Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки панҷ сокини минтақаи Вахони ин вилоят бинобар сармои сахт дар ҳолати кома афтода, барои муолиҷа ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Тай чанд рӯзи ахир минтақаи Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, ки аз ҳарду тарафи марз ҷойгир аст, шоҳиди сардиҳои бесобиқа будааст. Ба гуфтаи мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон, бар асари сардиҳои ахир дар ин минтақа то ба ҳол се зан ва як мард дар минтақаи Вахон ҷони худро аз даст додаанд.
Дафтари матбуоти мақоми вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, ки ду мард зан, ду зан ва як кӯдак бо талоши нерӯҳои марзбонӣ ва аҳолии минтақа ба бемористони ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон интиқол дода шуда ва ҳоло муолиҷа мешаванд. Дар ҳамин ҳол, Хуросонӣ Хуросониев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб бо таъйиди ин хабар гуфт, ин 5 тан аз шаҳрвандони Афғонистон, ки бар асари сардии ҳаво бемор шудаанд, дар ҳоли ҳозир ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд. Ӯ рӯзи 18 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрвандони Афғонистон панҷ рӯз пеш ба беморхонаи ноҳияи Мурғоб интиқол дода шуданд.
Хуросониев дар мавриди бемории онҳо гуфт: “Мағзи сари яке онҳо бар асари фишор кафидааст ва дасту пояш кор накард. Гап зада ҳам наметавонист. Баъди табобат ба гап задан ҳам сар карду дасту пояш ҳам ба кор даромаданд. Шуши як каси дигарро хунукӣ задааст ва ӯ хун туф мекунад”. Ба гуфтаи сардухтури беморхонаи марказии Мурғоб, ҳамроҳи ин шаҳрвандони Афғонистон як духтарчаи 2-сола ҳам ҳаст, ки ба хотири бемории модараш, ногузир ба беморхона интиқол дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир дар кӯҳистони Бадахшони ҳарду тарафи марз барфи зиёд борида, сардии ҳаво то 42 дараҷа поин шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар баёнияе аз хатари канда шудани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва фаромадани тарма ва яхпора ҳушдор дода ва аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои куҳӣ худдорӣ кунанд.
Дар маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сарди ҳаво дар тамоми қаламрави кишвар эҳсос мешавад, вале ҳавои сардтарин дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ хоҳад буд. Ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки дар моҳи январ сардии то 50 дараҷаи зери сифр дар бархе аз минтақаҳои вилояти Бадахшон имконпазир аст. Вале Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати Бадахшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сардии камсобиқа маъмулан дар қуллаҳои баландтарини минтақаҳои кӯҳии Мурғоб ва Бурункӯл мушоҳида мешавад, ки он ҷо одамон зиндагӣ намекунанд.
Cардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб гуфт, сардии ҳаво ба вазъи вазъи саломатии мардуми маҳаллӣ дар ин ноҳия таъсири ҷиддӣ нарасонидааст.
Ноҳияи Мурғоб, яке аз дурдасттарин манотиқи кӯҳии Тоҷикистон дар баландии бештар 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, бо кишварҳои Чин, Қирғизистон ва Афғонистон ҳаммарз аст. Сокинони ин ноҳия мегӯянд, ду рӯзи ахир сардии ҳаво каме поин шудааст, вале ба далели камбуди барқ ва мавқеияти ин ноҳия, дараҷаи сардӣ ба фарқ аз дигар минтақаҳо хеле чашмрас аст.
Ҷамила Кенҷеқулова, як масъули пешини ҷамоати Мурғоб 18 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз дараҷаи сармо дар Мурғоб 35 дараҷа сард буд. Ба гуфтаи ӯ, интиқоли нерӯи барқ аз рӯи реҷа ва ҳам танҳо ба хотири рӯшноӣ таъмин мешавад. Ӯ мегӯяд, барқ дар ин ҷо тамоми сол ба ҳамин шева таъмин мешавад: “Давоми рӯз баъд аз соати 8-и саҳар то 5-и бегоҳ барқ медиҳанд. Қуввати барқ барои пухтани хӯрок намерсад. Барои гармӣ ва пухтани хӯрок аз агиштсанг истифода мекунем.”
Ин сардиҳо дар ноҳияи Мурғоб дар ҳолест, ки ангиштсанг дар бозори ин ноҳия аз 80 дирам то 1 сомонӣ нарх дорад. Султон Парманов, сардабири нашрияи ноҳиявии “Сарикул” мегӯяд, ангиштсанги минтақаи Олои Қирғизистон дар бозори ноҳияи Мурғоб фурӯхта мешавад. Ӯ мегӯяд, бо панҷ нафар аъзои хонаводаи худ дар хонаи иборат аз 2 утоқ зиндагӣ мекунад ва дар тӯли 3 рӯз 120 кило ангиштсангро масраф мекунад. Ӯ дар мавриди сардиҳои ахир гуфт: “Сардии ҳаво то чанд рӯз пеш наздик зери 41-42 дараҷа буд. Ҳоло каме поинтар шудааст. Дар маркази ноҳия ба фарқ аз дигар минақаҳо барф ҳам аст. Вале, сардии ҳаво, масалан, дар минтақаи Аличур то 48 дараҷаи зери сифр мерасад.”
Вале сокинони маҳаллӣ ба ин чолишҳои боду ҳаво кайҳост одат кардаанд ва эҳтиёткорона рафтор мекунанд. Ин аст, ки ба қавли Хуросонӣ Хуросониев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб, сардии ҳаво ба вазъи вазъи саломатии мардуми маҳаллӣ таъсири ҷиддие нарасонидааст.
Мурғоб аз лиҳози масоҳат калонтарин ноҳия дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, вале дар инҷо ҳамагӣ 15 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо ду нафар ба асари осеб дидан дар натиҷаи лағжиши барф дар беморхона бистарӣ шудаанд. “Аммо, чунин нест, ки ба таври оммавӣ мардум ба бемористон муроҷиат кунанд. Дар беморхонаи марказӣ 79 ҷойи хоб аст. Феълан 56 бемор дорем. Беморхона бо дору, ангиштсанг ва ҳезум таъмин аст.”
Ин пизишки ноҳияи Мурғоб мегӯяд дар беморхонаи марказӣ 77 бухорӣ гармиро таъмин мекунанд. “Амалиётҳои ҷарроҳиро бо кӯмаки батареяҳои офтобӣ ва агрегатҳо мегузаронем. Дар сохтори тандурустии ноҳияи Мурғоб 118 бухорӣ истифода мешаванд”,- таъкид кард ӯ.
Мурғоб аз лиҳози масоҳат калонтарин ноҳия дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, вале бо сабаби камбуди оксиген ва фишори паст, каме бештар аз 15 ҳазор мардум дар онҷо зиндагӣ мекунад. 60 дар сади онҳо қирғизтаборанд ва аксар сокинон аз ҳисоби қутоспарварӣ рӯз мегузаронанд.