Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари писаргумкарда аз Озодӣ кӯмак мехоҳад


 Манучеҳр Солеҳов чор сол пеш дар шаҳри Санкт-Петербург бедарак шудааст
Манучеҳр Солеҳов чор сол пеш дар шаҳри Санкт-Петербург бедарак шудааст

Рӯзи панҷшанбе, 5-ӯми август марде ба дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе муроҷеа кард ва гуфт, ки писарашро гум кардааст ва барои пайдо кардани писараш аз радиои Озодӣ кӯмак мехоҳад.

Дар оғози сӯҳбат аз ин мард хостем, ки худро шинос кунад:

-Номи ман Солеҳов Садриддин Аҳмадович.

-Шумо барои чӣ ба дафтари радиои Озодӣ ба Душанбе омадед?

-Ман истиқоматунандаи шаҳри Душанбе, писарам соли 2006 ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия коркунӣ рафта буд. Баъд аз рафтан фақат як бор бо мо гап зад. Моҳи сентябр аз ин сӯҳбати мо 4 сол пур мешавад. Ягон хабар нест....

-Писаратон чӣ ном дорад?


- Солеҳов Манучеҳр Садриддинович.

-Вай ҳам дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст ё дар ноҳияи дигар?

- Дар ноҳияи Ҳисор, дар деҳаи Турдибобо.

-Ва ҳоло шумо чӣ кор кардан мехоҳед?

- Барои ёрдами шумо омадем. Ҳамин мавҷи радиои шумо берун аз ҷумҳурӣ пахш мегардад, барои ҳамин. Ба ман гуфтанд, ки ҳамин радиои Озодӣ ёрдам карда метавонад.

-Писаратон аз шаҳри Санкт Петербург ба ҷои дигар рафтааст ё дар ҳамон ҷост?

- Ҳамин Санкт -Петербург рафтагиша медонем. Дигар ҳич чиз хабар нест.

-Охирон боре, ки ба шумо занг зад кай буд.

-Моҳи октябри соли 2006 буд.

-Ҳамон соле, ки рафта буд.

-Ҳа, ҳа. Дар цехи нонпазӣ кор мекард, метро Пионерский, бозори Долгозённий. Ин бозор ҳоло вуҷуд надорад, соли 2006 вуҷуд дошт. Ҳамон ҷо як моҳ кор кард, дигар ба мо занг назад.

-Оё шумо аз ёру дӯстонаш, аз онҳое, ки ба шаҳри Санкт-Петербург рафту омад доранд ва шумо мешиносед, маълумот гширифтаед ва ба назаратон писаратон дар куҷост ?


-Як ҳамсояи камтар дуртар дар кӯчамон гуфт, ки ман соли 2008 дар пеши бозори Садовий дидам, ба салом. Лекин вай хабар надошт, ки мо писарамонро мекобем. Вай пеш аз писари мо рафта буд. Омад, ҳамин қадар хабар овард.

-Оё шумо дар ҳамин муддат писаратонро ҷустуҷӯ кардед ва агар худи шумо ҳам не, хешовандонатон ё дӯстони писаратон дар шаҳри Санкт-Петербург?
-Ман шаҳри Санкт-Петербург рафта будам. Ҳамаи бозорҳои калонро гаштам, лекин наёфтам.

-Барои ҷустуҷӯ рафта будед?

-Ҳа, бале.

-Оё шумо ба идораҳои пулис муроҷеа карда будед, ному фамилияи писаратонро дода будед?

-Ба милиса не, ба консули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург муроҷеа кардам. Онҳо гуфтанд, ки ягон ёрдам дода наметавонанд.

-Консул он вақт кӣ буд?

- Рости гап, ман номи ҳамон одамро напурсидам. Вай гуфт, ки агар писари шумо ҳуҷҷатҳояшро гум карда бошад, мо барои баргашт ба Ватан справка дода метавонем, барои ҷустуҷӯ ёрдам дода наметавонем.

-Пас шумо ба милиса муроҷеа накардед?

-Муроҷеа кардем, онҳо гуфтанд, ки ҳеҷ ёрдам дода наметонан.

-Аз одамоне, ки бо писаратон кор мекарданд, чӣ маълумот ба даст овардед?

-Ҳамин қадар гап заданд, ки як моҳ бо онҳо кор кардааст, рӯзи истироҳаташ будааст, баромада рафтааст, дигар барнагаштааст. Маълум нест, намедонам... Сумкаашро нагирифтааст...

-Шумо дар Тоҷикистон ба ягон ҷой муроҷеа кардед?

- Ба мақомоти дохилӣ муроҷеа кардам, ягон ёрдам натонистанд... Гуфтанд, ки агар дар дохили Тоҷикистон мешуд, мо ёрдам медодем... Дар хориҷа мо ягон кор карда наметавонем. То ҳатто пеши прократураи ноҳияи Сино даромадам, вай ҳам ба ман ҳамин ҷавоба дод.

Мо баъд аз ин муроҷиати падари писаргумкарда Солеҳов Садриддин билофосила ба Назари Мирзода, консули ҷамъиятии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, занг задем ва дархостро ба вай расондем. Посухи оқои Мирзода чунин аст:

- Нафароне, ки ба шаҳри Санкт-Петербург аз он ҷо омадаанд, бисёр вақт заношон, модарошон ба мо занг мезананд, ки дар он ҷо писарошон ё духтарошон ҳастанд. Вақтҳои ахир заноне меоянд, ки дар Тоҷикистон намегӯянд, ки ба ин ҷо омадаанд. Мо онҳоро дар ин ҷо пайдо мекунем. Мо аз онҳо дархост мекунем, ки ба хона занг зананд ё ба дафтар омада маълумотҳоро мегирем ва ҷавобашро ба Тоҷикистон медиҳем. Дар бораи Солеҳов Манучеҳр, ки ин ҷо шумо ба мо гуфтед, то ҳол касе чизе нанавиштааст. Ман фатман рӯйхатро мебинам, то маълум шавад, ки ба шаҳри санкт-Петербург кай омадааст. Агар дар рӯйхати одмоне, ки дар ФМС сабт шудаанд, ман ба он ҷо ҳам муроҷеа мекунам. Ба идораҳои пулис ҳам занг мезанем, то бифаҳмем, ки оё чунин одам омадааст ва ё дар рӯйхаташон ҳаст ё не. Ба ҳамин роҳ метавонем, ки ин хел бародаронро пайдо кунем.
XS
SM
MD
LG