Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: 75% даромади тоҷикҳо сарфи "шикам" мешавад


Як пажӯҳиш мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар давоми чор соли охир сифати ғизои хонаводаҳо поин омада, то 75 дарсади будҷаи оилаҳои камбизоат барои харидории ғизо масраф мешавад. Дар ҳоле, ки шароити зиндагии сокинони деҳот ба хотири молу маҳсулоти худии кишоварзӣ беҳтар назар ба сокинони шаҳрҳо мебошад, дар маҷмӯъ сифати хӯроки сокинон бадтар шудааст.

"Гоҳ-гоҳ гӯшт мехӯрем"

Толиб Ниёзов (исм тағйир дода шудааст), як сокини 58-солаи Хуҷанд саробонии оилаи иборат аз 7 нафарро ба ӯҳда дорад. Дар ин хона ду нафар -- ӯву писараш таъминкунандаи рӯзгор мебошанд ва даромади якмоҳаи онҳо ҷамъан 1500 сомониро ташкил медиҳад. Вай мегӯяд, моҳе тақрибан 1400 сомонӣ маблағашон барои харидории маводи ғизоӣ масраф мешавад.

Як таҳқиқоти тиббиву демографӣ дар соли 2013 маълум кардааст, ки аз миёни беш аз 1 миллион кӯдак дар Тоҷикистон, 300 ҳазор нафар ё аз се як ҳиссаашон кӯтоҳқаданд ва як сабаби асосии он, истеъмоли ғизои номуносиб ва кам витамин будааст.

Вай гуфт: "Мо кӯшиш мекунем, танҳо маҳсулоти заруртаринро харидорӣ карда, аз гӯшту ҳасиб ё панир гоҳ-гоҳе истифода барем. Зеро баҳои гӯшт дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон зиёд аст. Азбаски маоши мо барои ниёзҳои рӯзгор кифоят намекунад, ману писарам дар ду-се ҷойи дигар ҳам кор мекунем. Аз ҳамин ҳисоб ҳар моҳ то 200 сомонӣ барои “рӯзи мабодо” захира мекунем".

Ин маблағро хонавода талош мекунад захира карда, танҳо барои хароҷоти зарурӣ масраф кунад ва ҳам тадриҷан барои захираи ғизои зимистон ҷамъ намояд. Дар мавсими сармо маъмулан нархи маҳсулоти асосии ғизо -- биринҷу орд ва равған боло меравад.

Ба гуфтаи Толиб, ҳоло вазъи зиндагӣ нисбат ба 5 соле қабл душвортар шудааст. Вай гуфт, солҳои қаблӣ писари бузургаш дар Русия кор карда ва аз он ҷо пул мефиристод. Бо ин пул орду биринҷ ва равған захира мекарданд. Ҳоло ин оила тақрибан захира надоштааст. Бар замми ин хароҷот, пули истифодаи обу барқ гарон шуда ва ҳар моҳе то 300 сомонӣ ба ин бахшҳо пардохт мешавад. Толиб Ниёзов мегӯяд, худро бо ҳамин андеша таскин медиҳад, ки хонаводаи онҳо аз бисёр оилаҳо дар Хуҷанду ва дигар манотиқи Тоҷикистон фарқ намекунад.

Афзоиши нархи ғизо

Пажӯҳиши нави Барномаи ғизо, Бунёди атфоли СММ ва Департаменти рушди байналмилалии ҳукумати Бритониё мегӯяд, ки дар чор соли охир вазъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон бадтар шудааст. Дар ин муддат қимати маводи ғизоӣ ба маротиб афзоиш ёфта ва баландтарин мизони гаронии нархҳо ба моҳи майи соли ҷорӣ рост омадааст. Муаллифон мегӯянд, Сатҳи риски ноамнии ғизоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2014 хеле боло рафтааст. Таҳқиқот нишон дод, ки вазни 11 дарсади атфоли то панҷсолаи Тоҷикистон аз меъёри муқаррарӣ кам аст ва рушди ҷисмонии 31 дарсадашон заъиф мебошад.

Таҳқиқоти мазкур давоми чор соли охир дар миёни 1300 хонавода дар 13 минтақаи мухталифи Тоҷикистон ва дуборӣ дар як сол баргузор шудааст. Муҳаққиқон мегӯянд, ки хонаводаҳои осебпазир хароҷоти будҷаи худро ба ғизо дар ҳудуди 65 то 75 дар сад афзоиш дода, бо ин ҳам ғизои босифату муҳим барои солимии инсон, назири маҳсулоти гӯштиву шириро дар меъёри нокофӣ – ҳафтае як ё ду бор истеъмол мекунанд. Аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки 34 дарсади даромади пулии онҳо аз ҳисоби кор, интиқоли пулҳои хешони муҳоҷирашон таъмин шуда, 16 дар садаш аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзии наздиҳавлигӣ ваё даромади дигар ба даст меояд.

