Маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд Аюб Усмонзода, раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд. Ҳарчанд дар ин бора ҳеч ниҳод маълумот намедиҳад, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳодиса дар аввали моҳи март рух дода, Усмонзода ба ришваситонӣ гумонзад аст. Ҷузъиёташ феълан дастрас нест.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Русия як сол боз аз писараш хабар надорад. Ҳар гоҳ хумори писараш гирад, ба Интернет рӯй меорад, то аксҳои ӯро бинад ва ё дар борааш маълумоте гирад, аммо чизи дилгармкунандае намеёбад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар, як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, дар гузориши наве гуфтааст, ки пас аз ҳамла ба толори консертии "Крокус", муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ пайваста дар Русия озору азият мешаванд. Муаллифон аз ҳукумати Русия хостаанд, нагузорад, ки ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад.
Як таҳқиқе дар Амрико нишон додааст, ки парвонаҳо дар ин кишвар бо суръати зиёде кам мешаванд. Аз соли 2000-ум то кунун шумораи парвонаҳо ё шабпаракҳо 22 дар сад кам шудааст ва сабаби он, ба гуфтаи донишмандон, заҳрҳои кимиёвӣ, тағйири иқлим ва маҳви маконҳои зисти онҳо будааст.
Доналд Трамп, президенти ИМА гуфтааст, ки рӯзи 18-уми март бо Владимир Путин, президенти Русия дар бораи хатми ҷанг дар Украина суҳбат мекунад. Дар ин суҳбат эҳтимол меравад, ки сарнавишти ояндаи неругоҳи ҳастаии Запарожйе, ки Русия онро ишғол кардааст ва гузаштҳои ҳудудӣ низ баррасӣ шаванд.
Хабарҳои рӯз
Як модари танҳо аз Восеъ мехоҳад, ҳукумати Тоҷикистон дар тарбияи кӯдаконаш ба ӯ кӯмак кунанд, то сарнавишти талхи ӯро надошта бошад. Муроҷиаташ ҳам ин аст, ки ду тифлашро ба интернат бигиранд, то тавонад пуле ёфта онҳоро дуруст тарбия намояд
Ахбори Озодӣ
Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, то замоне ки ҳусиҳои Яман монеи ҳаракати киштиҳо дар Баҳри Сурх мешаванд, амалиёти зидди ин гурӯҳ идома хоҳад кард. Ҳусиҳои Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд, пас аз ҳамлаҳои Амрико эълон карданд, ки интиқом мегиранд.
Иттиҳоди Аврупо бо имзои як созишнома аҳд дод, ки ба Тоҷикистон барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва фоидаовар сохтани пахтапарварӣ бо арзиши 40 миллион евро кӯмак мекунад. Нисфи зиёде аз ин пул барои коҳиши талафоти нерӯи барқ ва 18 миллион еврои он барои кӯмак ба пахтапарварон харҷ мешавад.
Мақомоти расмӣ дар Кӯлоб зарару пайомадҳои селеро арзёбӣ доранд, ки шаби 15-уми март ба даҳҳо хона дар шаҳр осеб расонд. Бахусус ба хонаҳои мардуми камбизоат ва дастнигар, ки ҳоло намедонанд, аз куҷо пул ёбанду хонаҳои нимавайронаву намкашидаро таъмир кунанд.
Ёфтҳои бештар