Ҳудуди 50 нафар донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи Ал-Азҳар, дар Қоҳира - пойтахти Миср даст ба намоиши эътирозӣ заданд. Онҳо аз сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ва аз раиси ин донишгоҳ тақозо карданд, то барои донишҷӯёне, ки бидуни роҳхат ё квотаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, роҳхат ё квота диҳанд, то онҳо тавонанд таҳсилро дар донишгоҳ ба итмом расонанд.