Гузоришҳое, ки ахиран нашр шуд, аз он ҳикоят мекунад, ки се генерали воломақоми ҷумҳурии Чех соли гузашта бо айби ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Русия аз мақоми худ истеъфо додаанд.
Як агенти хадамоти кашфи Русия ин генералҳоро барои ҳамкорӣ ҳадаф қарор додааст ва чунин равиши Русия нисбат ба ҷумҳурии Чех гувоҳи он аст, ки Русия нисбат ба ин кишвар стратегияи хасмонаро дар пеш гирифтааст. Ин нуктаро хадамоти кашфи худи ҷумчурии Чех низ таъйид кардаанд.
Ифшои ҷосусони Русия дар Ҷумҳурии Чех
Феҳрасти шахсиятҳое, ки ба истеъфо рафтаанд, хеле барангезанда ба назар мерасад. Дар он номи раиси дафтари низомии раёсати ҷумҳурии Чех, намояндаи ҷумҳурии Чех дар паймони НАТО ва муовини раиси ситоди артиш оварда шудааст. Ҳафтаи гузашта як рӯзномаи Чех аз истеъфои онҳо хабар дод ва ин истеъфо дар ҳоле эълон шудааст, ки як ҷосуси Русия бо дафтари онҳо тамос гирифтааст ва чунин дарз то ҳол дар амнияти низомии Чех собиқа надоштааст.
Агенте бо номи Роберт Рахардо, ки худ шаҳрванди Чех аст, дар як зиндони ин кишвар равоншинос буд. Вай соли гузашта ғайб зад ва эҳтимол меравад, ки дар Русия буд. Рӯзномаи "Mlada Fronta Dnes" ҳафтаи гузашта навишт, як корманди кашфи низомии Чех бо як зани дорои рутбаи низомии майори артиш ошно шудааст, ки вай дар вақтҳои мухталиф раиси шӯъбаи кадрҳои се генерал кор кардааст. Ин хабар кам касонеро дар ҷумҳурии Чех дар тааҷҷуб гузошт ва он ҳам баъд аз он, ки 10 ҷосуси Русия дар Амрико ифшо шудаанд.
"Ман бовар дорам, ки онҳо ин корро дар ҳама ҷо мекунанд, дар Амрико, дар Бритониёи Кабир, дар Амрикои Ҷанубӣ. Ман тааҷуб намекунам ва ба фикрам Ҷумҳурии Чех истисно нест".
Кормандони дипломатӣ ё ҷосус?
То ҳол маълум нест, ки ин ҷосуси Русия чӣ навъ маълумот ҷамъоварӣ карда бошад. Вале хадамоти зидди ҷосусии Чех мегӯянд, ки вай аз солҳо пеш барои онҳо маълум буд. Хадамоти кашфи Чех тахмин мезананд, ки тақрибан як севвуми кормандони дипломатии Русия дар шаҳри Прага, яъне тақрибан 60 нафар ба ҷосусӣ машғуланд.
Хадамоти зидди ҷосусии Чех дар гузориши ахири худ ҳушдор додаанд, ки ҷосусони Русия дар бахши энержӣ фаъолиятҳои худро дар Чех тавсеа мебахшанд, дар бахше, ки ҳоло Русия дар ҷаҳон мавқеи калидиро дар даст дорад. Дар гузориш омадааст, фаъолиятҳои ҷосусии Русия пурқувват ва ҳатто дар баъзе мавридҳо нисбат ба манофеи Чех ҷанбаи хасмона дорад.
Соли гузашта ҳукумати Чех ду дипломати Русияро, ки дар талошҳои Русия барои анҷоми раҳпаймоӣ барои тағйири афкори омма бар зидди бунёди пойгоҳи радар, ки бахше аз сипари зидди мушакии Амрико буд, аз ҷумҳурии Чех ронд. Сипас як корманди вазораи дифои Эстония барои додани асноди НАТО ба Маскав маҳкум шуда буд.
Путин ва хадамоти ҷосусии Русия
Александр Голтс, коршиноси низомии муқими Маскав, мегӯяд, ҳукумати Русия беш аз пеш ба маълумоте такя мезанад, ки аз роҳҳои ҷосусӣ ба даст омадааст ва он нишондиҳандаи рӯҳияи раҳбарони ин кишвар мебошад. Дар садри онҳо Владимир Путин, нахуствазири кунунии Русия ва корманди собиқи КГБ, қарор дорад, ки бисёре аз ҳамрадифони пешини худро ба мақомҳои баланди расмии ҳукуматӣ ва тиҷоратӣ кашондааст. Голтс чунин мегӯяд:
"Ман эҳсос мекунам, ки барои Владимир Путин шинохти ҷаҳон чунин аст: ҳар чӣ ки ошкор гуфта мешавад, аз ибтидо дуруст нест. Ҳақиқат пинҳон аст. Онро бояд аз роҳҳои махсус ба даст овард ва донист".
