Сокинони деҳаи Ачӣ, дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, баъди даҳ соли зиндагӣ дар ин деҳкада ва сарфи маблағҳои зиёд барои сохтмони хонаҳо, акнун огоҳ шудаанд, ки зиндагӣ дар ин деҳа ба ҷони онҳо ва ҳатто ба чорвояшон хатар доштааст.
Деҳаи Ачӣ дар домани шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе, дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон ҷойгир буда, дар замони Шӯравии пешин макони 372 анбори заҳрҳои кимиёвӣ буд, ки умдатан дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешуданд. Ҳукумати маҳаллӣ бо он, ки медонист, ин маконҳо барои зиндагӣ мусоид нест, ба аҳолӣ маҳз аз ҳамин ҷо замин дод. Дар ин деҳа, ки 180 хоҷагӣ дорад ва 1128 нафар дар он зиндагӣ мекунанд, баъди боронгариҳо ангезае барои афзоиши бемориҳои аллергия дар байни одамон пайдо шудааст.
Гуландом, як зани ҷавони сокини ин деҳа мегӯяд, агарчи дар бораи хатари маводи кимёвӣ (химикатҳо) дар наздикии ҳавлияш огоҳ аст, аммо илоҷи ба ҷои дигар кӯч бастанро надоранд: “Маҷбур ҳастам, дигар ҷои рафтан надорам, чун ҳама гову моламро фурӯхта хона кардаам. Як моҳи ахир пайваста сулфа азиятам медиҳад.”
Як табиби ин ноҳия, ки ҳоло нафақахӯр аст, бидуни ифшои номаш гуфт, ки зиндагии мардум дар назди партобгоҳ ба ҷони онҳо хатар дорад. Ӯ гуфт, чанд сол пеш, вақте мақомот ба мардум аз ин маконҳо замин доданд, ӯ аз оқибатҳои ин амал ҳушдор дода буд. Вай мегӯяд: “Дар вақташ ҳамин корро карданд, ман ҳатто дар ҳуҷҷатҳо имзо нагузошта. Он роҳбарон ҷавобашро бояд худашон диҳанд, аммо алакай ҳамааш мурда рафтаанд.”
Ба иттилои идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, ин заҳрҳо садсолаҳои дигар фаъол боқӣ монда, дар ҳолати рехтани барфу борон ва бухоршавии намӣ аз замин зарараш бештар мешавад.
Ҳикматулло Қодиров, як масъули идораи ҳифзи табиат дар вилояти Хатлон рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зиндагӣ дар назди партобгоҳ ва анборҳои заҳрхимикат номумкин аст ва ба ҷони одамҳо хатар дорад.
Низорамоҳ, зани 50-солаи даҳаи Ачӣ мегӯяд, ки дар аввал намедонист, ки ба ӯ аз макони заҳрҳои кимиёвӣ замин додаанд, аммо вақте фаҳмид, дигар дер шуда буд: “Чандин нафар дар мошинҳо омада мегӯяд, ки инҷо зиндагӣ кардан ба ҷонатон хатар дорад, бояд аз инҷо равед, вале ба мо ваъдаи замин намедиҳанд, ки ба куҷо бояд равем.”
Сокинони деҳаи Ачӣ мегӯянд, ки баъди огоҳ шудан аз хатари заҳролудшавӣ мехоҳанд, ки ба ҷои дигар кӯч бандад, аммо ҷои рафт надорад. Ин партобгоҳ бештар ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонад, ки иммунитети қавӣ надоранд.
Ҳукумати ноҳияи Хуросон ин воқеъиятро, ки зиндагӣ дар ин заминҳо ба ҷони мардум таҳдид мекунад, тасдиқ кард. Саидхӯҷа Каримов, муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мардумро фаҳмондем, ки инҷо пеш партобгоҳ ва анборҳое буд, ки ба ҷони шумо ва фарзандонатон хатар дорад, аммо онҳо аҳамият намедиҳанд. Шояд ба ин далел, ки наздики роҳи калон аст, ба ҳамин хотир ҳаминҷо мемонанд.”
Дар замони Шӯравӣ партовгоҳи заҳрҳои кимиёвӣ хубтар ҳифз мешуд. "Дуст", "тиядан" ва "С ти сит” аз заҳрҳое буданд, ки дар анборҳо нигаҳдорӣ мешуданд. Ва акнун 1128 сокини ноҳияи Хуросон дар рӯи ба истилоҳ бомбае зиндагӣ доранд, ки соаташ ба тик-тик даромадааст.