Лимуи хушбӯи Тоҷикистон, ки то бозорҳои Магадану Хабаровск мерасид ва солона ба хонаводаҳои кишоварз дар вилояти Хатлон даромади хубе меовард, тадриҷан бозори худро аз даст медиҳад. Лимупарварон мегӯянд, ҳар сол то ин вақт ҳамаи ҳосили он фурӯхта мешуд, вале акнун лимуи онҳо дар анбор ва шохаҳои дарахтон боқӣ мондаанд. Ин ҳосилро соҳибкорони дохилӣ ва рус аз пеши дари лимупарварон яклухт мехариданд ва ба Русия мефиристоданд.
Нуралӣ Валиев, раиси бахши кишоварзии ҳокимияти ноҳияи Қумсангир ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта дар ин шабонарӯз беш аз 2000 тонна лимуро ба воситаи вилояти Суғд ба Қирғизистон ва шаҳрҳои Русия содир шуд. Аммо соли равон чунин шӯру шавқ ба назар намеравад, зеро сафи харидони умдаи лиму рӯ ба коҳиш овардааст.
Ноҳияи Қумсангир лимупарварони маъруф дорад ва дар ин ҷо зиёда аз 100 гектар парваришгоҳҳои гармхонаии лиму мавҷуд аст.
Қадриддин Саидҷонов, марди 50-сола аз маҳаллаи “Сеюм” - и ноҳияи Қумсангир дар гармхонаи кӯҳане, ки аз падараш ба мерос мондааст, бо панҷ писар ва чаҳор духтараш 20 лиму парвариш мекунад ва даромади хонаводааш аз ҳисоби ҳамин мева аст. Вай мегӯяд, дар ҳоле, ки имсол ҳар ниҳоли лимуяш то 50 килограмм ҳосил додааст, ҳеч харидоре дар ин мавсим ба онҳо муроҷиат накардааст. Бими он дар миён аст, ки ҳосили имсола бе харидор лимуро моанд, даромади яксолаи хонавода аз даст хоҳад рафт.
Вай меафзояд: “Дар зиндагӣ чӣ мушкиле аст, бо пули лиму ҳал мекардем, либос мехарему орд мехарем, хона сохта ва фарзандонро хонадор мекунем, ки ризқамаон аз ҳамин лиму аст, вале харидор мисли соли пешина нест, мо худамон ба хориҷа бурда наметавонем.”
Лимупарварони Қумсангир мегӯянд, ки онҳо ҳамасола килои лимуяшонро бо нархи умда аз назди хонаашон бо қимати аз 7 то 10 сомонӣ мефурӯхтаанд, вале имсол коҳиши талабот нархро то 6 сомонӣ коҳиш додааст. Ин дар ҳолест, ки нархи як дона лиму дар бозорҳои Душанбе ба 3 сомонӣ мерасад.
Аксари кишоварзон, ки барои ҳифзи ҳосили лиму аз сармо ҷои муносиб надоранд, аз он нигаронанд, ки нони даҳонашонро аз даст медиҳанд. Ба ин далел бархе аз онҳо, маҷбур шудаанд, ки нархро поён баранд.
Шарифхоҷа Идрисов, сокини 47-солаи шаҳраки “Дӯстӣ”-и ноҳияи Қумсангир мегӯяд, дар хонааш 37 ниҳоли лиму дорад ва аз онҳо зиёда аз се тоннаро ба 18 000 сомонӣ фурӯхтааст. Вай меафзояд, агар килои лимуро аз шаш сомонӣ зиёд мефурӯхт дар баробари харҷи кардааш, дар парвариши лиму даромади хубе ба даст меовард: “Лимупарварӣ кори сахт аст, килёнка мехарему дору мепошем, ки кораш вазнин аст, вале имсол шаш сомонӣ аз вилояти Суғд омада бурдаанд. Агар ҷои нигоҳдорияшро медоштам охирҳои замистон донаашро ду сомон мефурӯхтам.”
Водии Вахш бо лимуи навъи аъло на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шӯҳрат дорад. Аммо навъҳои беҳтарини он дар Қумсангир пайдо мешаванд ва кишоварзони ин минтақа дар тӯли солҳо ба устодони лимупарварӣ табдил ёфтаанд. Бино бар омори расмӣ, дар ин ҷо 12 ширкати деҳқонии парвариши лиму мавҷуд аст, ки онҳо барои аз миён нарафтани навъи беҳтарини лимуи маҳаллӣ ба парвариши ниҳол ва қаламчаи он низ машғуланд. Ҳар ниҳол аз 20 то 70 сомонӣ арзиш дорад.
Ниҳоли лиму баъди чаҳор сол ба самар медарояд. Ҳар меҳмоне, ки ин шабу рӯз ба Тоҷикистон, махсусан ба водии Вахш сафар мекунад, ҳатман бо худ аз лимуи Қумсангир дастовез мебарад.