Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Бишчевич: Тоҷикистон дарҳояшро боз монад, паёмадашро дар Амстердам хоҳем дид. ВИДЕО


Дипломати аршади аврупоӣ мизони баланди андозбандии ширкатҳои тиҷоратӣ, бахусус ширкатҳои хориҷиро мавриди интиқод қарор дода Тоҷикистонро ба роҳандозии як ислоҳоти густурда даъват кард. Дар як мулоқоташ бо хабарнигорони маҳалливу хориҷӣ рӯзи 10 феврал дар Душанбе, Ҳидоят Бишчевич, раиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ки ба ин сохтори дипломатӣ ахиран даҳҳо ширкати тиҷоратии хориҷӣ муроҷиат карда, аз гаронии молиёт ва санҷишҳои батакрори сохторҳои андоз шикоят кардаанд. Бишчевич гуфтааст, ки дар миёни онҳо – ширкати мухобиротии Tcell, меҳмонхонаҳои «Серена», «Шератон», «Аксессбанк» ва дигарон мебошад. Дар робита бо ширкати Tcell, ки дар пайи як баҳсаш бо Кумитаи

Тоҷикистон бояд ҳамкориашро бо САҲА идома диҳад, чунки ин созмон барои кишварҳои хурд имкони аз минбарҳои баланди саҳнаи байналмилалӣ имкони шунида шудани садояшонро фароҳам меорад

андоз ва ҷаримабандии азим, дар ростои басташавӣ қарор дорад, Бишчевич гуфт, ки аз бозор берун шудани ин ширкат ба зарари худи Тоҷикистон аст.

Ҳидоят Бишчевич дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки дар остонаи муаррифии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 дар баробари мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва СММ дар Брюсселу Ню-Йорк дар моҳҳои наздик, аз ҳукумати Тоҷикистон роҳандозии ислоҳотро дар заминаи кори ширкатҳои тиҷоратӣ ва беҳтар шудани шароити иқтисодӣ тақозо кардааст.

Моҳи сентябри соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди ҷумҳуриро қабул кард, ки тибқи он то соли 2030 Тоҷикистон бояд аз як кишвари аграрӣ ба саноатию аграрӣ табдил шавад. Ин барнома ваъда медиҳад, ки сифати зиндагии шаҳрвандон беҳбуд ёфта, мушкилоти мисли бекорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то андозае ҳалли худро пайдо мекунад.

Ҳидоят Бишчевич ба саволҳои Сайф Сафар посух медиҳад
Ҳидоят Бишчевич ба саволҳои Сайф Сафар посух медиҳад

Дар ҳошияи сӯҳбати Ҳидоят Бишчевич бо хабарнигорон, Радиои Озодӣ аз дипломати аврупоӣ дархост кард, ки дидгоҳҳои худро ба ин стратегия, саҳми ИА дар он, ҳалли масоили марбут ба ҳуқуқи башар ва дигар чолишҳо баён кунад.

Истиқбол аз стратегияи нави рушд дар Тоҷикистон

Ҳидоят Бишчевич: Мо аз талошҳои Тоҷикистон дар амри таҳияву эҷоди стратегияи нави рушд истиқбол мекунем. Ин санад омодагии Тоҷикистонро барои ворид шудан ба марҳилаи нави рушд ба намоиш мегузорад ва на танҳо ба хотири вазъи феълии иқтисоди ин кишвар, балки ҳамчунин ба хотири чолишҳои ҷаҳоние, ки бисёр кишварҳои ҷаҳон,

Ҳидоят Бишчевич

Ҳидоят Бишчевич – дипломати хорват 65 сол дошта, зодаи шаҳри Сараевои Югославияи собиқ аст. Дар гузашта ба ҳайси журналист ва сардабири нашрияи "Vjesnik" ва таҳлилгари сиёсӣ ва масоили байналмилалӣ кор кардааст. Муаллифи китоб ва таҳқиқоти сиёсӣ роҷеъ ба сабабҳои пошхӯрии Югославия, инқилоби исломии Эрон ва ҷанги Эрону Ироқ аст. Дар соли 1992 ба фаъолияти дипломатӣ гузашт ва корро дар вазорати хориҷаи Хорватия аз мақоми раиси департаменти Осиё ва кишварҳои арабӣ шурӯъ кардааст. Баъди ин солҳои мухталиф дар вазифаҳои сафири Хорватия дар Туркия ва Русия кор кардааст. Аз соли 2014 - раиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон аст.

аз ҷумла Тоҷикистон бо он рӯбарӯ шудаанд. Ин чолишҳо марбут ба амният, набуди субот дар бозору иқтисод ва дигар мушкилоти зиёд аст, ки Тоҷикистон ҳоло бо онҳо муқобила мекунад. Як бахши ин чолишҳо ҳанӯз ҳам мероси солҳои баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон аст. Ман дар ин кишвар беш аз 2,5 сол аст, ки зиндагӣ мекунам ва худам ҳам аз як кишвари аврупоие омадаам, ки ҷангро пушти сар кардааст. Мо ҳам аз марҳилаи баъди коммунистӣ гузаштем ва душвориҳои пушти сар кардани ин мушкилотро хуб дарк мекунем. Баъди касби истиқлолият ва ихтилофҳои дохилии замони ҷанги шаҳрвании ин кишвар, он солҳо Тоҷикистон ҳанӯз рушднокарда буд. Ин ҳодисаҳо паёмадҳои хеле сахти башариву иқтисодӣ дар пай дошт. Тоҷикистон тахминан 10 соли рушдро аз даст дод. Ҳатто худи мавҷудияти ин кишвар таҳти хатар буд. Баъди созишномаи сулҳ ин кишвар ба марҳилаи мусолеҳаи миллӣ ва мудирияти баъдиҷангӣ ворид шуд. Ин кишвар тоза ба марҳилаи рушд қадам гузошт, ки иқтисоди ҷаҳон дучори бӯҳрон шуд, иқтисодиёти Русия заъиф шуд, дар бозори ҷаҳонӣ нархи алюминиум ва пахта поин рафт. Ҳоло ин кишвар ба ҳолате расидааст, бояд аз зону бархезаду ба пои худ мустаҳкам биистад. Аз назари ман, ҳоло зарур аст, ки раҳбарияти ин кишвар аз пайи иҷрои як дидгоҳи фарогири стратегӣ бошад, кишварро пурқудрат кунад ва ба ҳадде ба он нерӯ бубахшад, ки тавонад ба чолишҳои беруна посухгӯ шавад. Аз назари зоҳирӣ, Тоҷикистон фарсахҳо дур аз Иттиҳодияи Аврупо аст, кишвари нисбатан хурд аст.

Дипломати аврупоӣ мегӯяд, Тоҷикистон кишвари муҳим аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:51 0:00

Вале мавқеияти геополитикии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ бо 1400 км марзи муштаракаш бо Афғонистон, маконе, ки бозигарони атрофи ин кишвар ҳадафҳои мухталифро дунбол мекунанд – аҳамияти сиёсиву амниятии Тоҷикистонро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон хеле муҳим мекунад.

Боре дар як сӯҳбат як дипломати амрикоӣ ба ҳангоми боздидаш аз Душанбе аз ман пурсид, ки “чаро Тоҷикистон бояд барои мо муҳим бошад?”. Ман ба ӯ гуфтам, ки агар дарҳои Тоҷикистон бо зарби нерӯ боз шаванд, паёмадҳои онро ба шакли 5000 килограмм маводи мухаддир дар Амстердам хоҳем дид. Ин макон ба як манбаи эҳтимолии дигари муҳоҷирон табдил мешавад. Аз ҳамин хотир ҳам, то андозае Тоҷикистон як кишвари муҳим аст. Ин кишвар дар рӯи як вулқон нишастааст, ки ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Аз ҳамин хотир ҳам, мо аз иродаи сиёсии мақомоти Тоҷикистон истиқбол мекунем, ки омода ҳастанд иқтисоди ин кишварро ба марҳилаи тадриҷии худкифоягӣ ворид мекунанд, то ки ин кишвар тавонад дар муқобили чолишҳои беруна посухгӯ бошад ва зиндагии шоиставу беҳтарро барои шаҳрвандонаш фароҳам оварад.

