Ҳазорҳо сокинони ниёзманди вилояти Хатлон соли 2014-ро ҳам бо орзуи соҳиб шудан ба қитъаи замин ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ пушти сар карданд.
Ҳукумати вилояти Хатлон 25 декабр иди Меҳргонро, ки қаблан дар сатҳи мактабҳо баргузор мешуд, ҳамчун ҷашнвораи вилоятӣ таҷлил намуд.
Бино бар гузоришҳои байнулмилалӣ танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 22 деҳа аз оби поки ошомиданӣ маҳруманд. Дар ноумедиҳо аз тағйири ҳол сокинони яке аз онҳо роҳи ҳалли мушкили худро ёфтаанд.
Коҳиши қурби пул ҳунарпешагони маркази вилояти Хатлонро маҷбур кард, нархи билети консертҳои солинавии худро поён баранд.
Хатари марги ногаҳонӣ аз дуди ангишт, “ихтироъкорони мардумӣ”-ро водор сохт, ки ба сохтани “бухориҳои дерсӯз ва бехатар” даст ёбанд.
Ҳукумати ноҳии Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, дар ҷанбуи Тоҷикистон “Рӯзи моҳӣ дар ҳафта” –ро эҳё карданист.
Дар Хатлон филмҳое, ки дар онҳо забони давлатӣ риоя намешавад ва ҳамчунин "ғайриҳирфаӣ" наворбардорӣ шудаанд, мусодира мешаванд.
Коҳиши талабот лимуи тоҷикро камхаридор кардааст. Дар ҳоле ки Русияи зери таҳрим мегуфт, ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон диққати бештар хоҳад дод.
Садҳо модари танҳо шикоят доранд, ки шавҳаронашон баъд аз талоқ аз пардохти нафақаи фарзандони худ сарпечӣ мекунанд ва ҳукми додгоҳ низ ин вазъро тағйир намедиҳад.
Шогирдону омӯзгорони мактабҳо дар вилояти Хатлон аз амалан сурат нагирифтани фанни технологияи компютерӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, аммо Идораи маориф ва илми вилояти Хатлон мегӯяд, онҳо талош доранд, ки то ин дарс сари вақт таълим дода шавад.
Кабуди барқро дар русто бештар занону духтарони кадбону эҳсос мекунад, чун дар ҳар шароите, ки ҳастанд бояд вазифаашонро анҷом диҳанд ва барои фарзандон ва ё наздиконашон дар рӯзҳои сард хӯроки гарм омода созанд.
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, фурӯши наворҳои амри маъруфи рӯҳониёни шинохта Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷонро дар дӯконҳову бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа пурра ҷилавгирӣ кардаанд.
Дар водии Вахш ва асосан дар "Бешаи палангон" паррандагони нодире, чун лаклакҳои сиёҳу сафед ва мурғи сақо пайдо шудаанд. Чунин навъи паррандагон солҳои гузашта дар ин қаламрав макон намеҷустанд.
Созмони иҷтимоии “Чашма” дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо иҷрои тарҳе, занонеро, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд, худкифо карданист.
Бино ба маълумоти мақомоти вилоятии ҷануби кишвар 67 ҷавони хатлонӣ, ки дар мадорис ва донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсили ғайрирасмӣ мекарданд, аз даъватҳои бозгашт ба ватан сарпечӣ кардаанд.
Сӯрохии хонаи муш, ки аз он ҷо ба хонаи ҳамсоя об гузашт, муносибати ду ҳамсояро сард намуд, ки боиси “бузкашӣ”-и зани ҳамсоя ва шикастани бинии писари 20-сола гашт.
Сагҳои дайду дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо ҳамла ба сокинони ин манотиқ боиси нигаронии аҳолӣ шуданд.
Дар вилояти Хатлон тамоми омӯзгорони макотиби миёна ба “суғуртаи ихтиёрӣ” ҷалб шуда қарор аст ин раванд дар оянда талабаҳои макотибро низ фаро бигирад.
Сокинони як русто дар вилояти Хатлон дар маҳалли хатарноке зиндагӣ мекунанд, ки дар гузашта партовгоҳи заҳрҳои кимиёвӣ будааст.
Рӯҳониён ва имомхатибони масоҷиди ноҳияи Қумсангир пас аз саҳмгузорӣ дар бозсозии роҳу мактабҳо, сохтмони бинои нави ҲХДТ дар ин минтақаро рӯи даст гирифтаанд, ки интизор меравад, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Ёфтҳои бештар