Фазои молие, ки бар фарози Қӯрғонтеппа дар ростои соли нави мелодӣ фуруд омадааст, шаҳрвандонро водор мекунад, харҷҳои худро зери назорати қавитар гиранд. Аз ҷумла шумораи онҳое, ки мехоҳанд, дар остонаи табдили сол дар толорҳои консертӣ аз ҳунарнамоии овозхону раққосон лаззат баранд, коҳиш ёфтааст ва сарояндагон низ маҷбур шудаанд, нархи билетҳои консертиро коҳиш диҳанд.
Сунатуллои Қурбон, яке аз овозхони ҷавони Хатлон аст, ки дар рӯзҳои охири соли равон нахустин барномаи кансертияшро эълон карда, аз ширкати бинандагон нигарон аст. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ки аз аввал ба мушкили молии мардум, бахусус афтидани қурби рубл аҳамият надода, як чиптаро бо қимати 15 сомонӣ дар назар дошт, аммо баъдан ба хулосае омада, як чиптаро 7 сомонӣ нархгузорӣ кард.
Наимҷони Сайдали, ҳунарманди дигаре, ки дар мавзӯи муҳоҷират ва мушкили муҳоҷирони тоҷик таронаҳо хондааст ва беқурбшавии рубли русӣ ва мушкили феълии муҳоҷирон огоҳ аст гуфт, ки ҳоло фиристодани пул низ кам шудааст. Вай иқрор мекунад, ки афтодани тавоноии пули русӣ ба даромадаш зарба мезанад:
“Мехоҳам, ки қурби русӣ боло бошад, бахусус барои ман, ки як ҳунарманд ҳастам, афтидани қурби рубл зарар меорад. Масалан, ҳамин муҳоҷирон моро ба тӯйҳояшон даъват месозанд. Дар ноҳияҳо чиптаро 10 сомонӣ мегузорем, ки онҷо шароиташон аз шаҳр фарқ мекунад, дар шаҳрҳо 15 то 20 сомонӣ дар Душанбе аз 50 то 100 сомонӣ. Муҳоҷирон мегӯяд, ки пули кам мегиранд.”
Аксари ҳунарпешагон мегӯянд, барои ширкат дар маҳфилҳои солинавии ширкату корхонаҳо ё гурӯҳи наздикон низ ҳеч даъватномае нагирифтаанд.
Вазъи феълӣ таваҷҷӯҳи мардумро ба барномаҳои тафреҳӣ ва саргармкунанда низ коҳиш додааст. Чинигул Амирова, сокини 63-солаи ноҳияи Бохтар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ин, ки синаш ба ҷое расидааст, ҳар сол бо келинҳо ва набераҳояш барномаҳои кансертиро дар толорҳо тамошо мекард.
Хонуми Амирова мегӯяд, ки се фарзандаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз мушкили афтидани қурби рубл нигаронӣ карда, ба модарашон ваъда надодаанд, ки то охири сол барояш пул мефиристанд: “Ҳар сол, ки дар ҷайбамон пул буд, набераҳо ва келинҳоямро бо консерт, сирк ва зопарк мебурдам, вале ҳоло пуламон кам аст, ки ҳайрон мондем, намедонем, ки дарстурхони идона ороста метонем ё на? Пули русӣ, ки ба поин афтидааст ва инҷо пул нест, намедонам, ки чӣ кор кунам.”
Сурайё Ризвонова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ду фарзандаш дар муҳоҷирати корӣ аст, гуфт, ки пули фарзандонаш дигар мисли пешина нест, ки дастархон ороста тафреҳ кунад ё ба барномаҳои консертӣ раванд. Хонуми Ризвонова мегӯяд, ки дигар пули фиристодаи фарзандонаш ӯро мисли пештара хушҳол намесозад:
“Пули Русия хоки замин шудааст, чун яктаашро пули тоҷикӣ карда ҳайрон мешавӣ, ки чӣ харидорӣ кунӣ. Вақте, ки қурби пули русӣ хуб буд, рафта тамошо мекардем, вале ҳозир коратро анҷом дода наметавонӣ, аз куҷо ба кансерт меравӣ? Доллар боло меравад, пуле, ки барои мо аз Русия мефиристанд, қурбаш поён рафтааст, ростӣ намедонем, ки дар оянда чӣ кор мекунем ба ин пулҳо.”
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ду толор барои барномаҳои кансертӣ фаъолият мекунад, дар се рӯзи ахири сол аз 10 ҳунарманди ҷавон барои иҷрои барномаҳояшон дархост гирифтааст, ки чиптаҳои онҳо аз 5 сомонӣ то 50 сомонӣ арзиш доштааст.
Ба иттилои раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ба хотири соли нави мелодӣ дар 25 шаҳру навоҳии вилоят барномаҳои ҳунарӣ дар назар аст.