Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои мактаби варзишии Рӯшон ё чаро Самсон корд хӯрд?


Ҷаласаи як мактаби варзишӣ дар ноҳияи Рӯшони Бадахшони Кӯҳӣ бо ҷароҳати як мураббии ин мактаб анҷомид. Дар ҳоле, ки ҷабрдида ҷарроҳӣ шудааст, гумонбарон боздошт шудаанд.

Муноқиша рӯзи 5 январ дар ҷараёни ҷаласаи мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон сар зад. Дар паи моҷарои лафзии миёни мураббиён ва раиси тозаъайини мактаб, муррабии гӯштии тоҷикӣ Самсон Зарифбеков аз зарби корд ҷароҳат бардошт. Дар ин бора радиои Озодӣ аз ширкатдорони ин ҷаласа хабардор шуд.

Падари варзишгари маҷрӯҳшуда Ғофилбек Зарифбеков гуфт, ки Самсон аз ноҳияи қабурғааш захм бардошта, феълан дар беморхонаи

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад

вилоятии шаҳри Хоруғ қарор дорад. Ғофилбек Зарифбеков, ки то 30 ноябри соли гузашта дар мақоми директори ин мактаб кор кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби сар задани муноқиша мухолифати се муррабии варзишӣ (Хушвақт Дастамбӯев, Меҳрубон Дастамбӯев ва Тайғун Тайғунов) бо таъйини раҳбари нави мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон будааст.

Ихтилоф бо таъйини раиси нави мактаби варзишӣ

Манобеи радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар ин ҷаласа Бовар Шуҷандиҷов ба ҳайси директор таъйин шуд, вале Хуш Дастамбӯев ва чанд нафари дигар барои таъйин шудани аввалӣ мухолифат кардаанд. Як манбаи радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Бадахшон гуфт, ки воқеан ҳам моҷаро бар сари таъйини раҳбари нави мактаби варзишӣ бархост. Самсон Зарифбеков баъди корд хӯрданаш рӯзи 6 январ амалиёти ҷарроҳӣ дид ва вақте ба худ омад, гуфт, ки мехоҳад, ки қазияро аз роҳи мусолиҳа ҳал кунад. “Ӯ гуфтааст, ки аз болои ҳамлагар шикоят нахоҳад кард”, гуфт ин ходими ҳифзи ҳуқуқ. Ҳарсе гумонбар - Хушвақт Дастамбӯев, Меҳрубон Дастамбӯев ва Тайғун Тайғунов худи 5 январ ба идораи полиси маҳаллӣ барои шарҳи қазия ҳозир шуда ҳамон замон боздошт шуданд.

Ғофилбек Зарифбеков, раиси собиқи мактаби варзишии Рӯшон гуфт: “Аз рӯи низомнома мо дар моҳи январ, ки хонандаҳои мактаб таътил доранд, чорабиниҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо дорем. Мо ҳамаи муррабиёнро ҷамъ кардем ва маҷлис доир кардем. Хуш Дастамбӯев мехост директори мактаб шавад. Барои таъйин шудани ӯ на мудири бахши ҷавонони ноҳия ва на ҳамкорон розӣ набуданд. Воқеа аз ҳаминҷо сар шуд. Баъдан ин се нафар хестанду Бовар Шуҷандиҷовро дар ҳузури ҳамкорон дашному ҳақорат карданд”.

Ӯ афзуд: “Сипас ҳамкорони дигар хостанд онҳоро аз маҷлис берун кунанд, ки даргирӣ сар шуд. Дар ҳамин лаҳза Хушвақт Дастамбӯев Самсонро корд зад.” Зарифбеков гуфт, ки писараш Самсон хостааст пеши роҳи ихтилофро бигирад ва нафаронеро, ки барои гузаронидани маҷлис халал ворид карданд, аз онҷо берун кунад.

"Боздошт асоси юридикӣ надорад"

Яке аз наздикони ҷониби гумонбар - Назархудо Дастамбӯев дар бораи ин ҳодиса телефонӣ дар Душанбе, дар маҳалли кораш хабардор шудааст. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 6 январ гуфт, ки бародаронаш Хуш ва Меҳрубон Дастабуевҳо корманди мактаби варзишӣ мебошанд. Вай гуфт, аз бародаронаш шунидааст, ки баъди ин ҳодиса масъулини шӯъбаи корҳои дохилӣ ба хонаи онҳо рафта нахуст бо бародаронаш сӯҳбат кардаанд.

“Баъди ин онҳо худашон ба шӯъбаи дохилӣ мераванду баёнот менависанд. Аммо, онҳоро дар кадом асос боздошт кардаанд, ман намедонам. Ба фикрам ин ягон асоси юридикӣ надорад. Чунки аз он тарфи ба истилоҳ ҷабрдида шикоят нанавиштааст. Бинобар боздошт шудани онҳо барои ман суол аст.”

Ба гуфтаи Назархудо, муноқишаро нахуст Самсон Зарифбеков шурӯъ кардааст. Ӯ аз бародаронаш шунидааст, ки гӯё Самсон Зарифбеков дар ҷараёни ҷаласаи дирӯза курсиро ба тарафи бародарони ӯ ҳавола кардааст. “Дар мавриди он, ки бародарам Самсонро бо корд задааст, шарҳ додан наметавонам. Вале бародарам дар суҳбат бо ман гуфт, ки ӯ қасдан дар дасташ корд нагирифта буд. Шояд кадом олоти дигар дошту аз он истифода кард”.

ВКД: Таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шуд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо пахши хабари мухтасари ин ҳодиса гуфт, ки Хушвақт Дастамбӯеви 47-сола ва Самсон Зарифбекови 34-сола, сокинони деҳаи Рӯшони ноҳияи Рӯшон байни ҳам муноқиша намуданд ва дар натиҷа Зарифбеков С.Ғ. зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Гумонбарон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG