Рӯзи 8 январ боз як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ки ин зилзила соати 14-07 ба вақти Душанбе рух додааст.
Ба гуфтаи зилзилашиносон, маркази заминларза дар 277-километрии ҷануби шарқи пойтахти Тоҷикистон, дар манотиқи бо ин кишвар ҳаммарзи Афғонистон, дар 71-километрии шаҳри Файзобод воқеъ будааст. Шиддати зилзила дар марказаш тибқи ҷадвали 12-баллии Рихтер 5,3 балл баровард мешавад.
Дар маркази зилзиланигории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шиддати заминларза дар Душанбе 3 баллро ташкил дод. Аммо то ҳол иқтидори ин заминларза дар минтақаҳои кишвар эълон нашудааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ки ҳанӯз дар бораи кадом хисороти ин офати табиӣ гузориш нашудааст. Вале афзуд, ки онҳо ин масъаларо пайгирӣ доранд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар ин кишвар даҳҳо заминларзаи шиддаташон мухталиф сабт мешавад. Охирин заминларзаи шадид, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро такон дод, шаби 25 ба 26 декабри соли гузашта рух дода буд. Он офати табиӣ, ки шиддаташ 6,2 бал баровард шуд, дар Тоҷикистон хисороте дар пай надошт, вале бино ба гузоришҳо, дар Бадахшони Афғонистон садҳо хонаро тахриб кард.
Аммо дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7-уми декабр, ки низ Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаашро такон дод, садҳо манзил дар Бадахшони Тоҷикистон, бештар аз ҳама дар водии Бартанг тахриб шуд. Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби мақомоти маҳаллӣ, дар рустоҳои Ғудара, Нисур, Рухч, Дерхуд, Баррӯшон, Деррӯшон, Вамд ва маркази ноҳияи Рӯшон беш аз 200 манзил пурра ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд.