Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замоне ПТУ, акнун омӯзишгоҳ


Дар Тоҷикистон ҳоло 65 омӯзишгоҳи касбию техникӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 22 000 нафар касбу ҳунар меомӯзанд.

Наздик ба 3400 нафари онҳо духтаронанд. Дар ин муассисаҳо, ки дар гузашта ПТУ (профессионально-техническое училище) ном доштанд, шогирдон 96 навъ ихтисосро меомӯзанд. Омӯзишгоҳҳои мазкур сар аз соли 2007 тобеи Вазорати маориф шудаанд. Ин вазорат, ба хотири омода кардани онҳое, ки қасди мардикорӣ дар хориҷи кишварро доранд, давраҳои кӯтоҳмуддат таъсис додааст.

Ағлаби омӯзишгоҳҳо дар заминаи пойгоҳҳои модиву техникии замони шӯравӣ кор мекунанд ва маъмулан муҳассилини бисёр шӯъбаҳо имкони таҷрибаандӯзӣ бо таҷҳизоти замонавиро надоранд. Ҳарчанд қариб ҳамаи ин муассисаҳо бо компютерҳо муҷҷаҳаззанд, ихтисосоҳои зиёде низ ҳаст, ки барои хуб омӯхтанашон ҷиҳози наву замонавӣ зарур аст.

Замоне ПТУ, акнун омӯзишгоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG