«Сад оҳи як нафас» номи китоби нави шоираи саршиноси тоҷик Гулрухсор аст, ки ахиран дар нашриёти «Бухоро», ки ба ҷойи интишороти «Деваштич» ки бинобар мушкилоти моли фаъолияташро қатъ карда буд, созмон ёфтааст, ба нашр расидааст. Китоб аз гулчини ашъори шоир иборат аст, ки дар солҳои мухталиф, дар лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ ва дар амокини гуногун ба шаддаҳои шеър рехтаанд.
Дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон муаррифии китоби тозанашри Гулрухсор «Сад оҳи як нафас” ва ҳамзамон муарифии ин чопхонаи нав сурат гирифт, ки ба гуфтаи раиси он, Шаҳобиддин Шуҷоиён, танҳо барои нашри беҳтарин ва баргузидатарин осори насриву назмӣ ва таърихӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҳамоиш адибону қаламкашони насли калонсолу ҷавон, адабиётшиносону мунаққидон ва низ дӯстдорони каломи шево ширкат доштанд ва аз ашъори Гулрухсор нақду ситоиш карданд.
Дар ҳошияи ин ҳамоиши ҷолиб мо бо шоири маҳбуб Гулрухсор сари сӯҳбати ихтисосие нишастем.
Суол: Устод, аввало муборак бошад, чопи боз як китоби нав дар интишороти нав. Ва ин китоб, ки саршор аз ишқ аст, мешавад онро як ишқнома низ номид. Шеърҳое, ки дар ин китоби шумо гирд омадаанд, аксарашон аз китобҳои пешини шумо гирифта шудаанд. Бигӯед ки чӣ зарурате пеш омад, ки маҳз ашъори ошиқонаатонро дар як китоб гирд оред?
Гулрухсор: Бале ин китоб гулчини ашъори ошиқонаи ман аст ва медонед, ман онро аслан мувофиқи талаби занҳои одиву нозанину хеле бофарҳанги Кӯлоб интишор кардам. Боре дар як мулоқот маро ин занҳо ба ҳайрат оварданд. Тамоми ашъори маро азёд мехонданд. Ва ба ман гуфтанд, Гулрухсор намешавад, ки ҳамин шеърҳои ошиқонаатро барои мо, ки бо онҳо калон шудему ишқ варзидему хонаву маъво обод кардем, дар як китоб ҷамъ карда нашр кунӣ. Ва ман ҳамин тавр ҳам кардам. Ва шодам, ки ин китоб нашр шуд ва ба дасти ин занҳои хубу нозанин мерасад ва он чизеро, ки гуфта наметавонанд, ман ба ҷояшон гуфтаам.
Суол: Воқеан чизи дигареро ман дар маҳфили муаррифии китоби шумо мушоҳида кардам. Ин буд, ки бештари ҳозирон ҷавонони донишҷӯ буданд. Аслан ҳузури ҷавонони соҳибзавқро Шумо дар маҳфилҳоятон чӣ гуна қабул мекунед?
Гулрухсор: Медонед, шунавандаву ҳаводори асливу аввалину охирини ман ҷавононанд. Як мисол мехоҳам биёрам, ки чанде пеш иттифоқ афтод. Дар донишгоҳи тиббӣ маҳфили шеъри Лоиқро созмон додем. Ҷавонони ин соҳа, ки ба шеър на он қадар сару кор доранд, он қадар ҷавонони бисёре сари баландгӯяк ҳозир шуданд, ки ман ҳайрат кардам. Навбат ба онҳо намерасид. Базӯр баландгӯякро кашида гирифта, шеърҳои Лоиқу маро мехонданд. Ин миллат миллати бузург аст. Мо кӯчаку камтаринем. Мо рӯшанфикр нестем. Мо китобҳои хуб чоп намекунем.
Суол: Бигӯед, ки имрӯз нисбат ба шеъри худ ва шахси худ чӣ гуна муносибатеро эҳсос мекунед?
