Пайвандҳои дастрасӣ

 
Асари эътирозҳои Туркия ба нуфузи он дар Осиёи Марказӣ ва гӯшаҳои дигар
Хабари нав

Асари эътирозҳои Туркия ба нуфузи он дар Осиёи Марказӣ ва гӯшаҳои дигар


Бо сар задани бузургтарин эътироз дар беш аз як даҳаи охир дар Туркия ҳоло гумонзаниҳои зиёде вуҷуд дорад, ки оё ин таҳаввулот сабаби як чолиши ҷиддӣ барои раисҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон хоҳад шуд, ё ҳаракати ӯ ба сӯи худкомагии бештар?

Тазоҳуроти мардум баъд аз он сар зад, ки Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбул ва номзади Ҳизби Ҷумҳурияти Халқ ба мақоми раисҷумҳур дар интихоботи соли 2028 боздошт шуд. Ҳизби мазкур, ҳизби асосии мухолифони ҳукумат дар Туркия аст. Ончӣ, ки мумкин аст, дар оянда дар ин кишвар рух диҳад, метавонад барои фаротар аз марзҳои Туркия ҳам пайомадҳое дошта бошад.

ҶАНГ ДАР УКРАИНА

Дар оғози ин ҷанг, Туркия бо миёнҷигарӣ ва ҳосил кардани тавофуқ миёни Русия ва Украина барои содироти ғалладона аз тариқи Баҳри Сиёҳ ба муваффақияти дипломатии муҳиме ноил шуд. Ин созиш як омили ҳаётие барои ирсоли ғалладонаи Украина ба кишварҳои зиёде дар Африқо ва Осиёву ҳавзаи Кариб буд, ки сахт вобастаи гандуми он ҳастанд. Ин созиш ҳудуди як сол ва то вақте ки Русия аз он берун шуд, барҷой монд.

Созиши мазкур то ҳадде муҳим буд, ки Амрико дар музокирот барои поён додан ба ҷанг дар Украина барқарории онро ба авлавияти аслии музокироти худ бо Русия ва Украина табдил дод. Дар тӯли ҷанг, Туркия сиёсатҳои хоси худро пеш гирифта ва ё бозии вижаи худро доштааст.

Агарчӣ Туркия узви НАТО ё Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ аст, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия талош кардааст, робитаҳои хубе бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дошта бошад. Сабки раҳбарии худкома ва монанди ин ду раҳбар, шояд дарки мутақобилаи онҳоро мустаҳкам карда бошад.

"Байрақдор"
"Байрақдор"

Бо вуҷуди ин робитаҳои хуб, Туркия монеи фаъолияти ширкати паҳподсозии "Байрақдор" нашуд, ки дар Украина корхонаи худро боз кард ва дронҳои ҷангии он дар марҳилаи аввали ҷанг дар дифои Украина нақши муҳиме иҷро кардаанд.

Игор Семиоволос, мудири Маркази Мутолеоти Ховари Миёна дар Киев, мегӯяд, нерӯи ҳаракатдиҳандаи сиёсати хориҷии Туркия иқтисод аст.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар мавриди масоили минтақаӣ монанди Русия, Украина ва Ховари Миёна, нақши калидиро манфиатҳои тиҷоратӣ иҷро мекунанд. Ин манфиатҳо ҳамонгуна, ки меҳвари асосии сиёсатҳои Эрдуғон аст, мумкин аст, дар оянда меҳвари сиёсати Имомоғлу низ бошанд."

АВРУПО ВА АМРИКО

Дар заминаи тиҷорат, бузургтарин шарики Туркия Иттиҳоди Аврупо аст ва ҳудуди сеяки додугирифти Туркияро ташкил медиҳад. Тағйири ҳукумат дар Туркия ба эҳтимоли ғолиб ва қатъан бар робитаҳои он бо Иттиҳоди Аврупо асар хоҳад гузошт.

Доналд Трамп (рост) ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон (чап). Вашингтон, моҳи ноябри соли 2019
Доналд Трамп (рост) ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон (чап). Вашингтон, моҳи ноябри соли 2019

Брюссел, маркази мудирияти Иттиҳоди Аврупо раванди пазируфтани Туркия дар Иттиҳоди Аврупоро соли 2018 ба далели ақибнишинии он кишвар аз арзишҳои демократӣ боздошт. Эҳтимол Имомоғлу дар сурати ба қудрат расидан барои беҳбуди робитаҳо ва аз сар гирифтани музокироти узвият талош хоҳад кард.

Бо ин ҳол, мумкин аст, муносибатҳои миёни Брюссел ва Анкара ба таври табиӣ низ гармтар шавад. Ҳоло, ки Аврупо дар пайи коҳиши вобастагии дифоии худ ба Амрико ва маъмурияти низомие барои Украина ташкил диҳад, дар инҷо артиши Туркия аст, ки метавонад нақши муҳиме иҷро кунад.

Раҳбарони аврупоӣ акнун бо интихоби сахте рӯ ба рӯ ҳастанд, чун ё бояд амалкардҳои Эрдуғон дар дохили кишварро маҳкум кунанд, ё аз як равобити амниятии муҳим баҳра баранд.

Иқтисод низ меҳвари аслии музокироти ахири Ҳоқон Фидон вазири умури хориҷии Туркия ва ҳамтои амрикоиаш Марко Рубио, дар Вашингтон буд. Эрдуғон умед дошт, Туркия аз таҳримоте, ки Доналд Трамп соли 2020 пас аз хариди системаи дифоии ҳавоии русии S-400 ба зидди Туркия эъмол кард, халос шавад.

ЭРОН ВА ХОВАРИ МИЁНА

Таҳаввулот дар Туркия дар замоне рух медиҳад, ки ин кишвар ва Эрон яке дигариро ба мудохила ба умури якдигар ва таҳдид ба ҳам муттаҳам мекунанд. Ин ду кишвар аксаран бар сари масоили минтақаӣ манфиатҳои мухолиф доранд.

Масалан, Туркия аз мухолифони низоми Башор Асад дар Сурия ҳимоят мекунад ва дар ҷанҷоли Озарбойҷон ва Арманистон, тарафдори кишвари туркзабон аст. Бо ин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, ки воқеаҳои Туркия “масъалаи дохилӣ” аст.

Аббос Ароқчӣ
Аббос Ароқчӣ

Ойдин Ахавон, таҳлилгари сиёсии муқими Истанбул, ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, гуфт: “Эрдуғон худро ба унвони раҳбари амалгаро муаррифӣ кардааст, ки ҳар замон агар манфиатҳояш тақозо кунад, ҳампаймонҳояшро тағйир медиҳад… Дар муқобил, мухолифон тарафдори низоми дунявӣ ва демократӣ ҳастанд. Дунёе, ки Эрдуғон дар зеҳнаш дорад, бешак ба хостаҳои Теҳрон мувофиқат мекунад."

Мавқеи ҷуғрофӣ ба Туркия нуфузи минтақавии фавқулодае додааст. Дар оғози ҷанги Украина, Туркия гулӯгоҳи Босфорро ба рӯи нерӯҳои баҳрии Русия баст ва пайванду иртибототи Маскав бо нерӯҳояшро дар Сурия душвору печида кард.

Нуфузи Туркия, яке аз ҳомиёни аслии ҳукумати муваққат дар Сурия як абзори муҳиме дар пешбурди дипломатия дар саҳнаи байналмилал барои Туркия маҳсуб мешавад. Нерӯҳои Туркия ва таҳти ҳимояти он нақши бузурге дар шикасти ҳукумати Башшор Асад доштанд ва зоҳиран хоҳанд дошт.

ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Нуфузи Туркия фаротар аз Ховари Миёна меравад ва то ба Осиёи Марказӣ мерасад, ҷое, ки аксарияти мардуми чаҳор кишвари он ба забонҳои туркӣ сухан мегӯянд: Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон.

Аз ин миён се кишвар ба ҷуз Туркманистон ва Озарбойҷон узви Созмони Кишварҳои Турзабон ҳастанд. Баъзе аз коршиносони минтақаӣ бовар доранд, ки Туркия барои ин кишвар ба унвони як қутби ҷойгузин матраҳ аст, чун нигарониҳое аз тавсеаталабии Русия дар манотиқи Осиёи Марказӣ бо аҳолии русзабон вуҷуд дорад. Ҳамон гуна, ки дар Украина дида шуд.

Эрдуғон бо раҳбарони Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон. Самарқанд, моҳи ноябри соли 2022
Эрдуғон бо раҳбарони Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон. Самарқанд, моҳи ноябри соли 2022

Асил Тотумлу, аз Донишгоҳи Ховари Миёна дар Қибриси Шимолӣ, дар гуфтугӯ бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ноябр гуфт: "Кишварҳои туркзабон дар ҳоли баргузории размоишҳои муштарак ва таъсиси роҳҳои таъмини аслиҳа аз бозорҳои дигар ба ғайр аз Русия ҳастанд."

Пеш аз ҷанги Украина, бештари тиҷорати Осиёи Марказӣ бо Аврупо ба воситаи роҳҳои Русия сурат мегирифт. Ба гуфтаи Тотумлу, таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия сабаб шуданд, ки роҳҳои нави тиҷоратӣ аз тариқи Озарбойҷон ва Туркия боз гарданд.

Дар воқеъ, зиёд шудани боркашӣ ва икмолот дар "Коридори Марказӣ" як роҳ аз Чин ба Аврупо, ки бе убури қаламрави Русия мегузарад, дар нишасти минтақавии охири соли гузашта дар Бишкеки Қирғизистон дар авлавияти сӯҳбатҳо қарор гирифт.

БАЛКАН

Туркия ҳамчунин бозигари аслӣ дар бозорҳои энержии ҷаҳон мебошад ва ин мавзӯъ ба вижа дар ҷанубу шарқи Аврупо возеҳ дида мешавад. Маҷористон, Руминия ва Сербистон аз муштариёни муҳими газ ҳастанд, ки аз тариқи Туркия интиқол меёбад. “Туркстрим” ҳоло ягона лӯлаи газ аст, ки гази Русияро мустақиман аз тариқи Баҳри Сиёҳ ба Туркия ва сипас ба Балкан мерасонад.

Карим Элгенду аз маркази таҳқиқотии “Чатам Ҳаус” дар Лондон, моҳи декабр навишта буд, ки "Анкара дигарбора талош дорад, Туркия ба унвони қутби аслии энержии минтақа матраҳ шавад."

Туркия ҳамчунин сармоягузори бузурге дар Балкан аст, ба вижа дар Сербистон. Ба ғайр аз ривоҷ додани тарҳҳои баландпарвозона барои сохтани шоҳроҳи Белград-Сараево барномаҳое барои тавлиди паҳподҳои сохти Туркия дар Сербия пешниҳод шудааст.

Созишномаҳо дар бораи паҳподҳо барои Босния ва Албания низ дар миён гузошта шудаанд. Туркия дар Балкан аз қудрати иқтисодияш ҳамчун муқаддимае барои ҳаракатҳои сиёсӣ истифода кардааст ва талош дорад, фаротар аз кишварҳои дорои аҳолии мусулмон, бо дигар мамолик ҳам равобити наздик барқарор кунад.

XS
SM
MD
LG