Аврупо ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Радиои Озодӣ: Ҳоло шумо гуфта метавонед, ки мушаххасан рӯи кадом ҳадафҳои ин стратегияи миллӣ мехоҳед бо Тоҷикистон кор кунед?

Ҳидоят Бишчевич: Кӯмаки аввалиндараҷаи мо дар музокироти пайвастаи байни сохторҳо аст. Баҳори имсол нишасти шӯрои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад ва дар ин нишаст роҳҳои мушаххаси кӯмак ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Шояд шумо хабар доред, ки ҳукумати Тоҷикистон аз Иттиҳодияи Аврупо ва СММ даъват кардааст, ки муштаракан дар татбиқи стратегияи миллии рушд барояш кӯмак кунанд. Баъди ин нишаст зеркумитаи ҳамкориҳо ба хотири рушд даст ба кор мешавад ва ин зеркумита миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо барои баррасиву ироаи кӯмакҳои амалӣ сафарбар мешавад. Дар марҳилаи чор-панҷ соли баъдӣ тамаркузи мо сари амиқтар кардани ислоҳот дар низоми маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона мешавад.

"Ҳуқуқи инсон бароямон муҳим аст"

Радиои Озодӣ: Солҳои охир созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дар заминаи маҳдуд шудани озодии баён ва пешрафтҳои демократӣ Тоҷикистонро зиёд интиқод мекунанд. Оё дар стратегияи миллии рушд ҳамин масъалаҳо ҳам пешбинӣ шудаанд?

Ҳидоят Бишчевич: Ман ба ин савол чунин посух медиҳам. Яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарин – ҳуқуқ барои рушди иқтисодӣ аст. Дар шароити

Боре дар як сӯҳбат як дипломати амрикоӣ аз ман пурсид, ки “чаро Тоҷикистон бояд барои мо муҳим бошад?”. Ман ба ӯ гуфтам, ки агар дарҳои Тоҷикистон бо зарби нирӯ боз шаванд, паёмадҳои онро ба шакли 5000 килограмм маводи мухаддир дар Амстердам хоҳем дид. Ин макон ба як манбаи эҳтимолии дигари муҳоҷирон табдил мешавад. Ин кишвар дар рӯи як вулқон нишастааст, ки ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

набуди рушди иқтисодӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша мушкил вуҷуд хоҳад дошт. Бидуни рушди иқтисодӣ ҳамеша хатари фаъолиятҳои мухталифи мақомоти давлатӣ ва эҳтимоли эҷоди тафриқа дар ҷомеа пеш меояд. Ба ҳамин хотир, ман бовар дорам, ки барои рушди иқтисодӣ ва беҳбуди муҳити иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хеле муҳим аст, ки ҳуқуқи инсон пурра риоя шавад, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуоти озод фаъолияти комил дошта бошад. Як чизро набояд фаромӯш кард, ки бояд тавозуни байни таъмини суботи амниятӣ ва гуногунандешии сиёсӣ, демократия ва ҳуқуқи инсон риоя шавад. Аз дидгоҳи Иттиҳодияи Аврупо, мо чолишҳои марбут ба амнияту субот ва хатарҳоеро, ки Тоҷикистон бо онҳо рӯбарӯ аст, дарк мекунем. Вале мо ҳеҷ гоҳ тарафи дигари ин сиккаро оид ба таъмини ҳуқуқи башар фаромӯш нахоҳем кард. Ман ошкоро мегӯям, ки барои иҷрои стратегияи нави рушд як созиши нави миллӣ лозим аст. Масъулияти ояндаи як кишвар наметавонад танҳо марбут ба ин ё он бахши ҷомеа бошад. Аз назари ман, Тоҷикистон бояд як дарки нави миллиро пайдо карда кишварро ба самти рушд ҳаракат диҳад. Хушбахтона, мо бо Тоҷикистон тавассути ду роҳ музокира мекунем. Роҳи аввал - дар чаҳорчӯби масоили амниятӣ бо раҳбарияти баландпоя аст ва дигар формати гуфтугӯ – масоили ҳуқуқи башарро дар бар мегирад. Ҳамин ду чаҳорчӯб роҳи ҳамкориҳои фаъоли моро фароҳам меорад.

