Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои зилзилахези ҷаҳон (ВИДЕО)


Вакилони тоҷик дар Шӯрои маҷлиси намояндагон тарҳи қонун дар бораи “Бехатарии сейсмикӣ”- ро баррасӣ карданд, ки ба гуфтаи муаллифонаш барои кишвари зилзилахезе мисли Тоҷикистон фавқуллода муҳим аст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи шӯро, ки рӯзи 13-уми феврал сурат гирифт, тарҳи қонун дар бораи “Бехатарии сейсмикӣ” баррасӣ шуд ва дар он аз ҷумла меъёру муқаррароти арзёбиҳои хатари заминларза, сохтмони биноҳои тобовар ба заминларза ва огоҳ кардани аҳолӣ аз хатари ин фалокати табиӣ муайян шудааст.

Пештар аз ин як муассисаи тобеи Созмони Милал шохиси нави байналмилалӣ дар бораи эҳтимоли фалокатҳои табиӣ ва башарӣ дар саросари ҷаҳонро нашр кард, ки нишон медиҳад, Тоҷикистон дар байни 191 кишвар, дар миёни даҳгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки хатари заминларза дар онҳо нисбат ба ҳар гӯшаи дигари курраи Замин зиёд аст.

Аз ҷадвали 10 баллӣ, хатари эҳтимоли заминларза дар Тоҷикистон баробар ба 9.7 аст.

Дар шохиси нави ИНФОРМ, ки хатари фалокатҳои табиӣ ва башарӣ дар саросари ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, Тоҷикистон дар даҳгона дар мақоми 7-ум қарор гирифтааст. ИНФОРМ, як тарҳи муштараки Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо аст, ки хатари фалокатҳои табиӣ ва инсониро дар саросари ҷаҳон ва қудрати кишварҳо барои рафъи паёмадҳои ин фалокатҳоро арзёбӣ мекунад. Аз ҷадвали 10 баллӣ, хатари эҳтимоли заминларза дар Тоҷикистон баробар ба 9.7 аст. Дар мақоми аввал, Эрон ва дар ҷойи 10-ум Ҷопон аст. Узбакистон дар мақоми 3 ва Қирғизистон дар мақоми 6 ва пеш аз Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Дар шохиси хатари фалокатҳои табиӣ ва башарии соли 2017, ки ба тозагӣ нашр шуд, ҳамчунин омадааст, ки эҳтимоли хатари фалокатҳои башарӣ, аз ҷумла ба вуқӯъ пайвастани муноқиша дар Тоҷикистон баробар ба сифр аст.

Кишвар бештар аз ҳама дар баробари заминларза осебпазир будааст, чун бисёре аз мардум дар манотиқи зилзилахез зиндагӣ мекунанд. Бадтарин заминларза дар Тоҷикистон соли 1907 дар Қаротоғ ба вуқӯъ пайваста буд ва дар он замон 14 ҳазор нафар кушта шуданд.

Мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ тахмин мекунанд, ки хисороти заминларза дар он замон аз 200 миллион доллар бештар будааст. Заминларзаи бадтарини дигар дар Ҳоит дар соли 1949 буд ва дар он замон дар натиҷаи ин фалокати табиӣ 12 ҳазор нафар кушта шуданд.

Истгоҳи муосири зилзиласанҷӣ дар Тоҷикистон
Истгоҳи муосири зилзиласанҷӣ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ ҳам чанде пеш арзёбиҳои худ аз хатари фалокатҳои табиӣ аз ҷумла заминларза дар Тоҷикистону ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро нашр кард, ки дар он омадааст, дар сурати вуқуи хатари заминларзаҳо дар Тоҷикистон дар як сол мумкин аст, 400 ҳазор нафар осеб бубинанд ва зиёни солона аз он метавонад, аз 100 то 200 миллион доллар бошад.

Тоҷикистон ҳар сол шоҳиди бештар аз 3 ҳазор заминларза мешавад, вале бисёре аз онҳо заифанд ва эҳсос намешаванд. Донишмандон тахмин мекунанд, ки мумкин аст, дар пойтахтҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои наздик, зилзилаи сахте ба вуқӯъ пайвандад, зеро заминларзаҳои сахт умдатан дар ҳар 80 то 130 сол бор такрор мешаванд.

Мутахассисон ҳамчунин мегуянд, ки масалан агар дар Душанбе, ки дар минтақаи заминларзаи то 9 дараҷаӣ қарор дорад, зилзилае бо нерӯи 7.5 дараҷа сурат бигирад, мумкин аст, то 50 сади хонаҳо вайрон шавад ва 200 ҳазор нафар осеб бубинанд.

Аммо ин як тахмин аст ва мумкин аст, ингуна заминларзаҳо аслан рух надиҳанд, зеро пешгӯии зилзила дар илм яке аз сахттарин корҳо ба шумор меравад ва то кунун ҳеҷ яке аз муассисаҳои зилзиласанҷии ҷаҳон натавонистааст, дақиқ пешбинӣ кунад, ки кай ва дар куҷо заминларза сурат мегирад.


Истгоҳи муосири зилзиласанҷӣ дар Тоҷикистонро дар ин видео бубинед. Озмоишгоҳро соли 2016 боз карданд.

"Симиганҷ" барқарор шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

XS
SM
MD
LG