Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Меҳргон дар Хатлон (24 АКС)


Ҷашни Меҳргон дар Хатлон
Ҷашни Меҳргон дар Хатлон

Ҳукумати вилояти Хатлон 25 декабр иди Меҳргонро, ки қаблан дар сатҳи мактабҳо баргузор мешуд, ҳамчун ҷашнвораи вилоятӣ таҷлил намуд.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёи, бахусус тоҷикон аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон аз нав рангу ҷилои тоза гирифта, насли ҷавонро бо суннатҳои бостинӣ ошно мекунад.

Ҳарчанд Меҳргон дар рӯзҳои тирамоҳӣ баргузор мешуд, дар Хатлон аз иди Меҳргон дар рӯзҳои сарди замистон таҷлил намуданд. Вале бо вуҷуди сардии ҳаво дар маркази вилояти Хатлон -- шаҳри Қӯрғонтеппа кишоварзону тоҷирони зиёд аз 25 шаҳру навоҳии вилоят меваю сабзавот, ғалладонагӣ ва маҳсули ҳунарҳои дастии занони деҳотро дар иди Меҳргон ба намоиш гузоштанд.

Табаралӣ Авазов, фарҳангшинос мегӯяд, ки Меҳргон анъанаи қадимтарини мардуми ориёи аст, ки аз ҷаъмоварии ҳосили фаровони барзгарон хабар дода, иди хайру саховат ва бахшиш мебошад: “Меҳргон анъанаи қадимтарини милати ориёи, тоҷикон аст, аввал Меҳргон аст ва баъд Наврӯз. Мардум дар баробари ҷаъмоварии ҳосилашон дар рӯзи Меҳргон ба якдигар садақа медоданд, беҳтарин иди мо ҳаст ва шукр, ки ин идро мо зинда кардаем.”

Абдулмӯъмин Улфатов, сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз 20 соли истиқлолияти кишвар бори аввал онҳо аз иди Меҳргон ҷашн гирифтанд, ки ба хотири зиёд ҷаъмоварӣ намудани ҳосили кишоварзони вилоят будааст: “Бори аввал дар вилоят чунин аз иди Меҳргон ҷашн мегиранд, ки саноат, кишоварзон умуман хоҷагии қишлоқ бо дастовардҳои худ дар иди Меҳргон омадаанд. Моҳипарваронамон, ки дар Тоҷикистон пешсаф ҳастанд, инҷо иштирок карданд, ки аз ин баъд ҳамасола баргузор шуда, руҳияи деҳқононро баланд мебардорад.”

Ҷашни Меҳргон дар Хатлон
Ҷашни Меҳргон дар Хатлон

Ҷаноби Улфатов гуфт, ки ба истиснои картошка дар вилояти Хатлон соли 2014 маҳсулотҳои полезию кишоварзӣ даҳо тонна зиёд ҷаъмоварӣ ва дар рӯзи иди Меҳргон бо нархи нисбатан арзон фурӯхта шуд. Гӯшти гов аз хоҷагиҳои чорвордор 28 сомонӣ, гӯшти бузу гӯсфанд 30- сомонӣ арзиш дошт, қимати килограми асали кӯҳистон 40 сомонӣ, равғани зарди хонагӣ 30 сомонӣ ва килограми биринҷ аз 7 то 10 сомонӣ арзиш дошт, ки харидоронаш зиёд будаанд.

Дар рӯзи иди Меҳргон Давлатшо Гулҳмадзода, раиси вилояти Хатлон ноҳияи Қумсангирро, ки соли 2014 дар 1700 гектар, 700 гектар бештар аз соли гузашт пиёз парвариш карданд, аз ноҳияҳои беҳтарин дониста, барои онҳо 15 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим намуд. Ҷои дувумро ноҳияи Данғара барои ғаллаи фаровон ва ҷои савумро ноҳияи Ёвон барои пахтаи барзиёд гирифтанд.

Давлатшо Гулаҳмадзода дар рӯзи Меҳргон тамоми мардуми Хатлон, бахусус кишоварзону деҳқононро табрик намуда, гуфт, ки онҳобояд аз Меҳргон то Меҳргон омода бошанд, чун Меҳргонро азин баъд ҳамасола таҷлил ва беҳтарин деҳқону кишоварзи солро эълон хоҳанд кард. Ба моҳидорон, қутоспарварон ва кишоварзону деҳқонони беҳтарин дар рӯзи Меҳргон сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ низ дода шуд.

Иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз панҷуми августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишвар баргузор мешуд, аммо сокинони вилояти Хатлон бори аввал шоҳиди баргузории як Меҳргони бошукӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG