Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риояи забон ва либоси миллӣ дар маъракаҳо ҳатмӣ шуд. ВИДЕО


Қонунгузорони тоҷик гуфтанд, ки пӯшидани либоси миллӣ намуди зоҳирии иштирокдорони маъракаҳоро ба танзим хоҳад даровард. Тарҳи нави қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, ки рӯзи 28-уми август нахуст дар иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ ва сипас аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуд, аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро муваззаф мекунад, ки дар маъракаҳо “забон" ва "либоси миллӣ"-ро риоя кунанд.

Идеологҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ шудани пӯшиши либоси миллиро навъи муқобала бо гароиш ба ақидаҳои ифротии мазҳабии ба "фарҳанги миллӣ бегона", унвон кардаанд.

Аъзои Маҷлиси Миллӣ дар шарҳи иловаи нав ба қонун гуфтанд, талаботи марбут ба либос ба ҷашну маъракаҳо рабт гирифта ва дар зиндагии ҳамарӯза татбиқ намешавад. Ин дар ҳолест, ки масъулони Вазорати фарҳанг мегӯянд, як комиссияи вижа аз ҷумлаи намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ намунаҳои либосҳои миллиро мушаххас ва пешниҳод хоҳанд кард.

Пофишорӣ ва таблиғи либоси миллӣ дар миёни занони тоҷик чанд соли охир мушоҳида мешавад ва мақомот мегӯянд, таҷрибаи пӯшидани либоси “бегона ба фарҳанги миллӣ” метавонад боиси афзоиши ифротгароӣ дар миёни аҳолӣ шавад. Пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла, ҳиҷобу сатр ва ба тарзи ғайрианъанавӣ бастани рӯймол, аз назари идеологҳои ҳукумати Тоҷикистон, метавонад қадами аввал дар тарғиби аҳидаҳои мазҳабии кишварҳои бегона бошад.

Гузориши видеоӣ: Қонуни танзимро қабул карданд, оқибаташ чист?

Қонуни танзимро қабул карданд, оқибаташ чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи масоили иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҳангоми муаррифии ислоҳи Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ рӯзи 28-уми август гуфт, шахсону ниҳодҳо ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ - забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз кунанд.

Фарҳод Раҳимӣ.
Фарҳод Раҳимӣ.

Вай гуфт: "Мақсад аз ворид кардани иловаи мазкур пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ буда, он ҷиҳати пешгирӣ аз ворид шудани фарҳангҳои бегона, ки зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, инчунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба давлату миллатҳои таҳдид мекунад, равона гардидааст.”

Таҳрири қонун дар робита бо сару либос дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи аввали моҳи август дар саросари Тоҷикистон рейди “фаҳмондадиҳии фарҳанги либоси миллӣ” баргузор шуд. Мақомот Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, ки масъули баргузории ин рейд мебошанд, гуфтанд, танҳо дар пайи кори ду гурӯҳи фаҳмондадиҳӣ бо 8 ҳазор зани ҳиҷобпӯш сӯҳбатҳо анҷом доданд ва аксари онҳо барои тағйири либос мувофиқат карданд. Вале ин рейдҳо ва ҳам ворид кардани меъёри нав ба қонун дар заминаи пӯшидани либосро фаъолони ҳуқуқи башар хилоф бо конститутсия ва поймолкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандон меноманд.

Коршинос: Танзими либос мудохила ба ҳаёти шахсӣ аст

Ҳуқуқшиноси маъруф Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, танзими либоси занҳо ва ҳатмӣ шудани либосҳои миллӣ навъи мудохила ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон буда ва ба Қонуни асосӣ ё Конститутсия ва меъёрҳои байналмилалӣ мухолиф аст.

Ойниҳол Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова.

Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, "ҳуқуқҳои усули шаҳрвандонро на давлат, на ягон ташкилот ва ё шахси мансабдор ҳаққи дахолат надоранд. Масалан, ҳуқуқ барои зиндагӣ, интихоби либос, эътиқод ба дин ва ё узвият дар ягон созмон ба худи шахс вобаста аст. Ин ҳуқуқҳоро Конститутсияи Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ ҳимоят мекунанд. Онҳо кафил ҳисоб меёбанд."

Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе аз талошҳои давлат барои эҳёи либоси миллӣ ва густариши он дар ҷомеаи кишвар истиқбол карда ва гуфтанд, ки ҳар кишвар бо либоси миллии худ ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад. Вале ин амр набояд маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ сурат гирад.

"Муқобили қонун не, мухолифи пӯшиши иҷборӣ ҳастам"

Нисо, як ҷавонзани тоҷик гуфт: "Пӯшидани либоси миллӣ дар тӯю маърака ё идҳо хуб аст. Аз ҷиҳати дигар, ин либос барои кор дар офисҳо либоси расмӣ лозим аст. Дар тамоми дунё либоси миллӣ вуҷуд дорад, аммо дар ҳеч ҷо пӯшидани он маҷбурӣ нест. Муқобили қонун нестам, аммо муқобили маҷбурӣ пӯшидани либоси миллӣ ҳастам."

Мақомоти Тоҷикистон ҳатмӣ шудани пӯшиши либоси миллиро навъи муқобала бо гароиш ба ақидаҳои ифротии мазҳабии ба фарҳанги миллӣ бегона унвон кардаанд, аз пӯшидани либоси “бегона” шурӯъ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоише ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар моҳи майи соли ҷорӣ ба зарурати тақвияти фарҳанги пӯшидани либоси миллӣ ва парҳез аз “либоси бегонаи мазҳабӣ” таъкид карда буд. Ҳукумати Тоҷикистон пӯшидани либоси мазҳабии назири ҳиҷобу сатр ва дигар намунаҳои монанд ба инро ҳамчун нишонаи "бегонапарастӣ" ва "ифротишавии ҷомеа" интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG