Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни тоҷирони тоҷик аз беқурбшавии сӯми узбакӣ


Бонки марказии Узбакистон аз панҷуми сентябр арзиши сӯм – пули миллии он кишварро дар баробари доллари амрикоӣ ва асъори дигари хориҷӣ тақрибан ду баробар коҳиш дод. Ҳоло баҳои 1 доллар ба ҷойи 4210 сӯми қаблӣ ба 8100 сӯм баробар шуд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки беқурбшавии пули миллии Узбакистон ба ҳамкориҳои бештари тиҷоратӣ миёни Душанбеву Тошканд ва арзонии колоҳои итсеҳсоли Узбакистон дар бозорҳои кишвар сабаб хоҳад шуд.

Маъмулан пули сомониро конвертатсия карда, аз тариқи бонк ба Узбакистон мефиристем. Шарикони мо дар Узбакистон ин пулро дар шакли доллар мегиранд. Худо хоҳад, ин навигарӣ ба манфиати тоҷирони мо мешавад.

"Мошинро бо доллар мехарем"

Толори фурӯши мошинҳои ширкати “Ravon”-и Узбакистон моҳи июли имсол дар Душанбе ифтитоҳ шуд. Фаррух Замонов, мудири ин фурӯшгоҳ, рӯзи 5-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, толори мазкур ҳафто нақлиёти сабукравро вориди бозорҳои Тоҷикистон карда, дар тӯли тақрибан ду моҳ беш аз 50-тои онро фурӯхтаанд. Фаррух Замонов гуфт, дар бораи беқурбшавии пули миллии Узбакистон хабар дорад, аммо гуфта наметавонад, ки ин амр ба қимати мошинҳои воридотӣ чи таъсире хоҳад гузошт.

Фурӯши мошинҳои истеҳсоли Узбакистон дар Душанбе
Фурӯши мошинҳои истеҳсоли Узбакистон дар Душанбе

Ӯ гуфт, "ҳоло беқурбшавии сӯм ба нархи мошинҳои толори мо таъсире надорад. Зеро онҳоро як ҳафта қабл аз тариқи пешпардохт ворид кардаем. Аз тарафи дигар, мошинҳои Узбакистонро бо доллари амрикоӣ мехарем. Мумкин аст, дар оянда фурӯши мошинҳои Узбакистон бо пули миллии он кишвар ба роҳ монда шавад. Дар он сурат беқурбшавии сӯм ба поин рафтани нархи мошинҳои воридотӣ боис хоҳад шуд."

"Ин навгонӣ ба манфиати тоҷирони тоҷик аст"

Соҳибкорону тоҷирони тоҷик, ки аз Узбакистон молу маҳсулот ворид мекунанд, мегӯянд, дар бораи беқурбшавии пули миллии ин кишвар тоза хабар ёфтанд. Онҳо гуфтанд, ки феълан наметавонанд дар мавриди таъсири ин раванд ба тиҷораташон қазоват кунанд.

Алишер, тоҷири “Сомонбозор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "одатан сомониро конвертатсия карда, аз тариқи бонк ба Узбакистон мефиристем. Шарикони мо дар Узбакистон ин пулро дар шакли доллари амрикоӣ мегиранд. Худо хоҳад, ин навгонӣ ба манфиати тиҷорати мо мешавад ва нархҳо низ арзон мегардад."

Молҳои истеҳсоли Узбакистон дар бозорҳои Тоҷикистон
Молҳои истеҳсоли Узбакистон дар бозорҳои Тоҷикистон

Алишер аз Узбакистон ба вилояти Суғд таҷҳизоти маишӣ ворид мекунад. Ӯ мегӯяд, дар пайи беҳбуди равобит бо Узбакистон воридоти молҳои он кишвар осон шуда ва монеаҳои сунъӣ дар роҳи интиқоли бор тақрибан аз байн рафтааст. Алишер гуфт, ба далели ҳамсоя будани Узбакистон ва сифати хуб доштан молҳои ин кишвар дар бозорҳои вилояти Суғд харидори зиёд дошта, дар баробари молҳои туркиву чинӣ рақобатпазир аст.

