Ҳафтаи гузашта шаҳрдории Душанбе эълом кард, ки аз аввали моҳи июн нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз 1,5 то 2 баробар афзоиш хоҳад ёфт. Аммо як рӯз қабл аз роҳандозии ин иқдом дар нархномаи роҳкиро
таҷдиди назар сурат гирифт ва нархи баъзе аз хадамот дар нақлиёт поин бурда шуд.
Ин амр ба гуфтаи сокинон ба ҷои осон кардани мушкили онҳо ташвишашонро афзун кард. Ин буд, ки мо ба хотири ошноӣ ба вазъ ва ҳолу ҳавои сокинони пойтахт дар заминаи хадамоти нақлиёти мусофирбар аз чанд нуқтаи пойтахт дидан кардем.
СОКИНОН: "МОРО САРГАРДОН НАКУНЕД"
-Салом, бубахшед, Шумо кадом маршрутро интизоред?
-Мо 8 “а”- ро интизорем ва то фурудгоҳи кӯҳна меравем.
-Манзилатон дар ҳамин ҷост ва ё аз ҷои дигар то ин ҷо омадед?
-Не, хонаамон дар маҳаллаи Зарафшон аст ва то ин ҷо 1 сомонӣ дода омадем, ронанда моро фаровард ва гуфт, ки фақат то ҳамин ҷо меояду тамом. Боз маршрути дигарро интизорем, ки аз ин ҷо моро ба фурудгоҳи кӯҳна барад. Мо ҳайронем ки ин дигаргунӣ ба фоидаи кӣ шуда бошад. Боз мардум азоб мекашад. Ҳамон пулро мегиранд, фақат ки мардумро саргардон мекунанд. Дар як маршрут 1 сомонӣ дода меоӣ, боз фаромада ба дигараш мешинӣ. Барои мо мушкил шуд боз. Мол талаб дорем, ки бигузор ҳамон 1 сомонӣ ё ду сомонии пештараро гиранду лекин моро саргардон накунанд. То охири роҳ моро баранд...
ДОНИШҶӮЁН: "ПИЁДА МЕГАРДЕМ"
Дар истгоҳи Фурӯшгоҳи маркзаӣ низ мардуми зиёде интизори автобус ва маршруткаҳои хатти сайри 8, 12 ва 19 мебошанд, ки аксарашон ҷавонони донишҷӯ ҳастанд. Қисме аз онҳо интизории нақлиётро бефоида дониста, пиёда роҳ сӯи донишгоҳ гирифтанд.
-Духтарҳо салом, Шумо донишҷӯед?
-Бале.
-Чаро пиёда меравед?
-Қариб як соат аст, ки роҳи троллейбусро интизорем. Наомад, маҷбур шудем, ки пиёда равем.
-Ҳоло барои роҳкиро дар як рӯз чанд сомонӣ сарф мекунед?
-Пештар 2 сомонӣ, акнун 4 сомонӣ. Маҷбурем, ки дигар хӯрок нахӯрему гурусна бигардем.
-Стипендия мегиред?
-Не, мо стипендия намегирем. Аз ҳамин пойҳои худамон намонем. Пиёда мегардем. Илоҷи дигар надорем. Ҳам фоида дораду ҳам пуламонро камтар сарфа мекунем...(хандида)
МӮЙСАФЕД: РОҲКИРОИ ТРОЛЛЕЙБУС ЧАРО ҚИМАТ ШУД?
Аммо мусоҳиби дигари мо марди кӯҳансол ва фурӯшандаи яке аз дӯконҳои рӯзномафурушӣ дар маҳалли 82-юми пойтахт аст. Вай мегӯяд, дар рӯзномаҳо хондааст, ки нархи роҳкиро то 9 километр 80 дирам аст, вале ронандаҳо 1 сомонӣ меситонанд. Вай инчунин мегӯяд: "Ана ҳамин троллейбус барои чӣ 70 дирам шуд, ман намефаҳмам. Охир бензин қиммат шудааст, на барқ. Дар ҳамон троллейбус ҳам, масалан, мани маъюбро, ки дастам кор намекунад, писанд ҳам намекунанд ва мегӯянд ту баринҳо бисёранд. Пулашро деҳ, баъд меравӣ. На имтиёзро ба назар мегиранду на инвалидрову на ҳеҷ чизи дигарро. Рӯз то рӯз азоби мо мардуми бечора бештар шуда истодааст."
Аз сӯҳбат бо сокинони пойтахт маълум гардид, ки онҳо бештар аз маршруткаҳо истифода мекунанд ва тайи ду рӯзи ахир низ бесарусомонӣ ҳам бештар дар кори маршруткаҳо ба назар мерасад.
