Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Базми хайриявии "Ай дӯст биё равем ба Бартанг"


Дар остонаи Соли нави милодӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири кӯмак ба осебдидагони зилзилаи рӯзи 7-уми декабр дар Бадахшон, консерти хайриявӣ баргузор мешавад.

Рӯзи 31-уми декабр дар шаҳри Душанбе ба иштироки овозхонон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ ба манзури кӯмак ба осебдидагони зилзилаи 7-уми декабр дар Бадахшон, барномаи консертӣ доир мешавад. Қарор аст як миқдор маблағи бадастомада аз ин консерт, ба зарардидагони зилзила дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон фиристода шавад.

Неъматулло Алиев, яке аз ташкилкунандагони ин барномаи консертӣ рӯзи 27 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин барномаи ҳунарӣ рӯзи 31-уми декабр дар Театри давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир мешавад ва қарор аст дар он гурӯҳҳои ҳунарии "Бартанг", "Ҷирай", "Ёрон", "А-банд", ҳамчунин ҳунармандон Шӯҳрат Сайнаков, Ҳақназари Ҳукмзод, Ширинмоҳ Ниҳолова, Ҳақназар Ҳаловатов ва дигарон ширкат кунанд.

Неъматулло Алиев афзуд, ин иқдоми шахсии ӯ ҳаст ва талош кардааст, ки кӯмакаш ба зарардидагони зилзила дар рӯзҳои Соли нав, ки аёми хурсандии мардум аст, бирасад.

Дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7-уми декабр, қисмати зиёди манзилҳои истиқоматии сокинони деҳоти Ғудара, Нисур, Рухчи ноҳияи Рӯшон тахриб шуда, ҳамчунин дар маркази ноҳия низ деҳоти Дерзуд, Баррӯшон, Деррӯшон ва Вамд хонаҳои мардум зиён дидаанд. Дар маҷмӯъ, дар қаламрави ноҳия беш аз 200 манзил комилан хароб ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони вилояти Бадахшон, даҳҳо нафар аз минтақаҳои осебзада тариқи чархболҳо ба маркази ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуда ва онҳоро дар бинои лагер, дар хона-интернати маъюбон ва мактаб-интернат ҷо ба ҷо карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба дунболи ин ҳодиса барои бартараф кардани оқибатҳои зилзила, комиссияи вижаеро бо раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим таъсис дод. Бархе кишварҳо ва созмонҳои байнамилалӣ низ ба осебдидагони зилзилаи Бадахшон кӯмакҳои худро расонидаанд.

XS
SM
MD
LG