Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хабари сӯиқасд ба ҷони Аҳмадинажодро рад кард


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон

Талоши сӯиқасд ба ҷони Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон баъд аз раддияҳои мақомоти расмии ин кишвар дар бораи чунин сӯиқасд акнун ба розе мубаддал шудааст.

Як сафҳаи интернетии муҳофизакорон гузориш дод, ки ба сӯи корвони мошинҳои раиси ҷумҳур касе бомби дастӣ партоб кардааст. Аҳмадинажод он вақт дар роҳ ба сӯи шаҳри Ҳамадон буд, то дар он ҷо бо мардум мулоқот ва суханронӣ кунад.

Хабарҳои зиддунақиз аз Эрон

Дар оғоз хабаргузории Ройтерз хабар дод, ки як манбаъ дар дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон ба сафҳаи интернетии муҳофизакорон бо номи Khabaronline ин талоши сӯиқасдро таъйид кардааст. Дар гузориши ин сомона омада буд, корвони мошинҳои раиси ҷумҳур дар шаҳри Ҳамадон дар ғарби кишвар мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Аҳмадинажод бояд пас аз чанд дақиқа дар назди мардум суханронӣ мекард. Телевизиони арабии Ал-Арабия гуфт, моддаи мунфаҷира ба мошине исобат кард, ки дар пешопеши корвон рӯзноманигоронро интиқол медод. Бино ба ин гузориш, мошини Маҳмуди Аҳмадинажод дар садметрии ин инфиҷор қарор доштааст ва нафаре, ки ин моддаи мунфаҷираро партоб кардааст, боздошт шудааст.

Истиқболи мардум аз Аҳмадинажод дар Ҳамадон
Khabaronline ҳам навишт, дар натиҷаи инфиҷор дуди ғализ ба ҳаво хестааст. Дар оғози ҳамин ҳафта Маҳмуди Аҳмадинажод зимни суханони худ дар як конфронси муҳоҷирони эронӣ иддао кард, ки "Исроил "зархаридонро барои анҷоми сӯиқасд ба ҷони ӯ киро кардааст. Аммо дар робита бо ҳамлаи имрӯз матбуоти Эрон билофосила баъд аз изҳороти мақомоти расмии Эрон дар ин бора, ки гӯё ҳеҷ гуна ҳамла ба Аҳмадинажод анҷом нагирифтааст, ақибнишинӣ кард.

Масалан, телевизиони англисизабони давлатии Эрон бо номи Press TV аз қавли дафтари раёсати ҷумҳурӣ гуфт, "ҳеҷ ҳама анҷом нагирифтааст". Пас аз он сафҳаи интернетии Khabaronline, ки ба Али Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон тааллуқ дорад, хабари сӯиқасдро аз сафҳаи худ бардошт.

Сӯиқасд ё оташакбозӣ?

Аз сӯи дигар, хабаргузории донишҷӯёни Эрон бо номи ИСНА ва Ал-Алам - шабакаи расмии телевизиони арабизабони Эрон гузориш доданд, ки истиқболкунандагон барои пазироӣ аз Аҳмадинежод оташакбозӣ кардаанд ва ҳамин тарз раиси ҷумҳурро пешвоз гирифтаанд.

Пас аз он хабаргузории нимарасмии «Форс» низ хабари оташакбозиро таъйид кард. Вале ин хабаргузорӣ дар гузориши аввалияи худ навишта буд, "як нафар зиддиинқилобӣ барои андохтани норинҷаки худсохт" боздошт шудааст. Нуктаи ҷолиб ин аст, ки худи Аҳмаднажод дар суханронии худ дар варзишгоҳ ба ин сӯиқасд ишорае накард. Ин суханронӣ ба таври зинда аз тариқи телевизиони сартосарӣ пахш шуд.

Ҳамадон 400 000 нафар аҳолӣ дорад ва дар муқоиса бо вилояти нафтхези Хузистон дар ғарби кишвар нооромиҳои камтареро паси сар кардааст. Вале Хузистон дар гузаштаи наздик саҳнаи хушунатҳои фоҷеаомез буд ва шумораи қобили мулоҳизаи аҳолии ин шаҳрро арабзабонҳо ташкил медиҳанд ва он бо устони Сисстон-Балуҷистон ҳаммарз аст.

Вақте, ки ду соли пеш Аҳмадинежод аз Ироқ боздид мекард, гуфта буд, агентҳои Амрико талош кардаанд вайро он вақт бикушанд. То ҳол созмоне ё гурӯҳе дар бораи рӯйдод изҳори назар накардааст.

Фақат Шоҳин Қубодӣ, сухангӯи Шӯрои миллиии муқовимати Эрон дар Фаронса гуфтааст, ки созмони онҳо дар ин талоши ҳамла аслан даст надоранд. Вай гуфтааст, намедонад, ки чӣ рух додааст, вале ин кор ҳеҷ иртиботе бо созмони онҳо надорад.
XS
SM
MD
LG