Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони кории узбак дар доми фиреб афтоданд


Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ муҳоҷирати кории шаҳрвандони ин кишварҳо ба кишварҳои хориҷӣ шурӯъ шуд. Шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар Русияро барои муҳоҷирати корӣ ё ҷустуҷӯи кор интихоб мекарданд.

Бо гузашти солҳо аз оғози муҳоҷират муҳоҷирон ба ҷуз аз Русия, дар ҷустуҷӯи кишварҳои дигар афтоданд, кишварҳое, ки шароити хуби корӣ пешниҳод ва дастмузди бештар пардохт мекунанд.

Владимир Цой кист?


Дар солҳои 2004-2005 бо истифода аз чунин майлу рағбати муҳоҷирони кории Узбакистон, шахсе бо номи Владимир Цой бо ҳукумати ин кишвар дар бораи ҷалби муҳоҷирони корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ қарордоди расмӣ имзо кард. Владими Цой кист ва сарнавишти муҳоҷирони кории Узбакистон, ки ба доми фиреби вай доромада буданд, ба куҷо расид?

Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ Владимир Цой, шаҳрванди Ӯзбакистон, ки дар Тошканд таваллуд шудааст, ба ватани аҷдодиаш Кореяи Ҷанубӣ кӯч баст. Баъд аз муддатҳо иқомат, вай дар он ҷо бо номи АЛФМА ширкате боз кард, ки бо сафарбарии нерӯи корӣ аз хориҷ ба Кореяи Ҷанубӣ машғул буд.

Барои иҷрои ин барномаи худ, Цой нахустин боздиди худро аз Тошканд оғоз кард. Натиҷаи боздиди вай аз Тошканд бо он анҷомид, ки дар вазорати кори Узбакистон дар соли 2005 Ожонсии сафарбарии муҳоҷирони кории узбак ба хориҷ боз шуд. Цой бо ин Ожонс ба таври расмӣ дар бораи ҷалби нерӯи корӣ аз Узбакистон ба Кореяи Ҷанубӣ қарордод имзо кард.

Пулҳои барбодрафтаи муҳоҷирони узбак

Ҷасур як ҷавони узбак аз нухустин шахсоне буд, ки гӯё бахт ба рӯяш хандида бошад, дар нахустин гурӯҳҳои муҳоҷирони корӣ аз Узбакистон ба Корея фиристода шуд. Вай ҳоло ба Тошканд баргаштааст ва хеле ошуфтаву навмед аст. Вай рӯзҳои ташкили ин ожонсро ин гуна ба хотир меорад:

"Дар КореяиҶанубӣ як ширкате бо номи АЛФМА мавҷуд буд. Бо Узбакистон ҳамкорӣ мекард. Дар вазорати кори Узбакистон ожонсии махсус боз карда буданд. 5-6 коргар дошт. Бо Корея ҳамкорӣ мекарданд. Билофосила баъд аз таъсис ин ширкат аз Узбакистон коргаронро ба Корея сафарбар кард".

Баъд аз оғози кор дар ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Владимир Цой дастмузди ин муҳоҷирони кориро пардохт мекард. Ҳар моҳ аз дастмузди онҳо 300 доллар нигаҳ медошт ва дар як сол як коргар 3600 доллари худро аз даст медод. Вале Владимир Цой 9 ҳазору 400 нафарро аз Узбакистон ба Кореяи Ҷанубӣ ба кор бурда буд ва дар маҷмӯъ дар як сол аз ин кор вай 33 миллиону 840 ҳазор доллар ба даст меовард.

Алишер, муҳоҷири кории дигари Узбакистон, ки аз Сеул - пойтахти Кореяи Ҷанубӣ бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, чунин мегӯяд:

"Аз соли 2006 мо ҳар моҳ 300 долларӣ пардохт мекунем. Вале он ба кӣ меравад, мо намедонем. Ин номаълум. Ҳар сол 3 ҳазору 600 доллар мешавад. Аз соли 2006 оғоз шуда бошад, дар соли 2008 чанд пул мешавад. Пулҳоро баргардонада медиҳем мегуфтанд. Вале ин пулҳо ҳоло нест".

Ожонс барҳам хурд вале......

Баъд аз даъвои муҳоҷирони корӣ дар вазорати кори Узбакистон Ожонсии сафарбарии муҳоҷирони кории узбак ба хориҷ барҳам дода шуд.

Коргарони он аз корашон барканор ва ба додгоҳ кашонда шуданд. Владмир Цой дар яке аз бозпурсиҳо эътироф кардааст, ки мақомоти расмии ин вазорат бо вай ҳамкорӣ доштаанд ва онҳо низ дар ин даст доранд.

Алишер, муҳоҷири кории узбак дар Сеул, мегӯяд, "ба мо гуфтанд, ки пули моро бармегардонанд. Вале барнагардонданд. Мо вакили мудофеъ ҷустуҷӯ кардем. Вай 2 моҳ таҳқиқ кард. Ба мо гуфтанд, ки пули шумо ба як ҳисоби бонкӣ ба Узбакистон фиристода шудааст. Баъд мо одамонеро дар Узбакистон киро кардем, ки таҳқиқ кунанд ва пули моро ёбанд. Онҳо гуфтанд, ки гӯё пули мо ҳоло дар Корея будааст".

Ҳоло Владимир Цой барои ин ҷиноятҳо ва фиреби муҳоҷирони корӣ аз ҳаққи шаҳрвандии Кореяи Ҷанубӣ маҳрум шудааст ва Узбакистон ҳам аз ин кишвар тақозо кардааст, ки барои фиреби ҳукумати Узбакистон ва шаҳрвандони он бояд Цой ба Узбакистон истирдод шавад, то вай ба ҷазои аъмоли худ бирасад.
XS
SM
MD
LG