Мурофиаи нахустини вакилони боздоштшуда - Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов - рӯзи 3 май дар бинои додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Рустам Ҳакимов, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 2 май ба Озодӣ гуфт, ба далели таъмир дар додгоҳи Душанбе мурофиа ба бинои додгоҳи Фирдавсӣ кӯчонда шудааст.
Ҳакимов гуфт, ки мурофиа ба таври боз сурат гирифта, қарор аст, дар баробари вакилони мудофеъ ва наздикони Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов хабарнигорон низ роҳ дода шаванд.
Рустам Ҳакимов, вакили мудофеъ аз Маркази адвокатураи “Кафолат” аст ва тоза ба ҳимоят аз Бузургмеҳр Ёров шуруъ кардааст. Зарина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 2 май ба Озодӣ гуфт, ки ба хотири ҳимояти хубтар аз шавҳараш аз хидмати вакили пештараашон Бобоҷон Ёқубов даст кашидаанд. Рустам Ҳакимов гуфт, ки бо парвандаи Бузургмеҳр Ёров пурра шинос шудааст, вале дар бораи ҷузъиёти парванда шарҳ надод.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манобеи Озодӣ, дар ин мурофиа Бадриддин Тоиров низ ба ҳайси ҷавобгар иштирок хоҳад кард, ки ҳамроҳ бо Бузургмеёҳр Ёров боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки гӯё ин ду нафар дар як ҳодисаи қаллобӣ даст доштаанд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳаққи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд. Аввал кормандони пулис рӯзи 28 сентябр ба дафтари “Сипар” ворид шуда, санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзатро бурда ва аз вакили мудофеъ даъват кардаанд, ки ба барои пурсиш ба вазорат ҳозир шавад.
Баъдан, рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.
Мақомоти тафтишотии парвандаи Бузургмеҳр Ёров дар моҳи декабри соли гузашта ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ - “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад” - муттаҳам донистанд.
Ба қавли наздиконаш, Бузургмеҳр Ёров дар боздоштгоҳ дар мулоқот бо онҳо гуфтааст, ки ин айбномаҳо асос надоранд, чунки вай як вакили мудофеъ буда ва ҳеч гоҳ ба амалҳои тундгароиву даъватҳои оммавӣ ҳеч гоҳ даст назадааст.
Аммо мақомоти тафтишотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дафтари матбуоти ин вазорат дар робита ба айбномаи нав алайҳи Бузургмеҳр Ёров бино бар махфӣ будани парванда то ҳол шарҳе надодаанд.