Гулрухсор: Вақте ки ҷашни устод Рӯдакӣ буд, ман рафтам. Махсус рафтам. Ба Маскав, ба хонаи худам рафтам. Медонед, барои чӣ?
Суол: Барои чӣ?
Гулрухсор: Барои он ки дар пушти устод Рудакие, ки худи ҳукумат, худи давлат дар вақташ кӯраш карда буд, худшона пинҳон карда, ба устод Бозор Собир, ба Қаноат ба Гулрухсор беэҳтиромӣ мекунанд, бираванд бо устод Рӯдакишон ҷашн бигиранд. Инҳо устод Рӯдакиро не, худшона ҷашн мегиранд, худшона намоиш медиҳанд. Ҳама гуфтанд, дар Масков, ки чӣ тавр ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ ҳасту ту дар Ватан нестӣ. Ман гуфтам, ман ҳама корро барои устод Рӯдакӣ кардам, ҳама гапамро гуфтам. Ҳукумате, ки баъд аз 1150 сол гӯё ки Рӯдакиро эътироф мекунаду устод Қаноат ва маро эътироф намекунад, сазовори чунин муносибат аст.
Мо бояд ба он хотир Рӯдакиро ҷашн бигирем, ки ақаллан 10 мисраи ӯро ёфта бошем. Инҳо як мисраи Рӯдакиро намедонанд, намекобанд, тадқиқ намекунанд. Ман аз ҳисоби худам кишвар ба кишвар мегардам, Рӯдакиро мекобам, намеёбам. Мегӯянд китобаш дар куҷое буд, гум шудааст. Инҳо бошанд, меҳмон, зиёфат медиҳанд, аз номи Рӯдакӣ худро таъриф мекунанду Қаноатро паст мезананд.
Суол: Устод,ман аз ҳавои сухани Шумо пай бурдам, ки ҳодисаи охирро дар назар доред. Яъне барканории устод Қаноатро аз Кумитаи давлатии Ҷоизаҳои Рӯдакӣ, на?
Гулрухсор: Бале. Охир бубинед, ҳамин як вазифаҳаки хурд, муовини раиси кумитаро аз вай гирифтанд. Қаноат чандин сол, 30-солаҳо депутати Шӯрои Олии СССР буд, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Узви Кумитаи Марказӣ буд. Шоири миллат аст. Шоири мактабдору соҳибдевон аст. Ҳамаи мо аз мактаби ӯ гузаштаем. Бубинед, ки дар синни 80 даромаддаст, ба ҷое ки мо болои дидаамон, болои дастонамон бигирем ӯро, охир кӣ гуноҳ надорад. Ҳол он ки Қаноат гуноҳ надорад. Ҳар касе ки гуноҳи Қаноатро мешуморанд, гуноҳи Қаноат барои ман савоб аст. Қаноат бисёр хомӯш истод. Қаноат Гулрухсор нест, ки гапашро ҳаррӯз бигӯяд. Вақте ки як бор таркид, набахшиданаш. Вақте ки охирин воситаи нон додани ҳамон мардака, ки дар хонадонаш 20-25 нафар хӯранда дорад, корашро аз дасташ гирифтанд, ман ҳумчун шогирд эътироз мекунам. Мумкин нест ин кора кардан. Барои ҳамин ҳам ҳақ надоранд Рӯдакиро ҷашн гирифтан. Вақте ки Қаноатро, маро, Бозорро паст мезананд, шоиронеро, ки мо барояшон фарҳанг сохтем, паст мезананд, ҳақ надоранд аз Рӯдакӣ гап зананд. Медонед, дар ҳукумат кор кардану сарвару роҳбар будан чӣ маъно дорад? Яъне хизмати халқро кардан аст. Инҳо бошанд, худашонро таъриф мекунанду фарзандони бузурги миллатро паст мезананд, беэҳтиромӣ мекунанд.
Рӯдакӣ қурбони миллат шуд, вале инҳо дар симои Қаноат миллатро таҳқир карданд.
