Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ бар ивази “ҳамкорӣ” бо пулис


Парчами ДИИШ, ки дар пули Юнусободи Тошканд насб шуда буд.
Парчами ДИИШ, ки дар пули Юнусободи Тошканд насб шуда буд.

Бештари шаҳрвандони Узбакистон, ки ба гумони ҳамкорӣ ё равобит бо ДИИШ боздошт шуда буданд, ба шарти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қудратӣ ва ихтиёр кардани хомӯшӣ, озод шудаанд.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ бо кӯмаки ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тошканд ва вилояти Фарғона дар бораи даҳҳо нафар, ки дар тирамоҳи соли гузашта ва баҳори соли ҷорӣ аз ҷониби ниҳодҳои қудратии Узбакистон ба гумони доштани робита бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошт шуда ва баъдан аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ озод гаштаанд, маълумот пайдо кардааст.

Масалан, рӯзи 13 апрел ба Радои Озодӣ хабар расид, ки аз ҷумлаи 14 сокини боздоштшудаи маҳаллаи Себзори шаҳри Тошканд, се нафар озод шудаанд. Ҳамчунин, дар бораи озод шудани 12 диндори ноҳияи Сухи вилояти Фарғона аз боздоштгоҳ хабар расид.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар ин афрод бо шарту шароити хос, яъне, ҳамкорӣ кардан бо ниҳодҳои қудратии Узбакистон, озод шудаанд.

Гурӯҳи ташаббускори ҳомиёни ҳуқуқи башари мустақил, ки қаблан ба Радиои Озодӣ дар бораи боздошти беш аз 200 диндор хабар дода буд, мегӯяд, ки аз мақомоти расмӣ дар мавриди сарнавишти ин афрод дастрас кардани маълумот ғайримумкин аст.

Сурат Икромов, раҳбари ин гурӯҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тибқи маълумоти мо, аз пайвандони афроди боздоштшуда дар бораи суҳбат накардан бо журналистон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва вакилони мудофеъ, забонхат гирифтаанд. Мумкин, баъди додани забонхат пайвандони онҳо шиканҷа нашаванд. Аз ин лиҳоз, касе ба мо шикояте набурдааст.”

Аммо бар асоси иттилои ғайрирасмӣ, бештари боздоштшудагон ба ивази ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қудратии Узбакистон ва хомӯшӣ, озод шудаанд.

Ба гуфтаи Сурат Икромов, солҳои ахир мардум ваҳшатзада шудаанд ва ба хотири шиканҷа нашудан ва озод гардидани наздиконашон, хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ниҳодҳои қудратӣ аз бештари афроди озодшуда дар ноҳияи Зангиотаи Тошканд талаб кардаанд, ки барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба Гурӯҳи ташаббускори ҳомиёни ҳуқуқи башар, муроҷиат накунанд.

Дар ҳамин ҳол, Мирраҳмат Мӯъминов, мудофеи ҳуқуқи башари узбак, муқими Амрико ба Озодӣ гуфт, ки ба далели суҳбати ӯ бо журналистон, хонавода ва пайвандони ӯ дар Узбакистон мавриди фишору таъқиб қарор гирифтаанд.

То ҳол мақомоти Узбакистон ба расонаҳо дар бораи тақдири шаҳрвандоне, ки шаш моҳ қабл боздошт шуда буданд, маълумоте надодаанд. Рӯшан нест, ки то ҳол чанд нафар боздошт шуда ва ба онҳо чӣ айбнома эълон шудааст.

Аммо васоити ахбори оммаи расмии Узбакистон ҳамеша дар бораи мурофиаҳои додгоҳӣ ё бозрасӣ дар қиболи шаҳрвандон маълумот дода ва телевизоини давлатӣ дар мавриди сарнавишти узбакистониҳое, ки аз Сурия баргаштаанд, филмҳои мустанад пахш мекунад.

XS
SM
MD
LG