Ояндаи САҲА дар Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?

Радиои Озодӣ: Аз рӯи маълумоти шумо, оё масъалаи тамдиди кори САҲА дар Тоҷикистон ҳалли худро пайдо кард?

Ҳидоят Бишчевич: Ин савол марбут ба САҲА аст, албатта. Ман ҳоло хабар надорам, ки оё музокироту машваратҳои миёни САҲА ва ҳукумати Тоҷикистон то куҷо расидааст. Танҳо умедвор ҳастам, ки як муомилае ҳосил хоҳад шуд. Шахсан худам умедворам, ки ҳузури расмии ин созмон тамдид мешавад. Инчунин шахсан умед дорам, ки дар мандати кори ин созмон бо назардошти воқеиятҳои имрӯзаи Тоҷикистон таҳрире ҷорӣ

мешавад. Албатта, сӯҳбат дар ин мавзӯъ дар салоҳияти ман нест, вале модоме, ки аз ман пурсидед, мегӯям, ки САҲА ба ин кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ворид шуд. Рисолати ин созмон дар ин муддати беш аз 20 сол ҳамонгуна боқӣ мондааст. Дар ин байн кишвар хеле дигар шуд. Тағйироти ин кишвар, ба назари ман, бояд дар барномаҳои кории САҲА ҳам инъикос шавад. Аз назари муносибати умумии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалиаш, ба назари ман, Тоҷикистон бояд ҳамкориашро бо САҲА идома диҳад, чунки ин созмон барои кишварҳои хурд имкони аз минбарҳои баланди саҳнаи байналмилалӣ имкони шунида шудани садояшонро фароҳам меорад.

Сарнавишти зиндониёни сиёсӣ

Радиои Озодӣ: Дар гузашта Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон сарнавишти зиндониҳои сиёсӣ ва зарурати шаффофияти додгоҳҳои онҳоро тақозо карда буд. Яке аз ин нафарон вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров аст. Шумо ҳоло дар робита бо сарнавишти онҳо чӣ огаҳие доред?

Ҳидоят Бишчевич: Ин мавзӯъ яке аз мавзӯъҳои музокироти мо бо ҳукумати Тоҷикистон аст, ин ҳақиқат аст. Мо аз онҳо шаффофияти муҳокимаҳои додгоҳиро тақозо карда будем. Мо табиати қонунҳои Тоҷикистонро медонем. Тоҷикистон метавонист дар таъмини шаффофият ва адолати бештари додгоҳӣ иқдом кунад. Бояд эътироф кунам, ки феълан чизи бештаре дар ин замина гуфта наметавонам. Сабабаш ин аст, ки мо тамоми ҷузъиётро намедонем, чунки мо дар бораи худи ин қазияҳо маълумоти кофӣ надорем. Аз ҳамин хотир ҳам мо аз шарҳи ин қазияҳо худдорӣ мекунем. Вале мо дар музокирот бо мақомот, бахусус бо додситони кулл ҳастем ва аз боз будани ин музокирот истиқбол мекунем. Як чизе, ки хусусияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупоро вижа мекунаду шояд дар таҷрибаи ҳамкориҳои дигар нуқоти ҷаҳон дида намешавад, ин аст, ки мо бо вуҷуди доштани мавқеиятҳои мухталиф, ҳамеша бо ҳамдигар метавонам хеле бозу самимӣ сӯҳбат кунем.

XS
SM
MD
LG