Хабари қатъи маблағгузории Радиои Озодӣ ва эҳтимоли аз кор монданаш дар ҷомеаи Тоҷикистон низ вокунишҳои гуногунро ба бор овард.
"Бештар онҳое аз зиндон озод карда шудаанд, ки бо гуноҳи ришваситонӣ, тамаъҷуӣ, ҳамҷинсгароӣ, фурӯши замин ва дуздию авбошӣ ба солҳои гуногун маҳкум шудаанд, на хабарнигорону фаъолони маданӣ ва на сиёсатмадорону мухолифон."
Гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) бо тағйири шеваҳои вайронгарӣ ва густариши доманаи фаъолият дар гӯшаҳое аз ҷаҳон дигарбора сар боло мекунад. Гурӯҳе, ки замоне қаламравҳои азими Сурия ва Ироқро зери назорат дошт, ба тадриҷ ба хатари ҷиддие табдил меёбад.
Баъд аз қатли садҳо мардуми осоишта дар яке аз шаҳрҳои соҳилии Сурия мардум аз мақомот мехоҳанд, қотилону гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд. Бо вуҷуди бозгашти оромӣ ба шаҳри Лозиқия, мардум ҳанӯз ҳам бо тарсу бим зиндагӣ мекунанд.
Оҷонсии расонаҳои байналмилалии Амрико (USAGM) ӯҳдадор шуд, ки як қисми маблағҳои аз ҷониби Конгресс ҷудошуда барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро бипардозад.
Рӯзи 24 март дар Вашингтон мурофиаи додгоҳӣ бар асоси шикояти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) алайҳи қарори Оҷонсии расонаҳои байналмилалии Амрико (USAGM) баргузор мешавад.
Баъди ҳабси рақиби муҳими президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар шаҳру манотиқи Туркия рӯзи панҷум аст, ки эътирозҳои сартосарӣ идома доранд.
Ёфтҳои бештар