Ширкати “Pamir Energy” -- таъминкунадаи аслии нерӯи барқ дар вилояти Бадахшон бо кӯмаки Оҷонсии рушд ва ҳамкории Швейтсария нархи истифодаи барқро барои сокинони ин вилоят дар панҷ моҳи фасли тирамоҳ ва зимистон бо поинтарин қимат пардохт мекунад.
Сар аз моҳи ноябр то моҳи март “Pamir Energy” аз сокинони вилояти Бадахшон моҳона барои истифодаи 360 киловат нерӯи барқ танҳо 10 дарсад маблағ гирифта ва 90 дарсади онро мебахшад. Ин миқдор барқ, ки ба сокинон ҳамчун субсидия дода мешавад, 70 сомонӣ наздик ба 10 доллари амрикоӣ қиммат дорад.
Ҳотамшо Хушқадамов, сардори департаменти фурӯш ва маркетинги “Pamir Energy” ҳадафи ин иқдомро сарфаҷӯӣ дар истифодаи барқ ва камбуди ангиштсангу ҳезум дар Бадахшон унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, “мардум ба хотири соҳиб шудан ба субсидия барқро сарфакорона истифода мебаранд”.
Маҷид Маҷидов, муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон низ бо таъйиди ин хабар рӯзи чоршанбеи 4 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадафи ин амрро сабукӣ бахшидан ба сокинон ва омӯзонидани шеваи сарфакорӣ дар истифодаи барқу пардохти он унвон кард.
Дар ҳамин ҳол иддае аз сокинони вилояти Бадахшон аз ин иқдом истиқбол карда ва онро дар шароити феълӣ муҳим ва саривақтӣ донистанд. Амриддин, сокини ноҳияи Рӯшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар моҳи ноябр 221 кВт барқ истифода кардааст ва барои он 4 сомониву 91 дирам пардохтааст.
Ҳол он, ки ба гуфтаи ин сокини ноҳияи Рӯшон, дар сурати набудани субсидия ӯ аз 45 то 50 сомонӣ барои ин миқдор барқи истифода бурда, маблағ пардохт мекард. Вай гуфт, “дар баръзе деҳаҳо ҳезум кам аст ва мардум имкони хариди ангиштро ҳам надоранд. Барои ҳамин арзон кардани нархи барқ бисёр ба маврид аст.”
Зимнан, ширкати “Pamir Energy” 11 нерӯгоҳи хурду миёнаи вилояти Бадахшонро мутаҳҳид мекунад ва қисмати бештари ин вилоятро бо барқ таъмин месозад. Ин ширкат ба сокинони Бадахшони Афғонисон низ барқ содир мекунад. Вилояти Бадахшони Тоҷикистон наздик ба 300 ҳазор аҳолӣ дошта, бо Қирғизистон, Чин ва Афғонистон ҳаммарз аст. Аксари масоҳати ин вилоят аз кӯҳ иборат буда ва замини кишти кам дорад.
Зимистон дар ин вилоят низ ба фарқ аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон тӯлонӣ ва сардтар аст. Бо дарназардошти роҳи дарозу мушкил интиқоли ангишт ва дигар навъи сӯзишворӣ ба ин минтақа мушкил аст. Аз ин рӯ сокинони ин вилоят барои гармӣ ва хӯрокпазӣ аксаран аз барқ истифода мекунанд. Барқе, ки ҳоло дар фасли зимистон ширкати “Pamir Energy” бо қиммати хеле поин медиҳад.
Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад.
Ахиран ширкати "Барқи Тоҷик” эълон кард, ки аз 4 январ ба сокинони минтақаҳо дар шабонарӯз 17 соат барқ медиҳанд. Ба иттилои ширкати "Барқи тоҷик" сокинони он минтақаҳои кишвар, бо лимит барқ мегиранд, ҳамакнун аз соати 5-субҳ то 10 шаб бидуни маҳдудият барқ дарёфт хоҳанд кард. Интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳои кишвар пас аз ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе -2", бештар шудааст. Ин марказ рӯзи 8 декабри соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.