Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастани нуқтҳои табодули пул ё саррофиҳо дар Русия


Бонки Марказии Русия дастур додааст, ки аз 2-юми октябри соли ҷорӣ саррофиҳои Русия ё нуқтаҳои табодули пул дар қаламрави ин кишвар баста шавад. Ин саррофиҳоро созмонҳои қарзадиҳӣ боз кардаанд ва онҳо ба сохтори бонкҳои Русия дохил намешаванд.

Бо вуҷуди ин ки чунин иқдом дастрасии шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирони кории кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бозорҳову хиёбонҳо ба саррофиҳо маҳдудтар мекунад, вале коршиносон бар ин назаранд, ки аз чунин роҳ метавон пулҳои тақаллубиро то андозае аз гардиш боздошт ва чунин пулҳои тақаллубӣ камтар ба дасти корафтодагон меравад.

Бонки Марказии Русия ба саррофиҳои хусусӣ ё соҳибони нуқтаҳои табодули пул дастур додааст, ки баъд аз 2-юми октябри соли 2010 дар зарфи тақрибан ним сол саррофиҳои худро бибанданд. Ин масъала дар Русия моҳи марти сои ҷорӣ матраҳ шуд ва аз он вақт ба ин сӯ боз кардани саррофиҳои нав ба мушоҳида нарасидааст.

Чаро саррофиҳо баста шуданд?

Бонки Марказӣ ба қарзадиҳандагон пешниҳод кардааст, ки саррофиҳои мавҷуда васеъ шаванд ва тибқи имкон онҳоро ба сохтори бонкҳо ворид кунанд, вагарна фаъолияти онҳо боздошта мешавад, зеро дар ин саррофиҳои кучаки ба гуфтаи Горегин Сосунян-раиси Анҷумани бонкҳои Русия таққалуби зиёд мушоҳида мешавад:

"Онҳо ба "шарашкина контора" ё ҷойҳои беназму низом шабоҳат доранд. Махсусан, вақте, ки саррофиҳо дар даромадгоҳи биноҳо ҷой гирифтаанд ва ним метри мураббаъ тиреза доранд, дар чунин ҷои хурд ҳар гуна нақзи қонуни табодули асъорро метавон мушоҳида кард. Дар натиҷа шикояти мардуме, ки қурбони чунин авфомфиребӣ шудаанд, хеле зиёд аст".

Ба гуфтаи Сосунян, ба ҷуз аз ин ки чунин саррофиҳо бидуни ҳамоҳангӣ арзиши мухталифи хариду фурӯши пулҳои хориҷиро дар пештоқи худ насб мекунанд, онҳо гоҳо пули муштариёнро пурра намедиҳанд ё пули тақаллубиро ба онҳо пешкаш мекунанд. Дар чунин ҳолат касе наметавонад аъмоли нодурусти саррофонро собит созад. Вале дар сурати зери ҳимоят ё назорати бонкҳо даромадани чунин саррофиҳо бонк масъулияти ҳар гуна амалиёти нодурсти пулиро бар дӯш хоҳад дошт.

Сосунян чунин мегӯяд: "Адрес ва шумора сабт мешавад. Агар амалиёти пулӣ нодуруст анҷом гирад, яъне ба шумо нодуруст пул диҳанд, шумо метавонед аз ҳуқуқи худ дифоъ кунед ва ба ҳамон адрес ва ба ниҳодҳои назоратӣ муроҷеа кунед".

Тибқи омори Бонки Марказии Русия ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 700 саррофӣ фаъол аст. Соли гузашта шумораи чунин саррофиҳо ба 900 адад мерасид. Раванди коҳиши шумораи онҳо оғоз шудааст ва коршиносон таъкид мекунанд, ки дар сурати манъи комили фаъолияти саррофиҳои хусусӣ муштариён ба камбуди пули хориҷӣ дучор нахоҳанд шуд, зеро бонкҳои Русия худашон ба амалиёти пулӣ ё доду гирифт ниёз доранд.

Таъсири бастани саррофиҳо ба муҳоҷирони тоҷик

Ҳокимшоҳи Муҳаббат, иқтисоддони тоҷики муқими Маскав ин ақидаро таъйид мекунад ва мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия аз пулҳои тақаллубӣ эмин мемонанд, вале фарқи нархи харид аз нархи фурӯш дар бонкҳо зиёд аст ва муҳоҷирон мумкин аст аз он каме ҳам бошад, зарар бинанд.

