Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила даҳҳо манзилро дар Рашт вайрон кард


Шомгоҳи ҷумъа зилзилаи шадид шарқи Тоҷикистонро такон дод. Тибқи гузоришҳо, бар асари ин заминларза, даҳҳо манзил дар ноҳияи Рашт тахриб шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар Рашт мегӯянд, ки бар асари зилзилаи шаби гузашта, чандин манзил дар ҷамоатҳои деҳоти Иҷборак ва Аскалони ин ноҳия ба таври ҷиддӣ осеб дидааст.

Як манбаъ аз мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Рашт рӯзи 2-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи зилзилаи шаби гузашта аз ҷумла манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати Иҷборак осеби ҷиддӣ дида ва шуморе аз хонаҳо ба таври комил ва бархе қисман тахриб шудааст.

Дар ҳоли ҳозир комисияи ҳукуматӣ бо раҳбарии муовини сарвазири Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Зокирзода ба ҷои ҳодиса рафтааст. Ба гуфтаи мақомот, аз талафоти ҷонӣ то ба ҳол гузориш нарасидааст.

Ба иттилои Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази зилзилаи шаби гузашта дар 165 километрии шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин) будааст. Нерӯи зилзилаи шаби гузашта дар маркази он 5 дараҷаро ташкил дода ва шиддати он дар шаҳри Душанбе 2 дараҷа будааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар ин кишвар даҳҳо заминларзаи шиддаташон мухталиф сабт мешавад. Охирин заминларзаи шадид, ки Тоҷикистонро такон дод, шаби 7-уми декабри соли гузашта рух дод.

Бар асари он, садҳо манзил дар Бадахшон, бештар аз ҳама дар водии Бартанг тахриб шуд. Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби мақомоти маҳаллӣ, дар рустоҳои Ғудара, Нисур, Рухч, Дерхуд, Баррӯшон, Деррӯшон, Вамд ва маркази ноҳияи Рӯшон беш аз 200 манзил пурра ва 832 хонаи дигар қисман хароб шуданд.

XS
SM
MD
LG