Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҳолу ҳавои ид камранг шудааст?


Иддае аз сокинони Душанбе ва Хуҷанд мегӯянд, дар арафаи Иди Қурбон фазои идона эҳсос намешавад. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бозорҳо камиздиҳомтар буда ва нархи маҳсулот низ зиёд боло нарафтааст.

Сокинони бархе аз манотиқи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъулони маҳаллаҳо хонаводаҳоро огоҳ кардаанд, ки бачаҳои худро ба “идгардак” нафиристанд ва чорво забҳ накунанд. Намози Иди Қурбон соати 6-у 30 дақиқаи субҳ дар масоҷиди ҷомеаи кишвар баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти шаҳри Душанбе эълон карданд, ки барои забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон 93 нуқтаи вижа омода шуда ва афроде, ки чорворо дар назди манзили истиқоматӣ забҳ мекунад, аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад шуд.

Муқаддас, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки шавҳараш тоҷир асту зиндагии миёнаҳолон доранд. Вай гуфт, қаблан се-чор рӯз пеш аз идҳои мазҳабӣ омодагӣ шурӯъ шуда ва ҳар хонавода анвои мухталифи шириниҳо, ду-се навъи торт ва кулчаю орзуқ омода мекард. Дар рӯи дастурхон, ба қавли вай, “ҷойи холӣ намемонд”. Ҳоло вазъият комилан тағйир кардааст.

“Имсол вазъият душвор шуд. Ҳам ид омад ҳам мактаб сар шуд. Ба болои ин танзим вазнин шуд. Ҳоло ҳеҷ чиз нахаридам. Фақат орзуқу кулча пухта истодаам”.

Насрулло, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, ки тоза дар бозори маъруфи "Панҷшанбе" барои дастурхони Иди Қурбон сабзавоту мева харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, дар муқоиса ҳатто бо Иди Рамазон, ки охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ таҷлил шуда буд, теъдоди муштариёну харидорон дар бозор кам аст. Яъне, дар бозор фазои идонаи ба мушоҳида намерасад.

Насрулло гуфт: Дар солҳои пеш дар арафаи ид бозори махсус маҳсулоти идона мефурӯхт. Ҳоло ин чиз нест. Рангу таровати қаблӣ ва ҳам гиру дори қабл аз ид ҳам нест. Ҳама аз пайи кору ташвиши зиндагӣ ҳастанд. Гӯё пагоҳ ид набошад. Талабот ки кам аст, нархҳо низ ба таври қобили мулоҳиза боло нарафтаанд”.

Ба гуфтаи вай, дар шаҳри Хуҷанд аз қабл мушкили забҳи чорво дар Иди Қурбон вуҷуд надошт ва сокинон дар маҳалли вижае ин корро анҷом медоданд. Аз ин лиҳоз, дар ин шаҳр ҳушдори мақомот дар бораи ҷаримаи ҳангуфт барои забҳи чорво дар назди биноҳои бисёрошёна ба гӯш намерасад.

Зимнан, мақомоти шаҳри Душанбе эълон карданд, ки барои забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон 93 нуқтаи вижа омода шуда ва афроде, ки чорворо дар назди манзили истиқоматӣ забҳ мекунад, аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад шуд.

“Идгардак” манъ нашудааст

Масъулони Шӯрои уламои исломӣ дар мавъизаи намози ҷумъа рӯзи 25-уми август аз намозгузорон даъват кард, ки бачаҳои худро ба идгардак иҷоза надода ва онҳоро ба мактаб фиристанд. Дар идҳои мазҳабии қаблӣ гурӯҳ-гурӯҳ кӯдакони то 10-сола аз субҳи зуд ба манзили сокинон рафта ва онҳоро бо калимоти “Иди нав муборак!”бо ид табрик мекарданд. Соҳибони манзил дар иваз ба онҳо ширинӣ ё пул медоданд.

Аммо дар Иди Қурбони имсол масъулони идораҳои танзими анъана ва маросимҳо дар маҳаллаҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки дар сурати ба идгардак рафтани кӯдакон, падару модари онҳо ба миқдори 300 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати мароиф ва илми Тоҷикистон ин гуна сару садоҳоро бепоя хонд. “Нафароне дар ҷомеа ҳастанд, ки худ қонунро хуб намефаҳмаду овозаҳо паҳн карда, мардумро ба таҳлука меоранд. Кӯдакони то синни мактабӣ бидуни мушкил идгардак мекунанд. Мактабхонҳо рӯзи дигар истироҳат мекунанд. Охир, ид ду-се рӯз аст-ку”,-афзуд Эҳсони Хушвақт.

Афшини Муқим.
Афшини Муқим.

Аз сӯи дигар, масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон хабари ҷаримаро тасдиқ накарданд, вале гуфтанд, падару модарон барои сари вақт дар мактаб ҳозир шудани онҳо масъул ҳастанд. Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 31 август ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар масъалаи идгардак падару модарон масъулиятро бештар ҳис кунанд. Қонуни "Масъулияти падару модар дар тарбияти фарзандон" дар ин замина татбиқ мешавад. Чун 1-уми сентябр оғози соли нави таҳсил аст, фарзандон бояд ба дарс ҳозир шаванд."

Дастурхони "маънавӣ"-и ид

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми табрикиаш ба мардуми кишвар дар иртибот ба Иди Қурбон хостори оростани “дастурхони хоксорона” дар рӯзи ид шудааст. Ба гуфтаи мақомот, рӯи ин дастурхон нону ширинӣ ва мева гузошта шуда ва сарфи ғизо манъ аст.

Афзун бар ин, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи масоили иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҳангоми муаррифии ислоҳи Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ рӯзи 28-уми август гуфт, “ин дастурхони идона бояд маънавӣ бошад”. Яъне, аз омода кардани хӯрок ва сарфи он худдорӣ бояд кард.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

"Дастурхони маънавӣ оростан, яъне бо аҳли хонавода сари дастурхони оддӣ бо ҳам нишаста, гузаштаҳоро ба некӣ ёд кардан ва дуои хайр аз боби одамияту ахлоқ гуфтан аст. Дониши худро бо таърихи ин идҳои бузург ва он ҳикмате ки аз ҷониби бузургони илму адаб таҳия шудаанд, ғанӣ сохтан мебошад."

Дар ҳамин ҳол, Рустам Гулов, коршиноси мустақил мегӯяд, ки мафҳуми “оростани дастурхони идона” рӯшан нест ва шарҳу тавзеъ мехоҳад. "Кӣ муайян мекунад, кадом дастурхон хоксорона асту кадоме не. Магар комиссияи махсусе ташкил шуда, рӯзи ид ба хонаҳои мардум мегардад? Ин амали ғайриқонунӣ аст. Ин гуна тасмими мақомот як навъ фишори равонӣ болои сокинон ва маҳдуд сохтани озодиҳои мазҳабӣ аст."

Вай гуфт, амалҳои давлат дар қиболи ба истилоҳ "танзими дастурхони идона" мудохила ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ҳисоб меёбад.

Зимнан, намози Иди Қурбон рӯзи 1 сентябр соати 6-у ними субҳ дар масҷидҳои ҷомеаи кишвар адо шуда ва сипас, дар мавзеъҳои махсус сокинони кишвар чорворо забҳ хоҳанд кард. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, дар ин рӯз кормандони милитсия тибқи маъмул дар масҷидҳо ва дар кӯчаҳо назму тартиботро назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG