Дидбони Ҳуқуқи Башар, як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, дар гузориши наве гуфтааст, ки пас аз ҳамла ба толори консертии "Крокус", муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ пайваста дар Русия озору азият мешаванд. Муаллифон аз ҳукумати Русия хостаанд, нагузорад, ки ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад.
Як таҳқиқе дар Амрико нишон додааст, ки парвонаҳо дар ин кишвар бо суръати зиёде кам мешаванд. Аз соли 2000-ум то кунун шумораи парвонаҳо ё шабпаракҳо 22 дар сад кам шудааст ва сабаби он, ба гуфтаи донишмандон, заҳрҳои кимиёвӣ, тағйири иқлим ва маҳви маконҳои зисти онҳо будааст.
Доналд Трамп, президенти ИМА гуфтааст, ки рӯзи 18-уми март бо Владимир Путин, президенти Русия дар бораи хатми ҷанг дар Украина суҳбат мекунад. Дар ин суҳбат эҳтимол меравад, ки сарнавишти ояндаи неругоҳи ҳастаии Запарожйе, ки Русия онро ишғол кардааст ва гузаштҳои ҳудудӣ низ баррасӣ шаванд.
Хабарҳои рӯз
Як модари танҳо аз Восеъ мехоҳад, ҳукумати Тоҷикистон дар тарбияи кӯдаконаш ба ӯ кӯмак кунанд, то сарнавишти талхи ӯро надошта бошад. Муроҷиаташ ҳам ин аст, ки ду тифлашро ба интернат бигиранд, то тавонад пуле ёфта онҳоро дуруст тарбия намояд
Ахбори Озодӣ
Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, то замоне ки ҳусиҳои Яман монеи ҳаракати киштиҳо дар Баҳри Сурх мешаванд, амалиёти зидди ин гурӯҳ идома хоҳад кард. Ҳусиҳои Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд, пас аз ҳамлаҳои Амрико эълон карданд, ки интиқом мегиранд.
Иттиҳоди Аврупо бо имзои як созишнома аҳд дод, ки ба Тоҷикистон барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва фоидаовар сохтани пахтапарварӣ бо арзиши 40 миллион евро кӯмак мекунад. Нисфи зиёде аз ин пул барои коҳиши талафоти нерӯи барқ ва 18 миллион еврои он барои кӯмак ба пахтапарварон харҷ мешавад.
Мақомоти расмӣ дар Кӯлоб зарару пайомадҳои селеро арзёбӣ доранд, ки шаби 15-уми март ба даҳҳо хона дар шаҳр осеб расонд. Бахусус ба хонаҳои мардуми камбизоат ва дастнигар, ки ҳоло намедонанд, аз куҷо пул ёбанду хонаҳои нимавайронаву намкашидаро таъмир кунанд.
Дар шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" сухан дар бораи иқдомҳои ахири мақомоти Русия меравад. ки ҳаёти муҳоҷирони муқими ин кишварро ба маротиб душвортар мекунанд
Риштарошони таҳқиромези ҷавонони туркман баъди бозгашташон аз Тоҷикистону Узбекистон.
Сафари ғайримунтазираи Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав, пешниҳоди оташбаси сирӯза дар ҷанги Украина, тафтиши ҷанонони туркман баъди бозгашташон аз Тоҷикистону Узбекистон ва интернети суст дар деҳоти дурдасти Хатлон.
Ёфтҳои бештар