"НА ҲАМА РОНАНДАҲО ТАРТИБОТРО РИОЯ МЕКУНАНД"
Тибқи қарори нави шаҳрдорӣ маршруткаҳо ё мусофирбарони хурд дар
сурати тай кардани 9 километри роҳ бояд аз мусофирон 80 дирам бигиранд, вале агар масири роҳ 18 километрро дарбар бигирад, бояд 1 сомониву 60 дирам пардохт шавад. Вале ин тартиботро на ҳамаи ронандагони маршруткаҳо риоя мекунанд ва худсарона аз мардум 1 сомонӣ ба ҷои 80 ва 2 сомонӣ ба ҷои 1 сомониву 60 дирам мегиранд.
Гузашта аз ин то 9 километр рафта мардумро иҷборан пиёда мекунанд ва мусофирон маҷбуранд, ки боз ба ивази як сомонии дигар ба маршрути дигар савор шуда то манзилашон бирасанд.
Нигаронӣ ва эътирозоти сокинон ҳатто то ба ниҳодҳои марбута расида ва ин аст, ки Хадамоти давлатии назорат аз болои нақлиёти шаҳр, дар пайи шикоятҳои мардум оид ба хидматрасонии нақлиёти ва нархномаҳои нав, аз шаҳрвандон расман даъват ба амал овард, то дар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар ин росто фаъолтар бошанд.
"ШИКОЯТ КУНЕД, АММО ШУМОРАИ МУСОФИРБАРРО ДАҚИҚ ГӮЕД"
Фируз Расулов, сардори Хадамоти давлатии назорат аз болои нақлиёт гуфтааст, аз номи шаҳрвандон ба дасти онҳо низ шикоятҳо расидаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Расулов ин ҳама бесарусомонӣ ва норизогии мардум барои он сар задааст, ки қарори раиси ҳукумати шаҳр Маҳмадсаид Убайддуллоевро як гурӯҳи ронандагон нодуруст фаҳмидаанд. Мушкили аслӣ боз ин аст, ки ронандаҳо поёни масири ҳаракаташонро эълон намекунанд ва ба замми ин аз як сомонӣ 20 дирам ва аз ду сомонӣ 40 дирам бақияи роҳкироро ба мусофирон бар намегардонанд.
Фирӯз Расулов, сарвари ин ниҳоди масъул, расман аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки зимни шикоятҳояшон аз хидматрасонии нақлиёт, номи ронанда ва рақами давлатии мусофирбарро мушаххас намуда хабар диҳанд, то чунин ҳолаҳои қонуншиканӣ аз ҷониби ронандаҳо саривақт ҷилавгирӣ шавад.
"ҲАМААШ ҶОИ ХУДРО МЕЁБАД"
Дар ҳамин хол ронандаи маршрути хатсайри 8 «а» дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфт, ин тағйироте, ки дар нархномаи роҳкиро ворид шудааст, шахсан ӯро ҳеҷ қонеъ намекунад. Вай афзуд, дар як рӯз ба нархи то 60 сомонӣ бензин мерезад, вале даромади якрузааш ҳамагӣ 80 сомонӣ асту халос.
Суоли матраҳ низ ин аст, ки оё аз вазъи ба вуҷуд омада шаҳрдории Душанбе ва дигар ниҳодҳои масъул огоҳ ҳастанд ва ҳукумати пойтахт дар ҳалли ин мушкили мардум чӣ кореро анҷом доданист? Абдуҳомид Шералиев, раиси ширкати «Душанбенақлиёт хадамотрасон» чунин посух дод: «Ин қарор, ки нав баромадааст, ҳамагӣ як рӯз шудааст, барои ҳамин нофаҳмиҳо ба миён омадаанд. Тамоми чораҳоро шаҳрдорӣ андешидааст ва дар рӯзҳои наздик ҳамааш ҷои худро меёбад.»
Бо ин ҳама, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, шаҳрдории Душанберо лозим буд, то бар пояи мақоли «илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ» амал мекард. Ба ин маънӣ, ки нахуст ин тарҳро мавриди озмоиш қарор медод, то сокинон ба мушиклот дар хадамоти нақлиётӣ рӯ ба рӯ намешуданд.
Ин қарор нав баромадааст. Барои ҳамин нофаҳмиҳо ба миён омадаанд. Тамоми чораҳоро шаҳрдорӣ андешидааст ва дар рӯзҳои наздик ҳамааш ҷои худро меёбад...
таҷдиди назар сурат гирифт ва нархи баъзе аз хадамот дар нақлиёт поин бурда шуд.
Ин амр ба гуфтаи сокинон ба ҷои осон кардани мушкили онҳо ташвишашонро афзун кард. Ин буд, ки мо ба хотири ошноӣ ба вазъ ва ҳолу ҳавои сокинони пойтахт дар заминаи хадамоти нақлиёти мусофирбар аз чанд нуқтаи пойтахт дидан кардем.
