Дар як соли ахир 6 даъвои додгоҳӣ алайҳи 8 расонаи мустақил бо талаби 1 865 000 доллар ҷубронпулӣ сабт шудааст.
Дар ин рӯзҳои гарми тобистон, эҳтимоли ба маротиб афзоиш ёфтани бемориҳои рӯдаву меъда ва дарунравӣ дар миёни хурдсолон мояи нигаронии ҷомеа ва ба хусус пизишкон шудааст.
Филми «Худкуш»-и коргардони тоҷик Рустам Шоазимов дар як фестивали амрикоӣ ҳамзамон се ҷоизаро дарёфт кард.
Ширкаткунандагони ҳамоише дар Душанбе «Нақши тибби хусусӣ дар хизматрасонӣ ба мардум» -ро ба баррасӣ гирифта ва бар рафъи мавонеъ ва маҳдудият дар роҳи рушди тибби хусусӣ таъкид карданд.
Афзоиши нархи роҳкиро дар Душанбе, ба мавзӯи №1-и сӯҳбати мардум дар хонаву сари бозор табдил шудааст.
Маркази беҳдоштии Тоҷикистон дигарбора аз ворид шудани бозичаҳои зараровар ба саломатии наврасон нигаронӣ кардааст.
Бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, имрӯзҳо дар Душанбе, ҳафтаи мусиқии «Шоҳнома дар мусиқӣ» идома дорад.
Бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ва 100-солагии Фазлиддин Шаҳобов симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад.
Бар пояи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, теъдоди расмии гирифторони бемории ҷоғар дар кишвар аз 80 ҳазор гузаштааст.
Дар муаррифии китоби наваш, шоири тоҷик Гулрухсор розӣ шуд, лаҳзаҳое меҳмони мо бошад.
Вазорати тандурустӢ барномаеро рӯи даст дорад, ки ҳадафи он огаҳии мардум ва ҷилавгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои марбут ба ҳайвонот аст.
Дар Тоҷикистон ҳоло 65 омӯзишгоҳи касбию техникӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 22 000 нафар касбу ҳунар меомӯзанд.
Сар аз соли 2009, рӯзи 20-уми феврал дар саросари ҷаҳон ба унвони рӯзи байналмилалии «Адолати иҷтимоӣ» таҷлил мешавад.
Вазорати беҳдошт мегӯяд, авҷи бемории зуком дар Русия барои сокинони Тоҷикистон ҳам паёмади хуше надорад.
Ҳар субҳ дар аксари маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, садои “ширда биё”, «шири хонагӣ» тавассути занону мардоне шунида мешавад, ки дар даст зарфҳои пур аз ширу қаймоқ дар интизори харидорон ҳастанд.
Филми сохтаи Муҳаббат Сатторӣ - “Афсонаи хоб” ба мавзӯи тарбияи фарзанд ва масъулияти волидон ихтисос ёфтааст.
Элдер Тед, донишманди англис, бо чопи як китоб роҳҳои содаи тарбияи фарзандонро барои хонаводаҳои тоҷик пешниҳод кардааст.
Санъатшиносони тоҷик пажӯҳиши чиҳилсолаи худ дар бораи дирӯзу имрӯзи мусиқии суннатии мардуми вилояти Бадахшонро ба анҷом расонидаанд.
Қутбия Искандарова, сокини шаҳри Душанбе, яке аз даҳҳо занони қобили ҳамл аст, ки бо сабаби фарбеҳӣ гирифтори бемории диабети қанд гаштааст.
Нороҳатии занҳои мариз аз муоина дар назди духтури мард падидаи нав нест. Агар барои гурӯҳе ҷинсияти духтур аҳамият надошта бошад, барои аксарият муҳим аст, ки табобати занҳоро духтури зан анҷом диҳад.
Ёфтҳои бештар