Ҳокимшоҳ мегӯяд: "Барои муҳоҷирон ва барои ононе, ки мехоҳанд пул иваз кунанд, душворие пайдо мешавад. Дар тамоми бонкҳое, ки дар Маскав ҳастанд, арзиши хариди пул аз фурӯши пул хеле фарқи калон дорад. Масалан, дар Амонатбонки Русия хариди доллар 28,30 рубл ва фурӯши он 31,00 рубл, яъне фарқ калон аст ва касе, ки мехоҳад, пули хориҷӣ харад ё фурӯшад, аз ҳамин чиз зарар мебинад. Барои ҳамин боз бозори сиёҳи иваз намудани пул нашъу намо меёбад".

Тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳоло дар Русия беш аз як миллион нафар муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳар моҳ ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон пул мефиристанд. Дар миёни онҳо касоне кам нестанд, ки ба кори ғайриқонунӣ машғуланд ва аз хадамоти саррофиҳо истифода мекунанд.

Онҳо маъмулан аз саррофиҳо доллар мехаранд. Агар хариду фурӯши асъор ё пулҳои хириҷӣ дар оянда танҳо дар бонкҳо сурат бигирад, оё онҳо ба мушкил рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд?

Ҳокимшоҳи Муҳаббат мегӯяд: "Фақат аз муҳоҷирон талаб мекунанд, ки сабти ном, қайди ҷои зист бояд дошта бошанд. Барои муҳоҷирони кории тоҷик ин кор мушкилӣ надорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон меъавонанд, ки бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон дар Русия иқомат кунанд. Ман фикр мекунам, ки мушкилие пеш нахоҳад омад".

Гузашта аз ин, ҳоло Русия низ аз хадамоти мошинҳои пулгирӣ ё банкоматҳо истифода мекунад ва барои он танҳо доштани корти бонкӣ кофист.

Оқои Ҳокимшоҳ мегӯяд, бо гузаштани солҳо, ҳоло бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик низ аз кортҳои бонкӣ истифода мекунанд ва бо чунин муқаррарот унс гирифтаанд.

"Бонк беҳтар аз саррофӣ"

Аз як муҳоҷири кории тоҷик бо номи Рамзӣ, ки дар Маскав дар сохтмоне кор мекунад, мепурсам, ки аз бастани саррофиҳои хусусӣ нигарон нест?

"Беҳтар аст, охир дар банк пул мехарӣ, гарчӣ қимат бошадам, надёжний аст. Фалшивий нест, тоза аст. Ба хона пул фиристӣ ҳам проценташ кам, арзон".

Рамзӣ даҳ сол аст дар Маскав бо корҳои сохтмонӣ машғул будаст. Аз вай мепурсам, ки дар чанд муддат ба хона пул мефиристад:

" Як ҳафта пас. Ман дар Тоҷикистон зан дорам, бача дорам. Вайҳо чӣ мехӯранд агар пул нафиристонӣ".

Аксари коршиносон мегӯянд, ки бастани саррофиҳои хусусӣ дар Русия ба воридоти пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон таъсири манфӣ нахоҳад дошт.


Бастани саррофиҳо ва таъсири он ба интиқоли пули муҳоҷирон

Абдуғаффори Қурбонов, сухангӯи Бонки Миллии Тоҷикистон чунин мегӯяд: "Нуқтаҳои интиқол дигаранд ва саррофиҳо дигаранд. Нуқтаҳои интиқол нуқтаҳои хидматрасонии бонкист. Ин дигар хадамот аст ва он дигар".

Сухангӯи Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи соли 2010, яъне дар нимсолаи аввал пулҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик тавассути бонкҳо ба 900 миллион доллар расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Вай мегӯяд, интизор меравад, ки то поёни сол вуруди чунин маблағҳо ба Тоҷикистон аз 2 миллиард доллар бигзарад ва бастани саррофиҳои хусусӣ дар Русия ба ин раванд халал намерасонад.

Ахиран коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон пешгӯӣ карданд, ки мумкин аст то поёни соли ҷорӣ маблағҳое, ки муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон мефиристанд, нисбат ба соли гузашта 30 дарсад афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG