Ҳидоят Бишчевич раиси дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи ҳамкориҳо ва аҳамияти Тоҷикистон барои кишварҳои аврупоӣ сӯҳбат кард.
Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар бораи стратегияи нави рушди Тоҷикистон, масъалаҳои ҳуқуқи башар ва мурофиаҳои зиндониҳои сиёсӣ изҳори назар кард.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамосҳои интернети телефонӣ дар саросари ҷаҳон барои гурӯҳе аз хайрхоҳон дар Тоҷикистон имкони роҳандозии тарҳҳои марбут ба кӯмакҳои башариро фароҳам овардааст. Ҳамин тамосҳо буд, ки дар Хоруғ гурӯҳе аз ихтиёриён созмони ҷамъиятии ёрирасон ба эҳтиёҷмандони кӯмакҳои изтирориро роҳандозӣ карданд.
Сокинони “Бартанг”дар яке аз гӯшаҳои баландтарин ва зебое дар кураи Замин зиндагӣ мекунанд. Ин водии воқеъ дар баландии бештар аз дувуним ҳазор метр аз сатҳи баҳр, яке аз маҳаллаҳои дилкаш барои сайёҳон ба ҳисоб меравад.
Масъулони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр” аз бастани шартнома сарпечӣ мекунад ва маблағи суғуртаи ҳатмиро намепардозад. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони ширкати “Тоҷикэйр” мегӯянд, ки фаъолияти “Тоҷиксуғурта” ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ нест.
Масъулони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр” аз бастани шартнома сарпечӣ мекунад ва маблағи суғуртаи ҳатмиро намепардозад.
Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои бозгашт ба таҳсил баъди таътили зимистона, маҷбур шуданд 127 км роҳро пиёда тай карда, дар рӯзи панҷум ба Хоруғ бирасанд. Чор рӯзи аввали сафарро онҳо пиёда тай кардаанд.
Бӯҳрони чандсолаи барқ дар Тоҷикистон имкон надодааст, ки масъалаи бо кадом сифат ба хонаи мардум расондани нерӯи рӯшноӣ ба таври васеъ баррасӣ шавад. Бархе аз сокинон гуфтанд, гоҳо ба далели пасту баландии шиддати нерӯи барқ даҳҳо ҷиҳози хонаашон "аз кор баромада" ва касе ҳам ҷуброни онро напардохтааст.
Бӯҳрони чандсолаи барқ дар Тоҷикистон имкон надодааст, ки масъалаи бо кадом сифат ба хонаи мардум расондани нерӯи рӯшноӣ ба таври васеъ баррасӣ шавад.
Шуморе аз сокинони ноҳияи Ишкошим бо ирсоли як муроҷиатнома ба Маҷлиси намояндагони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҳукумати ин ноҳия тасмим дорад номи онро аз Ишкошим ба Вахон табдил диҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Душанбе имзои чанд созишнома дар назар аст. Дар ҳоле ки таърихи дақиқи боздиди президенти Русия аз Тоҷикистон маълум нест, мақомоти тоҷику рус ин сафарро аз ҳоло "барои ҳамкориҳои ду кишвар муҳим" арзёбӣ мекунанд.
Агар бархеи онҳо тахмин мезананд, ки мавзӯъҳое мисли ҳуқуқи башар ва демократия дувумдараҷа хоҳанд шуд, аммо баъзеи дигар ба оддӣ шудани равобити Вашингтону Маскав бо нигоҳи умед менигаранд ва мегӯянд, аз ин муносибат Тоҷикистон ҳам ҳосили хуб хоҳад бардошт.
Дар Тоҷикистон маросими адои савганди Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби Амрикоро пайгирӣ доранд. Бахусус, коршиносон мегӯянд, бо омадани раҳбари нав дар Кохи Сафед таъсирҳое дар минтақа, бо шумули Тоҷикистон, эҳсос хоҳад шуд.
Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки панҷ сокини минтақаи Вахони ин вилоят бинобар сармои сахт дар ҳолати кома қарор гирифтанд ва барои муолиҷа ба Тоҷикистон мунтақил шуданд.
Дар Тоҷикистон кори банкомат ё мошинҳои ироакунандаи пулҳои нақд ба муштариёни бонкҳои дучори мушкилшуда - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дубора фаъол шуд. Бонки миллӣ ҳам дар хабари расмиаш гуфт, ки муштариён метавонанд ҳаҷми муайяни пулҳои худро рӯзона аз сурат-ҳисобҳои худ дарёфт кунанд.
Дарси Қонуни асосӣ, қонун дар бораи танзими анъана ва масъулияти падару модар барои хонандагони синфҳои 8 ва 9-и мактабҳои миёнаи Тоҷикистон омӯзонда хоҳад шуд.
Бо таъсиси Оҷонсӣ оид ба ҳифзи муҳит зист, Бунёди Оғохон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дунболи кам кардани осебпазирии мардум аз офатҳои табиӣ шудааст. Ҳамасола дар пайи обхезӣ ва омадани сел, садҳо манзили зисти сокинон осеб дида, иқтисодиёти Тоҷикистон зиён мебинад.
Дар як муноқишаи рӯзи 5 январ дар ҷараёни ҷаласаи мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон – мураббии гӯштии тоҷикии ин мактаб Самсон Зарифбеков аз зарби корд ҷароҳат бардоштааст.
Ширкати “Pamir Energy” -- таъминкунадаи аслии нерӯи барқ дар вилояти Бадахшон бо кӯмаки Оҷонсии рушд ва ҳамкории Швейтсария нархи истифодаи барқро барои сокинони ин вилоят дар панҷ моҳи фасли тирамоҳ ва зимистон бо поинтарин қимат пардохт мекунад.
Ёфтҳои бештар