Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шашмақом" мардумони гуногунро ба ҳам меорад


Бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ва 100-солагии Фазлиддин Шаҳобов симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад.

Дар ин ҷашнвораи илмиву ҳунарӣ, ки аз 10 то 14-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гурӯҳҳои маъруфи ҳунармандон аз кишварҳои Эрону Афғонистон ва барои нахустин бор аз Арманистону Чин ҳам ширкат хоҳанд кард.

Дар ҷашнвораи имсола китоби сеҷилдаи тозанашри Фароғати Азизӣ, донишманди тоҷик, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон оид ба мактаби
Фароғат Азизӣ
эҷодӣ ва ҳунари нотакрори устоди "Шашмақом" Фазлиддин Шаҳобов муаррифӣ хоҳад шуд.

Фароғат Азизӣ, муаллифи ин китоб ва яке аз дастандаркорони баргузории ҷашнвораи навбатии «Шашмақом» дар шаҳри Душанбе, дар ибтидо ба ин суол, ки ҷашнвораи имсолаи «Шашмақом» чӣ вижагие дорад, гуфт:

Азизӣ:
Вижагиҳои аслии фестивали имсолаи «Шашмақом» дар Тоҷикистон, аввал ин, ки он ба 20 солагии истиқлолияти кишварамон бахшида шудааст ва дигар ин, ки мо 100-солагии устоди «Шашмақом», яке аз асосгузорони ин ҳунари волову қадимии мо, устод Фазлиддин Шаҳобовро низ ба барномаи ин фестивал ворид кардаву ҷашн мегирем. Ин ҷашнвора имсол дар шакли фестивал- симпозиум баргузор мегардад ва бинобар ин дар он аз кишварҳои хориҷӣ ҳам ҳунармандон ва ҳам олимон ташриф меоранд. Ҳунармандон аз Чин, Афғонистону Эрон ва Арманистон меоянд ва олимон бошанд аз Узбакистон, Олмону Амрико ва Ҳоланд ва дигар кишварҳо меоянд. Мутаассифона на ҳамаи олимоне, ки ба мо маърӯзаҳои худро фиристодаанд, иширок карда метавонанд. Мо шакли электронии фестивалро ҳам ба роҳ мондаем. Чуноне гуфтем, яке аз барномаҳои муҳими ин ҷашвора 100- солагии Фазлиддин Шаҳобовро дар бар хоҳад гирифт. Ва чуноне, ки медонем, Фазлиддин Шаҳобов дар рушди «Шашмақом» нақши бисёр бориз доштааст. Масалан он кас ҳанӯз дар солҳои 40-уми асри гузашта мактаби классикии шашмақомро аз Бухоро ба Душанбе кӯчонд ва ба ин васила ин ганҷи бебаҳоро ҳифз кард. Мо хеле шодем, ки тавонистем дар муддати аз 80- солагӣ то 100- солагии ин устоди шашамақом, бойгонии ӯро дар шакли се ҷилди китоб руйи чоп орем.

Фазлиддин Шаҳбов аз шахсиятҳоест, ки ба мушкилоти режими комунистӣ нигоҳ накарда шашмақомро, ки хоси тоҷикон аст, барои меросдоронаш баргардонаду ҳифз созад. Шашмақом илм аст, ки он кас рисолаи «шашмақом»- ро навиштанд, ин мактаб аст, ки он кас шогирдони зиёедеро тарбия кардаанд ва ҳам ҳунари волост, ки он кас ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиоро, ки онро лонаи шашмақом меноманд, таъсис додаанд.

Суол: Вақте аз ҳунару мактаби устод Фазлиддин Шаҳобов ёдовар мешавем, ҳатман номи бузургони дигари ин ҳунар ба монанди Ҳақназар Соибову Бобоқул Файзуллоеву... ба ёд меояд, ҳамин тавр не?

Азизӣ:
Бале, ҳатман. Номи ин се нафар дар як сатҳу дар паҳлӯи ҳам меистанд ва имкони онҳоро ҷудо кардан нест. Ва танҳо ба хотири 100-солагии устод Фазлиддин Шаҳобов ман инҷо аз он кас ёд кардам ва номи ин бузургонро Шоҳназар Соибов ва Бобоқул Файзуллоевро ба забон нагирифтам. Хизмати ин се нафар дар рушди ин ҳунари қадимиву зебои мо тоҷикон, хеле чашмгир аст албатта ва дар ин асари сеҷилдае, ки ба Фазлиддин Шаҳобов бахшида шудааст, аз ин бузургон низ ёд карда шудааст ва ин китоб дар ҳамин рӯзҳои наздик аз ҷоп мебарояд.

Суол: Муаллифи ин асари пажӯҳиши худи шумоед?

Азизӣ: Бале ин асарро ман ба чоп омода кардам, ки аз мақолаву пажӯҳишҳо дар бораи Фазлиддин Шаҳобов иборат аст. Ва ман сари ин асар 14-сол кор кардам ва тайи ин муддат бойгонии он касро омӯхтам, таҳқиқотҳои илмӣ бурдам. Ва медонед барои ин китоб, ки баъди 34-соли вафоти Фазлиддин Шаҳобов рӯи чопро дид, Академияи илмии байналмиллии «Антиквот» дар Афина инро фаҳмида ба ман унвони доктор ва лауреатро доданд, ки чунин миллати фарҳангпарвар будаанд тоҷикон, ки баъди вафоти ҳунарманду донишманд, мероси фарҳангии ӯро қадр кардаву мавриди пажӯҳиш қарор медиҳанд.

Суол: Ин ҷашнвора бо ибтикору мусодидати киҳо баргузор мегардад?

Азизӣ: Ин ҷашнвора бо ташаббусу ибтикори Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон омода ва баргузор мегардад.

Суол:
Воқеан ин иқдоми хайру савобест барои наслҳои имрӯзиву минбаъда. Ва суоли дигар ин аст, дар ҷашнвораҳои пешин Афғонистону Эрон ва Туркияву Озарбойҷон ширкат доштанд, вале Арманистону Чин ба назарам бори аввал аст, бигӯед, ки «Шашмақом» барои ин мардумон, хусусан чиниҳо то куҷо ошносту чӣ умумияте дорад?

Азизӣ: Шашамақом дар кишварҳои гуногун бо номҳои гуногун масалан дар Ҳиндустон бо номи «Роғ», дар Эрон бо номи «дастгоҳ», дар Озарбойҷон бо номи "муқом", дар Арабистон бо номи «Макам» ё «Мақомот», дар Арманистон бо номи «муғом», дар Чин дар миёни уйғурҳо низ бо номи «муқом» машҳур аст. Мактаби «Шашамақом» аз қадим мактаби устоду шогирд аст, ки бо номҳои гуногун машҳуранд. Системаи мактаби шашамақоми мардуми эронинажод сабқи «ҳафт парда» аст, ки дар замони пеш аз ислом, дар замони Сосониён зуҳур кардааст. Вале муҳити ислом онро рушд бахшидааст.

Суол: Бигӯед, ки ҳамин мақоми шарқӣ яъне мақоми мо аз ҷониби кадом олимони хориҷӣ бештар мавриди пажӯҳиш қарор дода шудааст?

Азизӣ: Се симпозиуми машҳур дар Самарқанд, Тошканд ва Душанбе нишон дод, ки олимони зиёди хориҷӣ ба ин ҳунари воло рӯ овардаанд ва онро мавриди тадқиқот қарор додаанд. Вале тадқиқотҳои олимон ҳанӯз дар солҳои 70-ум шурӯъ шуда буд ва дар ҳамон солҳо аз ҷониби олимони Аврупо тадқиқот бурда мақомотро ҳамчун санъати касбӣ бо мусиқии симфонизми аврупоӣ дар як қатор гузоштанд.

Ва мо ифтихор мекунем, ки соҳиби ин санъат ва ин мусиқии зебо мо тоҷикон ҳастем. Ва шумо дуруст гуфтед, ки дар ин фестивал Чину Арманистон бори аввал иштирок мекунанд. Бале, «Шашмақом» мусиқиест, ки қариб барои ҳамаи мардумони дунё азиз аст ва моли худ медонанд онро, чунки решаҳои таърихии он ба бисёр мадумони олам рабт дорад. Ва ин ҷашн ҳамасола як василаи ба ҳам овардани мардумони гуногуни олам аст. Ва василаест, ки олимону ҳунармандонро аз бисёр нуқоти олам дар як ҷо ва сари як миз гирд меорад ва онҳо оид ба паҳлӯҳову решаҳову сабкҳои «Шашмақом» сӯҳбат меороянд ва нақшаи ҳамкориҳои минбаъда ва рафтуомадҳоро мекашанд. «Шашмақом» ҳамин гуна як рисолати неки ҳамгироиву дӯстиву рафоқатро дар худ дорад.
XS
SM
MD
LG