Суол: Шумо гуфтед, ки имрӯз дар маҳфили шумо ҷойи устод Қаноат холӣ буд. Вале боз як ҷои дигар низ холӣ буд. Ҷойи устод Бозор. Вақтҳои охир дар маҳфилҳо зиёд дар мавриди мавқеъгирии сиёсиву идеологии устод Бозор ҳарфҳо зиёданд. Нисбати назарҳои ӯ ба сохти давлатдории Тоҷикистон ва сиёсатмардон. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
Гулрухсор: Инҳо дурӯғ мегӯянд, ки Бозорро дӯст медоранд, дурӯғ мегӯянд, ки Қаноат шоири миллат аст. Дурӯғ мегӯянд, ки Гулрухсорро дӯст медоранд, албатта, ман ҳамон гурӯҳеро дар назар дорам, ки лагандбардори ҳукуматанд. Агар ҳамин шоирон дар дигар кишвар, дар дигар мамлакат, дар дигар муҳит бошанд, ҳаргиз намемонданд, ки моро ин қадар таҳқир кунанд. Бо мушту лагад рафта, онҳоро дифо мекарданд. Лекин агар моро ҳар қадар таҳқир кунанд, баъзе мардуми мо ҳамон қадар хурсанданд. Шумо гумон мекунед, ки маро ин ҷо бисёр дӯст медоранд? Аз соли 1992 ман то имрӯз кор намекунам. Фикр накарданд, ки ман чӣ хӯрдаму чӣ пӯшидам. Фикр накарданд, ки ман бояд зебо пӯшаму ҷавон монаму зебо бошам. Ман агар либоси кӯҳнаву дарвешона пӯшаму қаландарӣ кунам, миллатам қаландар аст. Ақаллан нагуфтанд, ки Гулрухсор, биё дар як боғчаи бачагона бепул ба кӯдакон дарси шеър омӯз. О инҳо парвои шеър надоранд. Гаперо, ки Қаноат нагуфтааст, ман мегӯям. Инҳо дар ҳаққи миллату фарҳанг хиёнат карда истодаанд. Бачаи ҷавон номзадӣ ҳимоят карда истодааст. Тақдираш ҳал мешавад. Инҳо мехезанду мегӯянд, ки ту чӣ ҳақ доштӣ, ки шеъри Бозору Гулрухсора дар рисолаи илмиат мисол овардӣ. Ин бача мепурсад, ки чӣ магар мумкин набуд? Намояндаи ҳукумат мегӯяд, ки инҳо ба миллат хисороти зиёде овардаанд. Хисоротро ба давлату миллат шумо овардед. Мо обод кардему шумо хароб кардед.
Суол: Дар ҳошияи ин гуфтаҳоятон мехоҳам, як чизи дигарро пурсам. Ҳоло дар баъзе маҳофил гапу овозаҳое чарх мезананд, ки гӯё дар мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба сохтмони Роғун дасти шумо ё андешаҳои пешинаи Шумо ҳам ҳаст. Ин гапҳо ба гӯши Шумо расидааст ва чӣ назар доред дар ин бора?
Гулрухсор: Ман ба онҳое, ки мегӯянд, ман намондам, ки Роғунро созанд, гуфтаниам, ки ман тайёрам, дар суди байналмиллаву хеле бонуфуз ва суди кушода худамро ҳимоя кунам. Ин баҳона аст. Охир 20 сол аст, ки дар сари ҳукуматанд, бисозанд Роғуна охир. Хайр ман намондам, дигарон ҳам намонданд? Бо кадом ақл, бо кадом фаросат ин ҳарфро мегӯянд. Магар ягон шоир метавонад намонад, ки Роғуна бисозанд. Магар Евтушенко метавонист, намонад ки Братский ГЭС-ро насозанд. Ё Думбадзе метавонист намонад, ки Ингури ГЭС-ро насозанд? Ин ҳама баҳонаи беҳунариву нотавонбинии онҳост. Кисаҳошона камтар пур кунанд, Роғун сохта мешавад.