СОКИНОН: "МОРО САРГАРДОН НАКУНЕД"
-Салом, бубахшед, Шумо кадом маршрутро интизоред?
-Мо 8 “а”- ро интизорем ва то фурудгоҳи кӯҳна меравем.
-Манзилатон дар ҳамин ҷост ва ё аз ҷои дигар то ин ҷо омадед?
-Не, хонаамон дар маҳаллаи Зарафшон аст ва то ин ҷо 1 сомонӣ дода омадем, ронанда моро фаровард ва гуфт, ки фақат то ҳамин ҷо меояду тамом. Боз маршрути дигарро интизорем, ки аз ин ҷо моро ба фурудгоҳи кӯҳна барад. Мо ҳайронем ки ин дигаргунӣ ба фоидаи кӣ шуда бошад. Боз мардум азоб мекашад. Ҳамон пулро мегиранд, фақат ки мардумро саргардон мекунанд. Дар як маршрут 1 сомонӣ дода меоӣ, боз фаромада ба дигараш мешинӣ. Барои мо мушкил шуд боз. Мол талаб дорем, ки бигузор ҳамон 1 сомонӣ ё ду сомонии пештараро гиранду лекин моро саргардон накунанд. То охири роҳ моро баранд...
ДОНИШҶӮЁН: "ПИЁДА МЕГАРДЕМ"
Дар истгоҳи Фурӯшгоҳи маркзаӣ низ мардуми зиёде интизори автобус ва маршруткаҳои хатти сайри 8, 12 ва 19 мебошанд, ки аксарашон ҷавонони донишҷӯ ҳастанд. Қисме аз онҳо интизории нақлиётро бефоида дониста, пиёда роҳ сӯи донишгоҳ гирифтанд.
Хадамоти давлатии назорат аз болои нақлиёти шаҳр, дар пайи шикоятҳои мардум оид ба хидматрасонии нақлиёти ва нархномаҳои нав, аз шаҳрвандон расман даъват ба амал овард, то дар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар ин росто фаъолтар бошанд...
-Духтарҳо салом, Шумо донишҷӯед?
-Бале.
-Чаро пиёда меравед?
-Қариб як соат аст, ки роҳи троллейбусро интизорем. Наомад, маҷбур шудем, ки пиёда равем.
-Ҳоло барои роҳкиро дар як рӯз чанд сомонӣ сарф мекунед?
-Пештар 2 сомонӣ, акнун 4 сомонӣ. Маҷбурем, ки дигар хӯрок нахӯрему гурусна бигардем.
-Стипендия мегиред?
-Не, мо стипендия намегирем. Аз ҳамин пойҳои худамон намонем. Пиёда мегардем. Илоҷи дигар надорем. Ҳам фоида дораду ҳам пуламонро камтар сарфа мекунем...(хандида)
МӮЙСАФЕД: РОҲКИРОИ ТРОЛЛЕЙБУС ЧАРО ҚИМАТ ШУД?
Аммо мусоҳиби дигари мо марди кӯҳансол ва фурӯшандаи яке аз дӯконҳои рӯзномафурушӣ дар маҳалли 82-юми пойтахт аст. Вай мегӯяд, дар рӯзномаҳо хондааст, ки нархи роҳкиро то 9 километр 80 дирам аст, вале ронандаҳо 1 сомонӣ меситонанд. Вай инчунин мегӯяд: "Ана ҳамин троллейбус барои чӣ 70 дирам шуд, ман намефаҳмам. Охир бензин қиммат шудааст, на барқ. Дар ҳамон троллейбус ҳам, масалан, мани маъюбро, ки дастам кор намекунад, писанд ҳам намекунанд ва мегӯянд ту баринҳо бисёранд. Пулашро деҳ, баъд меравӣ. На имтиёзро ба назар мегиранду на инвалидрову на ҳеҷ чизи дигарро. Рӯз то рӯз азоби мо мардуми бечора бештар шуда истодааст."
Аз сӯҳбат бо сокинони пойтахт маълум гардид, ки онҳо бештар аз маршруткаҳо истифода мекунанд ва тайи ду рӯзи ахир низ бесарусомонӣ ҳам бештар дар кори маршруткаҳо ба назар мерасад.
"НА ҲАМА РОНАНДАҲО ТАРТИБОТРО РИОЯ МЕКУНАНД"
Тибқи қарори нави шаҳрдорӣ маршруткаҳо ё мусофирбарони хурд дар
Як ронанда дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфт, ин тағйироте, ки дар нархномаи роҳкиро ворид шудааст, шахсан ӯро ҳеҷ қонеъ намекунад. Вай афзуд, дар як рӯз ба нархи то 60 сомонӣ бензин мерезад, вале даромади якрузааш ҳамагӣ 80 сомонӣ асту халос...