Мақомот мегӯянд, айни замон беш аз 252 кӯдаки тоҷикистонӣ дар кишварҳои ҷангзада ба мисли Ироқу Сурия қарор доранд ва ҳукумат саъй дорад, онҳоро бо волидонашон ба ватан баргардонад.
252 кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ
Дар як гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милал, ки рӯзи 30-юми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, "ҳоло дар қаламрави Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳое, ки гирифтори ҷанг ҳастанд, 234 оила иборат аз 840 нафар аз Тоҷикистон қарор доранд. Дар байни онҳо 309 мард, 279 зан ва 110 духтару 142 писар ҳастанд.”
Дар ин гузориш омадааст, ки мақомоти Тоҷикистион тавонистаанд, дар муддати ду соли ахир, аз соли 2015 то моҳи майи имсол, 19 хонавода ва дар маҷмӯъ 61 нафарро аз манотиқи ҷангзада ва аз роҳ ба сӯи Сурияву Ироқ баргардонанд. Ба гуфтаи мақомот, дар миёни ин 61 нафар, 21 нафарашон духтар ва 20 нафар писар будаанд. Дар гузориш омадааст, ки ҳукумат саъй дорад, онҳоеро, ки дар Сурияву Ироқ дармондаанд ва мехоҳанд, баргарданд, ба Тоҷикистон бозпас биёрад.
"Маълум нест, ноболиғони тоҷик дар онҷо чӣ мекунанд"
“Ҳоло дар қаламрави Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳое, ки гирифтори ҷанг ҳастанд, 234 оила иборат аз 840 нафар аз Тоҷикистон қарор доранд. Дар байни онҳо, 309 мард, 279 зан ва 110 духтару 142 писар ҳастанд.
Аввали ҳамин сол Раҷабмоҳ Бадриддинова – ваколатдори ҳуқуқи кӯдак хабар дод, ки даҳҳо хонаводаи тоҷик, ки ба Сурияу Ироқ рафтаанлд, 206 кӯдакро бо худ ба ин кишварҳои ҷангзада бурдаанд. Мақомот мегӯянд, дарёфти иттилоъ дар бораи ин кӯдакони тоҷик ва бахусус дар манотиқи зери дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” бисёр мушкил аст ва маълум нест, тифлон ва ноболиғони тоҷик онҷо чӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон барои ҷалби кӯдакон ба ҷанг ҷазои махсусе муқаррар нашудааст, аммо мақомот мегӯянд, онҳое, ки ҳамин корро мекунанд, бар асоси моддаи 401-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахт мегиранд.
"Набераҳоямро фақат дар хоб мебинам"
Моҳи майи имсол додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ волидони айни се кӯдаки 9, 6 ва 2-соларо, ки азми сафар ба Сурия доштанд ба зиндон маҳкум кард. Абулфайз Вазирови 33-сола ва Моҳира Салимоваи 32-соларо мақомоти Эрон дар вилояти Зоҳидон дастгир карданд ва ба Тоҷикистон баргардонданд.
Наздикони онҳое, ки кӯдаконашонро ба Сурия бурдаанд, мегӯянд, аз сарнавишти онҳо аслан дараке надоранд. Яке аз онҳо Бибиноз Абдураҳмонова – сокини 58-сола ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ чанд пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, набераҳояш Ҳаитгули 9-сола, Оишаи 7-сола ва Абдуллоҷони 4-соларо дар хоб мебинад. Ҳарсе набераи ӯро волидонашон соли 2014 ба Сурия бурданд ва дигар бенишон шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои риояти ҳуқуқи кӯдак ва таъмини амнияти онҳо ва ҷилавгирӣ аз ҷалби онҳо ба ҷангҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ чора меандешанд. Ба гуфтаи мақомоти Вазорати адлия, ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ва аз ҷавобгарӣ озод кардани онҳое, ки довталабона аз ҷангҳои хориҷӣ бармегарданд, яке аз ин чораҳост. Вале ба гуфтаи онҳо, пайдо кардану ба кишвар баргардонидани кӯдаконе, ки дар қаламравҳои зери дасти гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" қарор доранд, мушкил аст, зеро онҷо қонуну назме вуҷуд надорад ва иттилоъ гирифтан ҳам аз ин қаламравҳо имконнопазир аст.
"Занону кӯдаконро бидуни шарт овардан зарур аст"
Маҳдӣ Собир, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, нахуст бояд теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон ва маҳалли будубоши онҳо дар Сурия ва Ироқ мушаххас шавад. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст бо мусоидати ниҳодҳои амниятии Туркия, аз фурудгоҳҳои ин кишвар маълумот ҷамъоварӣ шавад, ки чӣ вақт ва чӣ теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи ин кишвар ба Сурия рафтаанд.
"Занону кӯдаконро бидуни шарту шароит аз манотиқи ҷангзадаи Сурия ва Ироқ берун овардан лозим аст, зеро онҳо гуноҳ надоранд", - афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили минтақавӣ мегӯяд, Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад ҳамаи шаҳрвандони худро ба кишвар баргардонад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон бо шаҳрвандонашон дар Сурия ва Ироқ иртибот надоранд ва намедонанд ин афрод дар куҷо ҳастанд.
Ҳодизода афзуд, "агар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ ба дасти нирӯҳои вижаи Русия ва Туркия рафтанд, онҳоро ба Тоҷикистон таҳвил хоҳанд дод. Русҳо метавонад ба шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус, занону кӯдакон, ки қасди бозгашт ба ватанро доранд, кумак кунад. Масалан, ду соле қабл аз Яман тоҷикон маҳз ба воситаи ҳавопаймоҳои Русия баргаштанд. Русҳо дар Сурия ва Ироқ сафорат доранд, нерӯҳои низомию хадамоти махсус доранд, онҳо кумак карда метавонанд. Тоҷикистон аз чунин имконот бархурдор нест."
Баъди зуҳури гурӯҳи ифротгарои ба ном "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ, дар соли 2015 то кунун беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварҳо рафта ва ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд ва на камтар аз 300 нафарашон ҳам кушта шудаанд.