Ҳадаф - аз байн бурдани "бозори сиёҳ"?

Рӯзи панҷуми сентябр бо як дастури президент Шавкат Мирзиёев “Дар мавриди тадбирҳои аввалия дар қиболи сиёсати либераликунонии асъор” Бонки тиҷоратии Узбакистон ба савдои озоди доллари ИМА ва асъори дигари хориҷӣ оғоз кард. Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик, амалиёти девалватсия ё беқуршавии пул дар Узбакистонро барои аз байн бурдани “бозори сиёҳ”-и фурӯши асъор ва боло бурдани мизони содирот як қадами муассир хонд. Ба қавли ӯ, то кунун доираи гардиши пули миллии Узбакистон дар дохили кишвар маҳдуд буд ва ҳоло дар пайи сиёсати “дарҳои боз”-и президент Мирзиёев аз ин маҳдуда берун омадааст.

"Раванди девалватсияи пули миллии Узбакистон метавонад ба рақобатпазир шудани молҳои содиротӣ ва ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратии ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон боис шавад. Зеро девалватсия ба рушди истеҳсоли молҳои ватанӣ дар Узбакистон ва афзоиши мизони содироти ин молҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад", - шарҳ дод ӯ.

Танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе дар моҳи апрели имсол, миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шудааст.

1 сомонӣ = 1000 сӯми узбакӣ

Ба гуфтаи ин коршинос, нобасомониҳо дар бозори асъори Узбакистон, вуҷуди бозори сиёҳ ва тафовути азим дар арзиши воқеии доллару евро дар муқобили курси расмӣ президент Мирзиёвро водор кард, ки ин бахшро низ ислоҳ кунад. Дар давоми як соли кораш дар сари қудрат Шавкат Мирзиёев, ба таъкиди коршиносон, бештар даст ба ислоҳоти иқтисодӣ, ҳаракат дар самти либерализтасияи бозор ва тиҷорати хусусӣ зада, ҳоло талош дорад асъорро дар гардиши озод ворид кунад. “Ин чиз боис ба такон ёфтани тиҷорату соҳибкорӣ дар кишвар мешавад”, - мегӯянд коршиносон.

  • Дар бонкҳои Тоҷикистон низ қурби сӯми ӯзбакӣ дар як рӯз андаке поин омаданд. Агар як ҳафтаи қабл 1 сомонӣ баробари 700 сӯм буд, ҳоло ба 1000 сӯм баробар шудааст.

Феълан бахши узбакии Радиои Озодӣ аз ҷараёни девалватсияи пули миллии Узбакистон ба таври мустақим гузориш пахш мекунад. Як соҳибкор ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳоло дар бонкҳо 1 доллари ИМА 8000 сӯм харидорӣ шуда, 8150 сӯм ба фурӯш меравад. Ҳар нафар метавонад бидуни шиноснома то 1800 доллар харидорӣ кунад. Фурӯши аз ин миқдор зиёди доллар тавассути корти VISA сурат гирифта, доллари харидоришуда ба ин корт мегузарад.

Тоҷикистону Узбакистон - афзоиши додугирифт дар як соли охир

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбакистониаш Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбакистониаш Шавкат Мирзиёев

Дар пайи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев равобити ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя бо шумули Тоҷикистон ба таври назаррас беҳбуд ёфт. Имсол ҳайатҳои иқтисодӣ ва соҳибкорони ин ду кишвар бо ҳам дидор ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд. Танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти кишвар дар Душанбе дар моҳи апрели имсол, миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шудааст. Дар ин намоишгоҳ беш аз 160 ширкат ва ҳудуди 500 соҳибкори узбакистонӣ иштирок карда, ҳудуди 1500 навъи маҳсулоту молҳои саноатӣ муаррифӣ шудаст. Баъди музокироти чандинмоҳа ва танаффуси 25-сола, моҳи апрели имсол парвози ҳавопаймоҳо дар масири Тошканду Душанбе низ ба роҳ монда шуд.

Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000, то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт. Вале бештар аз ҳар чизи дигар сокинони ҳарду кишвар умед доранд, шароити рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар бар асоси шароити сабуктари ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.

XS
SM
MD
LG