Иқтисоди ҳанӯз нопойдори Тоҷикистон

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият тавонист ба пешравиҳои ҷиддӣ дар бахши иқтисодиёташ даст ёбад, вале бо ин вуҷуд, нодортарин кишвари Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ин кишвар дар баробари зарбаҳои иқтисодиву молии кишварҳои ҳамсояву ҳамкор, бахусус Русия, заъфпазир аст.

Бо сабаби коҳиши нишондодҳои иқтисодии Русия дар соли 2015 ва беқурбшавии рубл, иқтисоди Тоҷикистон, ба қавли муаллифони гузориш, дучори “шок” шуд ва мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирон дар муқоиса бо соли 2013, ки 43 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медод, соли 2015 то 29 дар сад коҳиш ёфт.

Дар гузориш омадааст, ки бо вуҷуди рушди 5,2 дарсадии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016, нарх дар чанд солҳои охир рӯ ба болоравӣ ниҳоданд. Дар кишваре, ки 70 дарсади аҳолиаш дар манотиқи русто ба сар мебарад, ин нишондодҳои таъсиргузор шудааст.

Мақомот: "Мубориза бо фақр муваффақиятомез пеш меравад"

Зимнан, бино ба маълумоти Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон, мизони таваррум дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 6,3 дарсадро ташкил додааст. Дар ин давра қимати маводи ғизоӣ 8,5 дарсад боло рафтааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нархи маводи ғизоӣ, назири пиёз, картошка, сабзӣ, карам, лӯбиё, гӯшт ва шакар, ки аз маҳсулоти ниёзи аввали истеъмолӣ ҳисоб меёбад, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти масъули Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ҷараёни мубориза бо фақр дар кишвар дар солҳои охир қаноатманд ҳастанд ва тамоюли коҳиш бо суръати мусбат пеш меравад. Аз ҷумла, масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, таъмини амнияти озуқаворӣ дар баробари расидан ба истиқлоли энержӣ ва раҳоӣ аз бумбасти иртиботӣ, аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда ва барои расидан ба ин ҳадаф дар кишвар тадобири зиёде рӯи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла, мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 73 дарсади соли 2003 то 31 дар сад дар соли 2015 поин рафтааст.

Умед Давлатзод.
Умед Давлатзод.

Як масъули ин вазорат гуфт, ки бо хулосаҳо гузориши муҳаққиқони байналмилалӣ пурра розӣ шудан наметавонанд ва эҳтимолан дар арзёбиҳои онҳо методологияи фарқкунанда ба кор бурда шудааст. Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: "Методологияи миллии Тоҷикистон ба ғайр аз мизони даромад, мизони дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва хароҷоти истеъмоли ғизоро дар бар мегирад. Дар масъалаи мушаххас кардани мизони фақр Тоҷикистон аз методологияи Бонки Ҷаҳонӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар марҳилаҳои рушди он истифода мекунад."

Вай гуфт, ки феълан ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизо”-ро таҳия мекунад, ки як бахши стратегияи рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро дар бар мегирад. Ва ба бовари ӯ, вазъ бояд тадриҷан беҳтар шавад.

Витамин ва ғизои миллӣ

Бархе коршиносон мегӯянд, шояд анвои ғизои истеъмолии мардуми тоҷик ба меъёрҳои байналмилалии хӯроки солим пурра мутобиқат накунад, аммо вижагиҳои фарҳангиву ҷуғрофии зиндагии мардуми тоҷик истеъмоли намудҳои аслии ғизои зарур барои организми инсонро дар назар мегирад. Аз ҷумла, бо расидани мавсими гармо дар дастурхони миёнаи ҳар хонавода анвои зиёди меваву сабзаҷот, кабудӣ, маҳсулоти ширии мисли чаккаву ҷурғот бештар мешавад. Вале зоҳиран, дастрасии мавсимӣ, на ҳамешагӣ ба ғизоҳои муфид, нокофӣ аст.

Як таҳқиқоти тиббиву демографӣ дар соли 2013 маълум кардааст, ки аз миёни беш аз 1 миллион кӯдак дар Тоҷикистон, 300 ҳазор нафар ё аз се як ҳиссаашон кӯтоҳқаданд ва як сабаби асосии он, истеъмоли ғизои номуносиб ва кам витамин будааст. Табибон муайян кардаанд, ки барои рушди солим ва боназми организм, масалан ҳар тифли мактабхон рӯзе бояд на камтар аз 4 дафъа ғизо хӯрад.

Диетолог ё мутахассисони бахши парҳез мегӯянд, ин ғизо бояд аз маҳсулоти мисли шир, творог, панир, ҷурғот иборат бошад, ки манбаи калсий ва сафедӣ аст. Илова ба ин, ба ҳайси ғизои гарму нерӯбахш картошка, макарон ва маҳсулоти ордӣ, сабзавот ва на камтар аз яку ним литр нӯшокӣ дар рӯз зарур аст. Истеъмоли гӯшт, моҳӣ ва тухм аз муҳимтарин бахши аминокислотаҳо аст, ки бояд ҳатман дар ғизои ҳафтагии кӯдак ва ҳар калонсол ворид бошад.

XS
SM
MD
LG