Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, хушунати хонаводагӣ баъзе занҳои ин минтақаро маҷбур кардааст, ки ба ҳамсарҳои худ дастбагиребон шаванд.
Дар рустои “Роҳи Ленин”-и ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ то ҳол “вагон – мактаб” вуҷуд дорад, ки дар он, барои мисол, хонандагони ду синфи якуму дуюм дар як вагон таҳсил мекунанд.
Маъракаи густардаи иваз кардани насабҳо аз русӣ ба тоҷикӣ ва раҳо шудан аз пасвандҳои “ов”,“вич”,”ова” ва “овна” аз пойтахт ба маҳалҳо кӯчид ва акнун мақомдорҳои маҳаллӣ низ бо тақлид аз мансабдорони марказ осемавор ном иваз мекунанд.
Дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, дар вилояти Хатлон дар ҳамин авохир кадуе пайдо гардид, ки ба бовари сокинонаш болои донаҳои он бо ҳуруфи арабӣ “Оллоҳ” ва “Бисмиллоҳ” ва калимаҳои дигаре навишта шудааст.
Сардабири нашрияи "Тахти Қубод"-и ноҳияи Қубодиён шикоят дорад, ки ӯро раиси ин ноҳия таҳқир кардааст. Раиси ноҳия аммо инро рад карда мегӯяд, сардабир бояд кори худашро анҷом диҳад ва "ба дигар корҳо дахолат накунад."
Сокинони рустоҳои кӯҳистони Балҷувон бо омад-омади фасли сармо дигарбора нигарони ҳамлаҳои гургон шудаанд. Онҳо мегӯянд, гургони гурусна ҳатто ба рустоҳо ҳамла оварда, чорвои мардумро нобуд мекунанд.
Як сокини ҷавони ноҳияи Хуросонро, ки мехост арзашро ба президент расонад, мақомоти маҳаллӣ ба Эмомалӣ Раҳмон "девона" муаррифӣ кардаанд. Қутбиддин мегӯяд, ӯ девона нест, балки танҳо мехост аз мушкилоти зиндагиаш шикоят кунад...
Донишҷӯёни коллеҷи тиббии Қӯрғонтеппа мегӯянд, қариб ҳар рӯз аз дасти "облава" фирор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони низомӣ донишҷӯёнро аз даруни синфхонаҳо "мебардоранд."
Дар ҳоле, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳудуди чор моҳи дигар мондааст, иддае аз аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Хатлон на танҳо дафтари корӣ, балки раҳбар низ надоранд.
Туркманҳои ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон, ки аз гузаштагони худ бофтани беҳтарин қолинҳои дастии туркманиро омӯхта буданд, ин ҳунарро то имрӯз ҳифз карда, дар муҳити хонаводагиашон идома медоданд.
Як шаҳрванди Афғонистон, ки ҳудуди 18 сол боз дар Тоҷикистон бидуни ягон ҳуҷҷат зиндагӣ дорад, аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай барои дидорбинӣ бо аҳли оилааш кумак хостааст.
Бисёре аз сокинони водии Вахш мегӯянд, онҳоро нагузоштаанд, то шикояти худро мустақиман ба раисиҷумҳур бирасонанд. Эмомалӣ Раҳмон аз 6 октябр бо як силсиласафар дар навоҳии ин қисмати вилояти Хатлон қарор дорад.
Хабари дар ноҳияи Носири Хусрави Тоҷикистон дар як рӯз иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бисёриҳоро ба ин андеша андохт, ки даъвати тирамоҳӣ ба як навъ мусобиқа табдил меёбад.
Хонандагони мактабҳои ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон синфхонахои сарди худро дар зимистони соли таҳсили 2014/2015 бо “супер-тапак” гарм мекунанд.
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъд аз зиёрати мазори Имом Зайнулобиддун аз банди азоби пулиси Русия озод шудаанд. Аммо рӯҳониён имдодталабӣ аз шахси мурдаро аз Ислом намедонанд.
Додгоҳи Шаҳритус ду раиси ҷамоат ва як корманди шӯъбаи маорифи ин ноҳияро бо ҷурми ба артиш фиристодани 26 хонандаи синфи 11 дар маҷмӯъ ба маблағи 7000 доллар ҷарима бастааст.
Бар хилофи гуфтугӯҳо аз мазҳабгаротар шудани аҳолӣ, дар қисматҳое аз Тоҷикистон афзоиши истеъмоли машрубот ва шумори афроди шаробхор ба мушоҳида мерасад.
Бархе аз занони рустоӣ мегӯянд, шавҳаронашон баъди бозгашт аз муҳоҷират серталаб шудаанд ва аз дастҳои кафидаву чеҳраҳои дар офтоб сӯхтаи онҳо эрод мегиранд.
Ин сӯхтор дар "Мясокомбинат" рух дода, ҷони ду ҷавонро гирифтааст, ки баъд аз анҷоми дарсашон барои кор ба он ҷо омада, шабро низ дар яке аз ҳуҷраҳояш сипарӣ мекардаанд.
Як мӯсафеди 90-сола аз ноҳияи Вахш, ки дар 3 соли охир соҳиби ду фарзанди дигар шудааст, аз раисиҷумҳур хостааст, ки давлат барои ӯву фарзандони "дерпазак"-аш хона бисозад.
Ёфтҳои бештар