Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди азнавсозии системаи огоҳсозӣ аз Сарез то Шаҳритус


Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз Барномаи рушди Созмони Милал даъват кардааст, ки бунёди майдони омӯзишӣ барои омодасозии наҷотдиҳадагони Тоҷикистону Афғонистон дар базаи Маркази омӯзишии КҲФ мусоидат кунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, генерал Рустам Назарзода дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи се лоиҳаи имзошуда миёни КҲФ ва ҳукуматҳои Ҷопон, Бунёди хайрияи Русия ва Агентии швейсарӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳо дар дафтари намояндагии Барномаи рушди СММ дар шаҳри Душанбе дар ин замина ибрози назар кардааст.

Мавзӯи омӯзиши наҷотдиҳандагони Афғонистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ба иллати камбуди наҷотдиҳандагон бар асари офтаҳои таббӣ, назири селу обхезӣ ё зилзила теъдоди зиёди осебдидагон ба ҳалокат мерасанд. Зимнан, дар ҳафтаи гузашта 5 сокини ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон бар асари сармои шадид ҷиддан осеб дида ва барои муолиҷа ба бемористони ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон интиқол шуданд. Ба гуфтаи мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон, дар чанд рӯзи ахир дар ноҳияи Вахон барфи зиёд борида ва сардии ҳаво то 42 дараҷа поин рафтааст. Бар асари сардии шадид се зану як мард дар ин минтақа ҷон бохтаанд.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар ин мулоқот мақомоти КҲФ масъалаи навсозии системаи огоҳсозии бармаҳал аз кӯли Сарез то ноҳияи Шаҳртуси вилояти Хатлонро матраҳ кардаанд. Ҳамчунин, ӯ аз қавли генерал Рустам Назарзода гуфт, ин ниҳод тасмим гирифтааст, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи кормандони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро зиёд карда, дар водиҳои Ҳисору Зарафшон, шаҳри Роғун ва минтақаи Рашт гурӯҳҳои иловагии наҷотдиҳандагону хадамоти кинологиро фаъол сохта ва гурӯҳҳои ғаввосон таъсис кунад.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар соли гузашта дар қаламрави кишвар 55 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ, назири заминларза, фаромадану селу тарма ва яхч сабт шудааст, ки бар асари ин ҳодисаҳо 20 нафар ҷонҳои худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, 138 нафар ба ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд. Аз ин лиҳоз, мақомоти КҲФ ба таъсиси гурӯҳҳои ғаввосон дар наздики кӯлу обанборҳо ва дарёҳо пойфишорӣ мекунад.

Гуфта мешавад, маҳз ба талоши кормандон ва ғаввосони ин кумита рӯзи 29 июли соли гузашта 8 кӯдакро, ки бар асари омдани сел дар дарёи Душанбе байни об монда буданд, наҷот додаанд. Бар асоси маълумоти КҲФ, рӯзи 11 январи соли ҷорӣ низ ғаввосони ин ниҳод бо вуҷуди сардии шадиди ҳаво ва об аз дарёи Панҷ ҷасади мусофиру ронандаро пайдо карданд. Дар километри 348-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ мошини тамғаи “Ҳендай –Соната”, ки аз ҷониби сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ идора мешуд, аз баландии 35 метр ба дарёи Панҷ сарозер шуда буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳоле ки Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ буда ва ҳамасола ба хатари селу обхезу фаромадани тармаву яхч мувоҷеҳ аст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар ба васоили зарурии техникӣ, ба мисли чархбол таъмин нестанд, то битавонанд дар сурати вуқӯъи ҳодисаи фақулоддаи табиӣ сари вақт кумак расонанд. Масалан, дар моҳи июли соли гузашта бар асари омадани сел 11 қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хароб шуда ва ҳаракат дар масир, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад, барои як шабонарӯз қатъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG