Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр аз пардохти бима сарпечӣ мекунад". ВИДЕО


Масъулони Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аз бастани шартнома сарпечӣ мекунад ва маблағи суғуртаи ҳатмиро намепардозад. Ин дар ҳолест, ки масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯянд, фаъолияти “Тоҷиксуғурта” ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ нест. Аловиддин Сатторӣ, раиси "Тоҷиксуғурта", рӯзи 6 феврал гуфт, "Тоҷик Эйр" вазифаҳои худро, ки бо қарори ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, иҷро намекунад ва маблағи суғуртаи ҳатмиро намепардозад.

Масъулони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр” аз бастани шартнома сарпечӣ мекунад ва маблағи суғуртаи ҳатмиро намепардозад.

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд қаблан ҳукумати Тоҷикистон 25 миллион сомонӣ қарзи "Тоҷик Эйр" дар назди "Тоҷиксуғурта"-ро аз эътибор соқит кард, баъд аз он ҳам ин ширкат боз маблағи суғуртаро пардохт накард. Сатторӣ афзуд гуфт, маблағи аз соли 2015 напардохтаи ширкати "Тоҷик Эйр" ҳам наздик ба 25 миллион сомонӣ аст.

"Тоҷиксуғурта": Тоҷикэйр аз пардохти бима сарпечӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

"Мо умед доштем, ки роҳбарияти нав вазифаҳои худро иҷро мекунад. Яъне, ӯҳдадориҳои худро дар назди давлат ва ҳукумат иҷро кунад. Шаҳрвандоне, ки бо ширкати "Тоҷик Эйр" парвоз мекунанд, донанд, ки суғурта нашудаанд", - афзуд ӯ.

Қонуни Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатӣ таъкид мекунад, ки он танҳо аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ амалӣ карда мешавад. Инчунин бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 4-уми феврали соли 1999 дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии мусофирони нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан 2 % аз арзиши пули сафар ба маблағи суғуртавӣ 300 каратаи музди ҳадди аққали меҳнат, пардохт мешавад.

А. Сатторӣ: "Тоҷикэйр" бимаи ҳатмиро намепардозад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони ширкати “Тоҷикэйр” дар нишасти хабарии 23 январ гуфтанд, ки фаъолияти корхонаи давлатии “Тоҷиксуғурта” ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ нест. Ба гуфтаи масъулони “Тоҷикэйр”, дар сурати мутобиқ шудани фаъолияти “Тоҷиксуғурта”, онҳо мусофирон ва ҳавопаймоҳои худро дар ин ширкат суғурта мекунанд.

Акбар Шарипов, директори молиявии “Тоҷикэйр” дар нишасти ин ширкат гуфта буд, “Тоҷиксуғурта” санади тасдиқкунандаи бимаро намедиҳад. Ба гуфтаи ин масъули ширкати “Тоҷикэйр”, “мо борҳо ба “Тоҷиксуғурта” муроҷиат кардем, ки фаъолияти худро ба талаботҳои байналхалқӣ мутобиқ кунед ва санадҳои шуморо эътироф кунанд, мо ҳавопаймо, мусофирон ва шахси 3-юмро ба суғурта фаро мегирем.”

Шарипов мегӯяд, “Тоҷикэйр” ба ин далел вуҷуд доштани ин талаботҳо дар “Ориён Иншуренс” бо ин ширкат шартнома баста, ҳавопаймо ва мусофиронро суғурта кардааст. Аммо, Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати "Тоҷиксуғурта" дар нишасти хабарии 6 феврал суханони масъулони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" дар мавриди ин, ки гӯё фаъолияти ин ширкат ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест, нодуруст хонд.

Ба гуфтаи Аловиддин Сатторӣ, дар Тоҷикистон ба ҷуз аз ду ширкати бимаи давлатӣ, 16 ширкати хусусии бима фаъолият мекунанд. Ҷаноби Сатторӣ мегӯяд, аз ин теъдод 4 ширкати бузург баробари “Тоҷиксуғурта” дар рақобат мекунанд ва ҳатто бозорҳои ин ширкати давлатиро ҳам гирифтаанд. Бар асоси омори ин ширкат, соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи намуди суғурта 60 миллиону 380 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.

"Тоҷиксуғурта" ба 16 ҳазору 253 шахси ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба маблағи 15 миллиону 99 ҳазор сомонӣ ҷуброн карда шудааст. Ба гуфтаи раҳбари корхонаи "Тоҷиксуғурта" нақшаҳои пешбинишудаи ин ниҳод дар соли 2016 бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, ҳиссаи “Тоҷиксуғурта” дар бозори суғуртаи Тоҷикистон оид ба воридоти суғуртавӣ 48,7 фоизро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG