Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи сахт Тоҷикистонро такон дод


Нимаи дувуми рӯзи якшанбе зилзилаи шадид шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистонро такон дод.

Баъд аз зуҳри рӯзи 10­-уми апрел соати 15:29 дақиқа, заминларзаи 6-дараҷаӣ Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази зилзила 300-километрии ҷануб-шарқи Тоҷикистон буда ва шиддати зилзила дар Душабе 4-дараҷа ва дар Хуҷанд 3 дараҷаро ташкил додааст.

Маркази зилзиласанҷии Амрико, маркази зилзилаи рӯзи якшанберо вулусволии Ишкошими Бадахшони Афғонистон гузориш додааст. Нерӯи зилзила дар маркази он 6,6 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст. Бинобар иттилои ҳамин пойгоҳ, зилзила дар пойтахти Тоҷикистон ҳудуди 45 сония давом кардааст.

Сокинон аз Бадахшон, Қӯрғонтеппа ва Рашт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шиддати зилзиларо эҳсос кардаанд. Бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз "шадид" будани ин заминларза хабар додаанд. Зилзилаи шадиди рӯзи якшанбе, ки минтақаро ба ларза даровард, боиси такони сахти биноҳо ва берун шудани бархе аз одамон аз хонаҳояшон дар Душанбе шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки ин зилзила хисоротеро ба бор овардааст ва ё на. Хонаҳои баландошёна дар Тоҷикистон тибқи меёр бояд ба зилзилаи 9-балӣ тобовар сохта шаванд.

Дар давоми чор моҳи охир ин чорумин зилзилаи шадид дар Тоҷикистон аст. Ин зилзила шаҳрҳои Деҳлӣ, Исломобод ва Кобулро низ такон додааст.

XS
SM
MD
LG