, изҳороти Зариф Ализодаро дар мавриди маҳбусони сиёсӣ як ҳарфи мутлақо расмӣ ва фирор аз посухи мушаххас номид: “Ҳамон парвандаи Ёровро бубинед. Ӯ вазифаи касбиашро ҳамчун адвокат иҷро мекард, вале билофосила баъди ин ки ҳимояти раҳбарони боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломиро бар дӯш гирифт, алайҳаш парванда сохтанд, чандин шоҳид ҳам ёфтанд. Ё тарафдорони “Гурӯҳи 24”, ба мисли Мақсуд Иброҳимов, ки бо ҷурми даъват ба сарнагун кардани низоми давлатӣ маҳкум шуданд. Ё аъзои ҳизби дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати ислом. Инҳо ҳама бо ангезаҳои сиёсӣ равонаи зиндон шудаанд ва ба назари мо, маҳбуси сиёсианд.”
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онҳоеро маҳбусони сиёсӣ меноманд, ки алайҳашон бар асоси бандҳои мавҷудаи қонунгузории ҷиноӣ, вале бо ангезаҳои дар асл сиёсӣ айбномаҳои сохта эълон шудаанд. Чунин афрод маъмулан барои мухолифаташон ба низоми ҳоким таҳти таъқиб қарор гирифта, дар мурофиаҳои пушти дарҳои баста ва бидуни дастрасӣ ба вакили дифои мустақил муҳокима ва маҳкум мешаванд.
АЗ МАҲМАДРӮЗӢ ИСКАНДАРОВ ТО ҒАФФОР МИРЗОЕВ
Мавзӯи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон тақрибан ҳамаи 25 соли истиқлолаш матраҳ буд. Мақомот ҳамеша, ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар кишварро рад мекарданд. Дар ниҳоят бар асоси шароити қарордоди сулҳи соли 1997, ҳудуди 6000 нафар, аз ҷумла қариб 3000 маҳбус мавриди афв қарор гирифтанд.
Аммо шикоятҳо аз таъқибҳои сиёсӣ дар солҳои 2000 низ идома ёфт. Тарафдоронашон ва ҳамин тавр, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ маҳбусоне, чун Рустам Файзиев, муовини Султон Қувватов дар ҳизби сабтиномнашуда Тараққиёт ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократро маҳбусони сиёсӣ ном мебурданд. Далели ҳукми зиндони генералҳои собиқ Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимов ё раиси собиқи вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидовро, ки мисли Рустам Файзиев дар зиндон даргузашт, ва ҳамин тавр, даҳҳо нафари дигар аз ёрони сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ва тарафдорони собиқ Иттиҳоди нирӯҳои мухолифинро низ сиёсӣ мешумурданд.
Мавҷи нави боздоштҳои ангезаҳояшон сиёсӣ ба соли 2013 бармегардад. Аз ҷумла вазири собиқи саноат ва соҳибкори маъруф Зайд Саидов баъди эълони азмаш ба таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав бо иттиҳомоте, чун ривагирӣ, тахаллуфоти молӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Вале тарафдорони Саидов ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки далели аслии таъқиби ӯ сиёсӣ буд. Ба дунболи Зайд Саидов, ду тан аз вакилони ӯ – Фахриддин Зокиров (ду дафъа) ва Шӯҳрат Қудратов – боздошт шуданд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ қазияҳои ин ду вакили мудофеъро сиёсӣ унвон карданд. Фахриддин Зокиров як дафъа бар асоси қонуни афв ва бори дигар бо пардохти ҷарима раҳо шуд, вале Шӯҳрат Қудратов дар ниҳоят бо ҷурми ҳамдастӣ дар додани ришва ҳукми зиндон гирифт. Ахиран ду писари Исҳоқ Табаров, вакили сеюми Зайд Саидов низ зиндонӣ шуданд.
Дар пайи даъвати “Гурӯҳи 24” ба як намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти ин созмони мухолифи ҳукумат манъ шуд ва ба дунбол дастикам 20 нафар аз тарафдоронаш, бо шумули раҳбари қаноти ҷавонони ин гурӯҳ Мақсуд Иброҳимов, дар хориҷ ва дохили Тоҷикистон боздошт, истирдод ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд.
