Қаҳвахонаи “Кулба” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе макони тафреҳ ва мулоқоти эрониёни муқими Тоҷикистон аст. Ду моҳ пеш ҳангоми зӯҳр дар инҷо теъдоди зиёди эронитаборонро дидан мумкин буд. Аммо наздики зӯҳри 14-уми август ин қаҳвахона муштарии зиёд надошт. Дар ду миз панҷ нафар – ду зану се марди тоҷик – машғули ғизохӯрӣ буданд.
Вокуниши Теҳрон аз ончи ки интизор мерафт, нармтар буд ва ба назар мерасад, Теҳрон дарҳои муколамаро ба рӯи Тоҷикистон боз нигаҳ доштааст.
Дар гӯшае дигар марди тақрибан 35-солаи эронӣ нишаста, аз телефони мобилӣ чизе мехонд. Бо ҳам ошно шудем. Ӯ Алии Зуробӣ ном дошта, тоҷир будааст. Зуробӣ гуфт, кти аз Эрон ба Тоҷикистон бо нияти фурӯши маҳсулоти косметикӣ омад ва агар мақомот иҷозат диҳанд, фурӯшгоҳи маҳсулоти ороиши мӯй ва пӯстро роҳандозӣ хоҳад кард.
Ӯ гуфт, моҳе пеш ба Тоҷикистон омад. “Шунидам, ки рӯзҳои ахир ба далели як идда масоили миёни Тоҷикистону Эрон гӯё дарёфти виза сахттар шудааст. Ҷузъиёташро намедонам. Умед дорем, ҳар мушкиле ҳаст, зуд ҳал шавад. Чун ин ду миллат аз ҳам ҷудоӣ надоранд”, - гуфт Алии Зуробӣ.
Аз равобити бародарона – ба гилаҳои сиёсӣ
Феълан Душанбеву Теҳрон дар тӯли 25 соли охир мушкилтарин марҳилаи равобитро пушти сар мекунанд. Як идда баҳсҳои тиҷоратӣ ва гилаҳои сиёсӣ боис ба тира шудани муносибати ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон шуда, маълум нест, ин сардии равобит то куҷо мекашад.
Агар ин сардӣ дар гузашта танҳо як сардӣ буд ва бо баста шудани баъзе намояндагиҳои фарҳангии Эрон иктифо меёфт, ҳафтаи гузашта Тоҷикистон фаротар рафт ва Теҳронро дар сармоягузории кушторҳои пурсарусадои чеҳраҳои шинохта дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Вокуниши Теҳрон аз ончи ки интизор мерафт, нармтар буд ва ба назар мерасад, Теҳрон дарҳои муколамаро ба рӯи Тоҷикистон боз нигаҳ доштааст. Дар тӯли солҳое, ки Теҳрону Душанбе равобити бародаронаро ба роҳ монда буданд, садҳо шаҳрванди ин ду кишвар дар қаламрави якдигар таълим мегирифтанд, кор мекарданд ва таҷриба меандӯхтанд.
Дар соли 2016 вуруди сармояи Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфт. Мизони табодули мол миёни ин ду кишвар аз 292 миллион доллари соли 2013 то 114 миллион доллар дар соли 2016 кам шуд
Дар Тоҷикистон то чаҳор соли пеш расман 155 ширкати эронӣ сабтином шуда буд, ки дар бахшҳои тиҷорат, энержӣ ва сохтмон кор мекарданд. Сохтмони туннели “Истиқлол” (дар гарданаи Анзоб), ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази ин кишвар мепайвандад ва бунёди нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз тарҳҳои муҳими ин кишвар ба шумор меояд. Моҳи январи соли 2013 шумори эрониҳо дар Тоҷикистон наздик ба 5 ҳазор нафар арзёбӣ мешуд.
Бархе аз эрониён зиёда аз 10 сол аст, ки дар Тоҷикистон муқимӣ шудаанд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, шумораи танҳо донишомӯзони эронӣ, ки аксарият бо ҳадафи пажӯҳишу таҳқиқот ба ин ҷо омадаанд, аз 3000 нафар бештар аст. Ҳудуди 20 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ҳоло дар Тоҷикистон 155 ширкате ҳаст, ки бо сармоягузории шаҳрвандони Эрон фаъолият мекунанд.
Дар соли 2016 вуруди сармояи Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфт. Мизони табодули мол миёни ин ду кишвар аз 292 миллион доллари соли 2013 то 114 миллион доллар дар соли 2016 коҳиш ёфтааст. Аксари эрониҳои бо ҳадафи кору таҳсил ба Тоҷикистон омада бо аҳли хонаводаҳои худ ба сар мебурданд.
Дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Эрон дар Тоҷикистон – як муассисаи дигари эронӣ мегӯянд, ду кишвар муштаракоти зиёди фарҳангиву забонӣ доранд ва изҳори умед карданд, ки “агар робитаҳо
имрӯз бад аст, фардо хуб мешавад”. Бархе дигар аз шаҳрвандони эронии муқими Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ аз мушкили тамдиди виза ҳарф заданд. Аз ҷумла, як хабарнигори эронӣ гуфт, ки маҳз ба ҳамин сабаб маҷбур аст фаъолияти рӯзноманигориашро дар Тоҷикистон қатъ карда , ба кишвараш баргардад. Ду тоҷири эронӣ, ки ба тиҷорати маҳсулоти сохтмонӣ машғуланд, иддао карданд, ки визаи онҳо тамдид нашуд ва онҳо бояд кишварро тарк кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон: Ҳеҷ фишоре болои эрониҳо нест
Мақомот вуҷуди ҳама гуна фишор болои эрониҳои муқими Тоҷикистон ваё сайёҳони ин кишварро рад мекунанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар нафаре, ки низоми раводиди Тоҷикистонро риоя мекунад ва пеш аз хатми мӯҳлати визааш аз пайи тамдиди он мешавад, ба мушкил рӯбарӯ нахоҳад шуд.
Зимнан, як гурӯҳи сайёҳони эронӣ, ки се рӯзи пеш вориди Тоҷикистон шудаанд, мегӯянд, ҳеҷ мушкил ҳангоми вуруд ба ин кишвар надоштанд. Пуёни Муқаддам, як сайёҳи эронӣ, ки ҳоло дар вилояти Суғд қарор дорад, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, раводидро дар Теҳрон дар консулгарии Тоҷикистон ба осонӣ дастрас кардаанд. Ӯ гуфт, дар расонаҳо аз сард шудани равобити Эрону Тоҷикистон зиёд мехонад, вале дар асл ин сардиро зимни сафараш эҳсос накардааст.
“Бо мо ҳам дар фурудгоҳ, ҳам дар роҳ мисли як меҳмон рафтор карданд. Ҳеҷ мушкиле дар сафари худ то ҳол мушоҳида накардем. Мардуми оддӣ ҳам бо мо мисли дӯст рафтор мекунанд. Мо нақша дорем, ки ним моҳ дар Тоҷикистон бимонем”, - гуфт ӯ.
Шумори мусофирон коҳиш ёфтааст
Дар ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, аз соли 2014 ба ин тараф коҳиши шумори мусофирони ҳавопаймоҳои самти Тоҷикистон ва Эронро мушоҳида мекунанд. Самтҳои асосии парвоз – Душанбе, Теҳрон ва Машҳад аст. Ҳамидризо Тоҳирӣ, раҳбари намояндагии ширкати ҳавоии “Осмон”-и Эрон дар Душанбе зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди коҳиши шумори мусофирон дар ин самт ширкат парвозҳоро ҳам коҳиш дод ва ҳоло дар масири Душанбе-Машҳад аз ҷониби ширкати “Осмон” ҳафтае на ду, балки як парвоз анҷом мешавад.
Ӯ гуфт, “бо вуҷуди онки фасли тобистон мавсими саёҳат аст, ҳавопаймои мо бо 98 ҷой пур намешавад. Масалан, дар парвози ахир аз Душанбе 68 мусофир ва аз Машҳад ба Душанбе 70 мусофир доштем. Шояд далели дигар камтар шудани мубодилоти тиҷоратӣ бошад.”
Равобити Тоҷикистону Эрон дар оғози солҳои навадум шурӯъ шуда, замони авҷаш ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод рост меояд. Дар замони ҳукумати ӯ Эрон дар Тоҷикистон нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"-ро сохта, барои роҳандозии телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон иқдом карда буд. Аммо ин равобит соли 2015, баъди моҷарои пули Бобаки Занҷонӣ, миллардери боздоштшудаи эронӣ, қарзҳои Тоҷикистон аз нирӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси Теҳрон ба сардӣ гароид. Дар як соли охир Тоҷикистон фаъолияти тақрибан ҳамаи намояндагиҳои тиҷоративу фарҳангии Эронро масдуд карда ва бо рақиби аслии Эрон дар Халиҷи Форс – Арабистони Саудӣ – риштаи дӯстӣ баст.