Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон бо тапак ҳам манту мепазанд (ВИДЕО)


Кабуди барқро дар русто бештар занону духтарони кадбону эҳсос мекунад, чун дар ҳар шароите, ки ҳастанд бояд вазифаашонро анҷом диҳанд ва барои фарзандон ва ё наздиконашон дар рӯзҳои сард хӯроки гарм омода созанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки нерӯи барқ дар деҳот дар соатҳои муайян, шом ва субҳ ва барои ду ва се соат дода мешавад, хӯроки нисфирӯзӣ аз сӯи кадбонуҳои рустоӣ бо “дудандозӣ”-и хасу хошок ва тапак омода мешавад. Чинигул, зане аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон рӯзи ҷумъаи 28 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз сабаби он ки ду соат шом ва ду соат субҳ барқ дода мешавад, ба ин далел таоми хонавода дар бухории бобоӣ ва дегдонча омода мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки холаи Чинигул мегӯяд, ки хӯрокпазӣ барои онҳо дар шароите, ки ҳезум низ дастрас нест, мушкил аст, аммо гурусна намондани фарзандонашон онҳоро маҷбур месозад, то ба ҳар роҳе набошад, барояшон луқмае омода кунанд: “Чойҳоямонро дар печка тайёр мекунем, меравем аз заминҳо чӯб чинда аз лабҳои дарё ҷантоқ мечинему рӯзамонро мегузаронем, насибамон ҳамин будааст, чӣ кор кунем.”

Ҳатто ин зан мегӯяд, ки чун дар ин рӯзҳои сарди зимистон ҳама ҳуҷраҳои манзилашонро гарм карда наметавонанд, ба ин далел ҳама аҳли хонавода, фарзандону келину наберагон дар як ҳуҷра ҷамъ мешаванд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тапак аз сӯзишвории авалиндараҷаи зимистон дар деҳоти Хатлон аст, вале на ҳамаи мардум аз имконият бархӯрдор аст. Чун на ҳама сокинон гову дигар ҳайвоноти аҳлӣ доранд, то аз қабл барои зимистон тапак омода кунанд.

Рухсорамоҳ, яке аз ин занҳост, ки дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад ва ба сабаби надоштани гову дигар ҳайвоноти аҳлӣ аз пеш тапак таҳия намекунад ва танҳо ба хасу хошок ва ҳезуми ҳавлиаш иктифо мекунад. Ин зан мегӯяд, гоҳе чой ва хӯрокро барои хонавода бо истифода аз зарфҳои плостикӣ, ки дар мёни мардум “боклашка”гуфта мешавад, омода мекунад: “Хайр аку чӣ кор кунем, барқ нест, зиндагӣ душвор аст, ҳезумам надорем, агар ҳезум бошад хона гарм, дар утоқ хӯрок мепазем. Аз баклашка истифода мекунем. ”

Аммо хонаводаи холаи Холдона бо ду келинаш, ки дар пахтазор кор кардааст, 500 бастаи ғӯзапоя ҷамъоварӣ намудаанд ва имрӯз дар сардиҳои зимистон барои таҳияи нону хӯрок аз он истифода мекунанд. Вай мегӯяд, дар тобистон ду анҷомхонаро пур аз тапак кардааст, ки дар зимистон мушкилот катар шавад. Холаи Холдона мегӯяд, агар ин ҳама мавод ба сарфакорӣ истифода шавад, умедвор аст, ки зимистонро пушти сар хоҳанд кард: “Ҳезуми ғӯзапоя қатӣ барои фарзандонам манту карда медиҳам, ки боз бомаззатар мешавад, ҳезум аз меҳнати дастони худамон ҳаст, ки тобистон дар замин кор карда, ғӯзапоя мегирем ва аз говҳои худамон қариб ду хона тапа карда қоқ мекунем.”

Аммо дар муқоиса ба холаи Холдона, бархе аз сокинони деҳот захираи тапак ва ғӯзапоя доранд, ки на танҳо барои зимистонгузаронии худ, балки қисме аз онро ба бозор бароварда мефӯршанд. Ҳарчанд на ҳама сокинон имкони харидории ин гуна захираҳои зимистонро доранд. Чун агар нахри як кило ангиш 1 сомониву 50 дирам бошад, пас як баста ғӯзапоя 3 сомонӣ, вале ҳар дона тапак аз 20 дирам бештар арзиш дорад. Ин аст, ки бархе аз сокинон буттаву дарахтонро мебуранд ва аз он барои сӯхт истифода мекунанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони Идораи ҷангал ва ҳифзи табиати вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳамасола дар замистон даҳҳо нафарро ба хотири буридани буттаю дарахтон боздошт ва ҷаримабандӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол бо он ки тоза зимистон шурӯъ шудааст, аммо идораи ҷангал ва ҳифзи табиати Хатлон аллакай наздики даҳ нафарро ба хотири буридани дарахт боздошт ваҷарима кардааст.

XS
SM
MD
LG