Охирин нафар аз ин шумор Ҳ.С.Д ном сокини Қубодиён аст, ки дар моҳи майи соли равон бо ин ҷурм, ки ду сол пеш дар як гирдиҳамоии ташкилкардаи “Гурӯҳи 24” дар Русия ширкат карда, ба талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҳамовозӣ кардааст. “Онҳо дар баромадҳои худ нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои қабеҳ гуфта, бо овози баланд “Истеъфо”, “Истеъфо”, “Истеъфо Эмомалӣ Раҳмон” гуфтаанд ва Ҳ.С.Д. бо дигар муҳоҷирони тоҷик аз қафои он нафарон “Истеъфо”, “Истеъфо”, “Истеъфо” гуфтааст,” – омадааст дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
3 БАНДИ ВИЖАИ КОДЕКСИ ҶИНОӢ
Аксари онҳое, ки дар гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳамчун маҳбуси сиёсӣ ваё зиндониёни ангезаҳои ҳукмаш сиёсӣ номбар мешаванд, бар асоси се моддаи 189, 306 ва 307-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ) маҳкум шудаанд. Моддаи 306 барои ғасби ҳукумат бо зӯроварӣ ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндон бо мусодираи молумулк ва моддаи 307, ки бо иловаҳои навбанаваш ба яке аз тӯлонитарин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон табдил ёфтааст, барои даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионӣ вобаста ба шакли кирдор аз 2 то 20 соли зиндон ва барои ташкил ва узвият дар созмонҳои ифротгаро ва мамнӯъ аз 2 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ин ду банд дар фасли 12-уми Кодекси ҷиноӣ (ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ) омадаанд.
Аммо моддаи 189, ки дар баробари ҷиноятҳое, чун бетартибиҳои оммавӣ ва терроризм, дар боби 21 (ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ)-и Кодекси ҷиноӣ меояд, барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мӯътақиданд, ки таъқиботи сиёсӣ дар Тоҷикистон бахусус баъд аз саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода ва манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар сентябри соли 2015 авҷ гирифт. Додситонии кул дар ин ҳафта эълон кард, ки танҳо дар робита ба ошӯби Назарзода 170 нафар маҳкум шудаанд.
Дар байни онҳо 13 тан аз раҳбарони аршади ҳизби наҳзати исломӣ низ ҳастанд, ки парвандаҳояшонро сиёсӣ меноманд. Ҳамчунин дар гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ се вакиле, ки барои ҳимоят аз аъзои наҳзат азм карда буданд – Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додарҷонова – низ зикр мешаванд.
Дар рӯзе, ки Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар ин кишварро рад кард, Human Rights Watch, ё Дидбони ҳуқуқи башар, бо нашри як изҳорот хостори раҳоии соҳибкори тоҷик Абӯбакр Азизхоҷаев шуд. Азизхоҷаев дар ҳафтаи гузашта бо ҷурми барангехтани кинаву адоват ба дувуним соли зиндон маҳкум шуд. Вале Дидбони ҳуқуқи башар ҳукми ӯро сиёсӣ номида гуфт, соҳибкори тоҷик "баъд аз танқиди яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон барои амалҳои фасодомез” таҳти таъқиб қарор гирифт.
Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ гуфт, мақомоти тоҷик бо ҳамин тавҷеҳи хушку холӣ, ки мо маҳбуси сиёсӣ надорем, аз ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар масъалаи маҳбусони парвандаҳояшон сиёсӣ худдорӣ мекунанд ва ба ин далел, ҷамъ овардани як омори дақиқ, ки чанд нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон бо далелҳои сиёсӣ адои ҳукм мекунанд, мушкил аст.
Ин дар ҳолест, ки Зариф Ализода ба навбаи худ аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар гила кардааст, ки дар бораи масоили ҳуқуқи башари Тоҷикистон изҳорот пахш мекунанд, вале то ҳол ягон бор ба идораи ваколатдори ҳуқуқи башари ин кишвар муроҷиат накардаанд. Бо ин вуҷуд, афзуд ваколатдори ҳуқуқи башар дар нишасти хабариаш, “он фикру ақидаҳое, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ – Дидбони ҳуқуқи башар, Афви байналмилалӣ ва дигарон – мешавад, албатта, ин чизҳо мавриди таваҷҷӯҳи мо ҳастанд. Онҳоро мо зери назорат дорем, дар кори мо, дар фаъолияти ҳаррӯзаи мо, дар маърӯзаҳои ҳарсолаи мо онҳо мавриди таҳлил қарор мегиранд. Инчунин дар маърӯзаҳое, ки ҳукумати мамлакат оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии мо пешниҳод мекунад.”
Стив Свердлов бо ёдоварӣ аз ҳамкории Зариф Ализода дар чанд парвандаи қаблӣ, аз ҷумла дар парвандаи Александр Содиқов, ки дар Тоҷикистон ба ҷосусӣ айбдор шуда буд, аз пешниҳоди ҳамкории омбудсмен ба созмонҳои ҳуқуқи инсон истиқбол кард. Ӯ гуфт, умедвор аст, ки ин ҳамкорӣ ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
Вале Надежда Атаева мегӯяд, гузоришҳое, ки аз Тоҷикистон ба даст мерасанд, ҳокист, ки ҳалқаи фишору таъқиби ангезаҳояшон сиёсӣ дар ин кишвар торафт тангтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишвар асосан вакилони дифоъ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, журналистон, сиёсатмадорони дигарандеш ва фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ҳадаф қарор мегиранд.