Дар идомаи суханонаш Голтс мегӯяд, тааҷҷубовар нест, ки хадамоти ҷосусии Русия тамаркузи аслиро ба аъзои нави паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо нигаронидаанд. Вай мегӯяд, кишварҳое, ки дар гузашта ба гурӯҳи кишварҳои урдугоҳи Шӯравӣ дохил мешуданд, мисли ҷумҳурии Чех, аз асноди созмонҳои байналмилалии ғарбӣ огаҳанд ва бидуни гуфтугӯ чунин кишварҳо аз ҳадафҳои аслии ҷосусони Русия дониста мешаванд.
Ярославл Плесл, як рӯзноманигори чех, бо ин гуфтҳо розист. Вай муддате таъсири Русия дар ҷумҳурии Чехро таҳқиқ кардааст ва мегӯяд, Маскав ҳанӯз бар ин андеша аст, ки гӯё ҷумҳурии Чех як навъ марзе миёни иттиҳоди Шӯравии собиқ ва Ғарб мебошад:
"Онҳо мехоҳанд бидонанд, ки Ҷумҳурии Чех барои ҳамкорӣ бо Ғарб чӣ барномаҳо дорад. Онҳо мехоҳанд бидонанд, ки низомиёни Чех ва нирӯҳои амниятии он ба кадом самт пеш мераванд".
Ба гуфтаи Плесл, русҳо талош кардаанд, дар бахшҳои тиҷорат ва иқтисод ҳамкориҳо ва робитаҳояшонро бо тоҷирону сиёсатмадорони чех барқарор ва тавсеа бахшанд. Чунин шеваи фаъолият равиши хеле наву муосир арзёбӣ мешавад.
Як агенти хадамоти кашфи Русия ин генералҳоро барои ҳамкорӣ ҳадаф қарор додааст ва чунин равиши Русия нисбат ба ҷумҳурии Чех гувоҳи он аст, ки Русия нисбат ба ин кишвар стратегияи хасмонаро дар пеш гирифтааст. Ин нуктаро хадамоти кашфи худи ҷумчурии Чех низ таъйид кардаанд.
Ифшои ҷосусони Русия дар Ҷумҳурии Чех
Феҳрасти шахсиятҳое, ки ба истеъфо рафтаанд, хеле барангезанда ба назар мерасад. Дар он номи раиси дафтари низомии раёсати ҷумҳурии Чех, намояндаи ҷумҳурии Чех дар паймони НАТО ва муовини раиси ситоди артиш оварда шудааст. Ҳафтаи гузашта як рӯзномаи Чех аз истеъфои онҳо хабар дод ва ин истеъфо дар ҳоле эълон шудааст, ки як ҷосуси Русия бо дафтари онҳо тамос гирифтааст ва чунин дарз то ҳол дар амнияти низомии Чех собиқа надоштааст.
Агенте бо номи Роберт Рахардо, ки худ шаҳрванди Чех аст, дар як зиндони ин кишвар равоншинос буд. Вай соли гузашта ғайб зад ва эҳтимол меравад, ки дар Русия буд. Рӯзномаи "Mlada Fronta Dnes" ҳафтаи гузашта навишт, як корманди кашфи низомии Чех бо як зани дорои рутбаи низомии майори артиш ошно шудааст, ки вай дар вақтҳои мухталиф раиси шӯъбаи кадрҳои се генерал кор кардааст. Ин хабар кам касонеро дар ҷумҳурии Чех дар тааҷҷуб гузошт ва он ҳам баъд аз он, ки 10 ҷосуси Русия дар Амрико ифшо шудаанд.
Хадамоти кашфи Чех тахмин мезананд, ки сеяки кормандони сафорати Русия дар ин кишвар ба ҷосусӣ машғуланд
Карел Рандак, раиси собиқи хадамоти кашфи хориҷии Чех, мегӯяд, хабарҳои ахир гувоҳи он аст, ки Русия дар ҷумҳурии Чех низ ҷосусӣ мекунад: "Ман бовар дорам, ки онҳо ин корро дар ҳама ҷо мекунанд, дар Амрико, дар Бритониёи Кабир, дар Амрикои Ҷанубӣ. Ман тааҷуб намекунам ва ба фикрам Ҷумҳурии Чех истисно нест".