Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш моҳи раҳбарии Қазоқистон дар САҲА


Ҳодисаҳои Қирғизистон имтиҳони ҷиддӣ барои Қазоқистон, раиси даврии САҲА буд. Таҳлилгарон мегӯянд, Остона аз ин имтиҳон нагузашт, зеро манофе худро аз манофеи ин созмон болотар гузоштааст.

Масъалаҳои амниятӣ дар минтақа аз масъулияти калидии ин созмон ба шумор меравад.

Замоне, ки Қурмонбек Боқиев моҳи апрел аз мақом барканор шуд ва ҳукумати муваққатӣ сари кор омад, бо гузашти чанд ҳафта аз он даргириҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбактаборони Қирғизистон рух дод. Дар ин марҳала Қазоқистон ба унвони раиси САҲА бояд ба таври дақиқ ва рӯшан фаъолият мекард.

Бетафовутӣ ба ҳаводиси Қирғизистон

Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки бархурди Қазоқистон ба ин нооромиҳои Қирғизистон хеле камранг ва ҳатто бетафовут будааст. Гузашта аз ин, Қазоқистон даъво мекард, ки дар ҳодисаҳои Қирғизистон дасти хороиҷиён низ ҳаст ва марзҳояшро низ бо Қирғизистон баст.

Чунин рафтори Қазоқистон самарбахшии кори ин кишварро дар мақоми раҳбарии САҲА заиф сохт ва мавриди интиқодҳои байналмилалӣ қарор гирифт. САҲА ба унвони ягона созмони байналмиллалӣ дар минтақа метавонист фаъолтар бошад ва ибтикоротеро рӯи даст бигирад.

Бо вуҷуди ин Қазоқистон аз нақши САҲА дар Қирғизистон дифоъ кард. Масалан, Аскар Абдраҳмонов, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, ба рӯйдодҳои Қирғизистон билофосила вокуниш нишон дод ва ва фаъолияти созмонҳои байналмилалиро ҳамоҳанг мекард.
Имтиҳони ҷиддӣ барои Қазоқистон

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд: "То замоне, ки вазъ дар Қирғизистон нигаронкунанда боқӣ мемонад, он имтиҳони ҷиддӣ барои раёсати Қазоқистон хоҳад буд. Ин нооромиҳо ҳанӯз идома дорад ва суолҳои зиёде аз миён нарафтааст. Аммо арзиши ёдовариро дорад, ки аз ҳамон оғози бӯҳрон дар Қирғизистон САҲА нахустин созмоне буд, ки дар таъмини суботи вазъ дар ин кишвар ширкат дошт".

Абдраҳмонов афзуд, Қазоқистон дар интиқоли Боқиев аз Қирғизистон ва фароҳам овардани паноҳандагӣ дар Беларус нақши аслӣ бозидааст, ва чунин кор сабаб шудааст, ки аз хунрезии бештар дар Қирғизистон пешгирӣ шавад.

Бо вуҷуди ин ҳам, таҳлилгарон истидлол мекунанд, ки режимҳои худкома дар минтақа, аз ҷумла дар худи Қазоқистон бештар хостори он нестанд, ки аз нооромӣ дар Қирғизистон ҷилавгирӣ кунанд, балки мехоҳанд чунин вазъ дар кишвари худашон такрор нашавад.

Остона аз нооромиҳо қаноатманд буд?

Пол Квин Ҷаҷ, раиси намояндагии Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо дар шаҳри Бишкек, мегӯяд: "Чунин ба назар мерасад, ки Қазоқистон худро ақиб гирифт, ё шояд аз он чӣ мегузашт, қаноатманд ҳам буд, зеро эҳсос мекард, ки ин намунаи хубест, агар як режими худкома сарнагун шавад ва ба ҷои он нируҳои раҳгуми то андозае демократӣ сари кор оянд, чӣ рух медиҳад".

Ба ин гуфтаҳои Квин Ҷаҷ Кубан Абдимен, рӯзноманигор ва таҳлилгари муқими Бишкек, розист. Вай мегӯяд: "Инқилоби ахир дар Қирғизистон Узбакистону Қазоқистон ва Русияро маҷбур сохт, ки онро ҷиддӣ бигиранд. Аз ин нуқтаи назар, Қазоқистон бештар худро як муттаҳиди Русия нишон дод на чун раиси САҲА".

Квин Ҷаҷ низ бар ин ақида аст, ки бархурди Қазоқистон нисбат ба масъалаҳои Қирғизистон қобили дастгирӣ набудааст, ба вижа бастани марз бо Қирғизистон, ки ба иқтисоди ин кишвар зарар ворид шудааст.

Масоили паси пардаи САҲА

Таҳлилгарони дигар мегӯянд, ки масъалаҳои Қирғизистони ҳамсоя барои раҳбари кунунии САҲА дуюмдараҷа дониста мешавад ва масъалаҳои дигаре ҳастанд, ки ҳоло дар паси парда мавриди баррасӣ қарор доранд.

Аз моли 1999 то ҳол мулоқоти роҳбарони кишварҳои узви САҲА баргузор нашудааст ва ҳоло Қазоқистон мехоҳад дар пойтахти нави худ дар Остона ин мулоқотро баргузор кунад.

Ба гуфтаи коршиносон, сабаби баргузор нашудани чунин мулоқот аз соли 1999 то ҳол ин будааст, ки кишварҳои узв натавонистаанд роҷеъ ба дастури рӯз ё масъалаҳои баррасишаванда ба тавофуқ расанд ва ҳоло Остона мехоҳад, ба ақидаи худаш ин кори таърихиро анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG