Ва тибқи омори ин ниҳод, ин рақам нисбат ба 3-4 соли гузашта ду баробар зиёд аст. Мутахассисон сабаби ба маротиб афзоиш ёфтани бемории ҷоғарро дар миёни аҳолии кишвар дар тоза нашудан ва йоддор накардани намаки ошӣ медонанд.
ГУСТАРИШИ БЕСОБИҚАИ БЕМОРИИ ҶОҒАР
Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов дар нишасти матбуотии ин вазорат гуфтааст, ахиран 56 тонн намаки бе йоди оширо дар дӯконҳои шаҳру навоҳии кишвар мусодира кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ ва раёсати санитариву эпидемиологии Тоҷикистон аз густариши бесобиқаи бемории ҷоғар дар миёни аҳолии кишвар, хусусан занони қобили ҳамл ва кӯдакон бонги изтироб зада, аз ҳукумат муҷозоти корхонаҳои хусусии тавлиди намакро тақозо кардаанд.
ЧАРО ҶОҒАР?
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, иллати асосии афзоиши бемории хафвноки ҷоғар дар кишвар, тоза ва йоддор нашудани намаки ошӣ ва ба таври қочоқӣ роҳ ёфтани намаки бейод ба дӯконҳо будааст.
Ба гуфта мақомот, бахши аъзами намаки бейод дар корхонахои хусусии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон тавлид мешавад ва болои бастаҳо «намаки коркардшуда ва йоддори ошӣ» навишта шудааст. Теъдоди чунин корхонаҳои хусусӣ дар вилояти Хатлон ҳудуди 40 будааст.
Аҳлиддин Қандаков, мудири бахши ғизои раёсати санитарӣ ва эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар 5 ило 6 корхонаи бузурги тавлиди намаки кишвар то андозае ба ҷиҳатҳои санитарии ин маҳсулоти муҳими ғизоӣ аҳамият дода мешавад ва тибқи талаботи санитарӣ он йоддор карда мешавад, вале аксари корхонаҳои хусусӣ намакро коркард ва йоддор намекунанд ва дар шароити мувофиқ нигаҳдорӣ намекунанд.
Ҷаноби Қандаков афзуд, бо вуҷуди ҳама назорату санҷишҳо ва ҷаримабандиҳои зиёди ин корхонаҳо, ки аз ҷониби раёсати онҳо ва дигар ниҳодҳои масъул сурат мегирад, ҳанӯз ҳам чунин намаки нопоку бейод ба дӯкону мағозаҳои кишвар роҳ меёбад.
Яке аз ниҳодҳои калидии ташхису назорати чунин маҳсулот аз ҷумла намаки ошӣ,идораи “Тоҷикстандарт” аст. Тоҳир Одинаев, яке аз масъулони ин ниҳоди давлатӣ ба ин суол, ки оё теъдоди зиёди намаки йодношудаи корхонахои хусусӣ ба бозорҳо чӣ гуна роҳ меёбанд чунин посух дод: «Мо тамоми маҳсулоти корхонаҳоро месанҷем ва дараҷаи йоднокии онро муайян мекунем, баъд иҷозати фурӯши онро медиҳем. Лекин мардум худаш бояд ғами саломатиашро бихӯрад. Масалан мардум намаки йодорро не, балки бисёр вақт намаки техникиро, ки дараҷаи йоднокиаш кам аст бо нархи арзон мехаранд. Лекин ин камбудӣ воқеан ҷой дорад, ки бо ҳар роҳу восита ин корхонаҳо маҳсулоти нотайёру йоднокардаи худро оварда мефурӯшанд. Мана ба қарибӣ чандто чунин корхонаҳоро бастем ва сардоронашонро ҷарима бастем.»
ПАЁМАДҲОИ НОГУВОРИ НАМАКИ ЙОДНОШУДА
Саидҷаъфар, як фурӯшанда дар Душанбе мегӯяд, қаблан харидорон танҳо нархи намакро мепурсиданд, вале акнун тақрибан ҳама намаки йоддор талаб мекунанд. Вале ӯ афзуд: «Мо аз ҳамон “Сафарсентр” намакро меорем, мо таркиби онро чӣ хел месанҷем.»
Дар ҳамин ҳол мусоҳиби дигари мо, ки худро Раъно муаррифӣ кард, мегӯяд, дар хонаводаи онҳо, ки аз 11 нафар иборат аст, 6 нафар аз бемории ҷоғар ранҷ мебаранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раъно, ӯ худ ҳамшираи шафқат буда, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки намаки йодорро аз дӯконҳо харидорӣ кунад: «Дар болои халтачаҳои намак намаки йоддори ошӣ навишта шудааст. Мо бо дили пур мехарему мехӯрем. Аз куҷо медонем, ки ин навиштаҳо дурӯғ аст ва моро фиреб медиҳанд.»
80 ҲАЗОР ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ ҶОҒАР
Бино ба омори вазорати тандурстии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир теъдоди гирифторони бемории ҷоғар,ки иллати аслиаш истеъмоли намаки бейод аст, ба 80 000 расидааст, ки нисбат ба 3-4 соли пеш ду баробар зиёд мебошад. Ва ба гуфтаи мутахассисони эндокринолог, бахши аъзами гирифторони ин беморӣ занони қобили ҳамл ва кӯдаконанд.
Пизишк Инобат Эшонқулова мегӯяд аксари кӯдаконе, ки гирифтори бемории асаб, камхуниву камвазнӣ ва дигар бемориҳои шадиданд, аз модарони гирифтори ҷоғар ба дунё омадаанд: «Бовар кунед хеле зиёд шудаанд шумори занҳои гирифтори ҷоғар. Ва сабаби аслиаш намаки бейод аст. Инро борҳо мо духтурон гуфтаем ва боз мегӯем. Бояд пеши роҳи ин гирифта шавад».