Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои бозгашт ба таҳсил баъди таътили зимистона, маҷбур шуданд 127 километр роҳро пиёда тай карда, дар рӯзи панҷум ба Хоруғ бирасанд. Чор рӯзи аввали сафарро онҳо пиёда тай кардаанд. Барфбориҳои шадиди ҳафтаҳои охир водии баландкӯҳи Бартангро дар вилояти Бадахшони дар ҳолати ногувор қарор додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳам мегӯяд, ки мизони боришот дар ин минтақа имрӯзҳо хеле бештар аз меъёр аст ва зиндагиву ҳаракати мардум таъсиргузор шудааст.
Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои бозгашт ба таҳсил баъди таътили зимистона, маҷбур шуданд 127 километр роҳро то Хоруғ пиёда тай кунанд.
Даҳҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, ки барои бозгашт ба таҳсил баъди таътили зимистона шитоб доштанд, маҷбур шуданд рӯзи 29 январ пиёда аз деҳаи Рошорв ба роҳ баромада, то деҳаи Шуҷанд 127 км роҳро тай кунанд.
Дарси онҳо рӯзи 26 январ шурӯъ шуда буд, вале ин 35 донишҷӯ танҳо 2 феврал тавонистанд баъди 5 рӯз, ба Хоруғ бирасанд. Чаҳор рӯзи аввали сафар онҳо пиёда ҳаракат карда рӯзи панҷум аз рустои Шуҷанд, ки дар канори роҳи Хоруғ ҷойгир аст, худро бо мошин ба донишгоҳ расониданд.
Чор рӯз дар роҳ
Фозил Аюбов, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии Хоруғ рӯзи 3 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи онҳо аз 35 нафар иборат буда, бештарашон аз рустоҳои дурдасти Рошорв ва Ғудараи Бартанг буданд. Ба гуфтаи ин донишҷӯ, онҳо тӯли 4 рӯз дар роҳ буданд ва шабро дар хонаҳои хешу наздикони худ дар рустоҳои поёнӣ рӯз мекарданд. Фозил гуфт, “як гурӯҳи дигари донишҷӯён ҳам ҳанӯз дар роҳ аст ва феълан дар минтақаҳои дур аз тамоси телефонӣ қарор доранд. Дуо мекунем, ки сиҳату саломат бирасанд.”
Ба гуфтаи Фозил, ба фарқ аз гурӯҳи онҳо, гурӯҳи дигари донишҷӯён 11 рӯз боз дар роҳанд ва наметавонанд худро ба донишгоҳ бирасонанд. Фозил мегӯянд, ки дар гурӯҳи 35-нафарии ҳамроҳони ӯ, 15 нафарашон духтарон буданд ва аксарият ҳоло бинобар сармохӯрдагӣ ва варами пой, бистарӣ мебошанд. Ин донишҷӯ мегӯяд, ки дар роҳ хеле азоб кашиданд ва роҳҳоеро тай карданд, ки хатарнок ва одамгузар набудааст. Онҳо рӯзе то 30 километро роҳ тай кард, шабро дар манзили сокинони деҳаҳои канори роҳ рӯз мекарданд.
Баъди таътили зимистона ба далели боришоти зиёд ва баста будани роҳҳо, се рӯз аз дарс қафо монданд ва билохира тасмим гирифтанд, ки донишҷӯёни водии Бартанг гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда ва ба роҳ бароянд. Онҳо бовар доштанд, ки роҳҳо ба зудӣ боз намешаванд ва барои муддати тӯлонӣ аз дарс дер мемонанд.
Барфбории зиёди рӯзҳои ахир ҳаракати шаҳрвандонро дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, аз ҷумла роҳи Душанбе-Хуҷанд ва қитъаҳои роҳ ба самти Хоруғ бо мушкил рӯбарӯ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 3-юми феврали ҳукумат, ба масъулин сохторҳои зирабт барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дастурҳо додааст.
Таътил дар мактабҳои Рӯшон
Бо сабаби барфи зиёд ва пешгӯиҳои ин, ки рӯзҳои наздик ҳам боришот кам намешавад, дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон дарс дар мактабҳо муваққаттан таътил шудааст. Додхудо Сайнаков, раиси дастгоҳи ҳукумати Рӯшон дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, дар ин ноҳия кори мактабҳо барои 2 рӯз қатъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, инчунин ба сокинони водии Бартанг ҳам дастур шудааст, ки дар масири Бартанг-Рӯшон ҳаракат накунанд.
Камбуди ғизо дар Бартанг
Номусоидии ҳаво дар қиёс бо дигар манотиқи кишвар бахусус ба зиндагии сокинони водии Бартанг таъсиргузор шудааст. Роҳҳои атроф баставу манзилҳо зери барфанд ва бархе рустоҳо мегӯянд, ки захираи ғизо кам мешавад.
Мамадзамон Мушкиев, соҳиби дӯкони хӯрокворӣ дар деҳаи Рошорв дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, дар дӯкони ӯ чизе намондааст. Ӯ мегӯяд дар ин деҳа 2 фурӯшгоҳ барои 170 хоҷагӣ ва тахминан 1200 нафар хизмат мерасонанд. Мушкиев гуфт, ки баъди шурӯи барфрезии шадид мардум саросема ба захираи анвои аслии хӯрокворӣ шурӯъ карданд.
“Мардум бештар барои харидани равған, шакар, гӯгирд, чойи хушк, намак, биринҷ ва молҳои дигари мавриди истифодаи рӯзмарра меоянд. Роҳ баста аст ва ман барои харидани маҳсулот ба берун рафта наметавонам. Моҳи феврал роҳ баста мемонад. Солҳои Шӯравӣ бо чархбол ба инҷо маҳсулот меоварданд”,-гуфт Мушкиев.
Ҳушдор аз сардиҳо
Дар ҳамин ҳол Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода 3 феврал дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, бар асари тармафароии зиёд роҳи Ишкошим-Хоруғ ва Дарвоз-Хоруғ баста аст. Дар пай резиши тарма ва барфбориҳо дар километри 46 то 65-ум, рафтуомади мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд низ аз нав қатъ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол ҳавошиносон барои рӯзи 4 феврал ҳавои номусоидро пешбинӣ кардаанд. Дар ҳамин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба манотиқи хатарноки тармахез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд, Зеро хатари лағзиши тарма дар роҳҳо ҳамоно зиёд аст. Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки тайи рӯзҳои оянда ҳаво дар саросари кишвар сард мешавад.
Дар пайи боришоти як ҳафтаи ахир ва тармафароӣ, 8 нафар, аз ҷумла 2 нафар дар Бадахшон ва 6 нафар дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони худро аз даст додаанд
Кумакхоҳии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 1 феврал дар як муроҷиаташ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муқобила бо офатҳои табиӣ ва кӯмаки башарӣ ба мардуми офатзада дархостӣ ёрӣ кард. То ҳанӯз барои матбуот маълум нест, ки чӣ давлат ё созмоне барои ироаи кӯмак ба ин кишвар изҳори омодагӣ кардааст. Вазорат дар ин муроҷиатнома бо такя ба омори Маркази ҳавошиносии кишвар гуфт, ки дар пайи боришоти шадиди рӯзҳои ахир, меъёри боридани барф дар минтақаҳои кӯҳииТоҷикистон то 170 дарсад бештар аз нишондодҳои солҳои гузашта будааст. Захираи қабатҳои барфӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 168 дарсад, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Зарафшон 322 дарсад, Вахш 148 % ва дар саргаҳи рӯдхонаи Панҷ 156 фисадро ташкил додааст.